21.9 C
Dushanbe

Мулоқоти Эмомалӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар Қасри миллат

Рузӣ 29-уми апрели соли ҷорӣ раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар Қасри миллат бо раиси Ассамблеяи парлумонии САҲА Пиа Каум ва мудири Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) бо фосилаи замонӣ мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, дар мулоқоти Эмомалӣ бо хонум Пиа Каум дурнамо ва чигунагии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, бахусус робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Раҳмон таъкид карда, ки САҲА-ро ҳамчун платформаи асосӣ барои муколама дар ченакҳои низомиву сиёсӣ, иқтисодиву муҳитизистӣ ва инсонӣ медонад.

Ҳангоми баррасии ченакҳои мазкур, дар соҳаи амниятӣ ҳамкориҳо барои муқобила бо таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла терроризм муҳим дониста шуда, дар соҳаи иқтисодӣ-муҳитизистӣ тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисод, беҳбуди зерсохторҳо ва масъалаҳои марбут ба захираҳои обиву энергетикӣ мавриди таъкид қарор гирифт.

Дар робита ба масъалаи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд Эмомалӣ аз баробарии ҷинсӣ ва ҳимоят аз занҳо дар муҳити корӣ ишора кардааст.  

Аммо созмонҳои ҳуқуқӣ ва таҳлилгарон рафтори Эмомалиро хилофи гуфтаҳояш медонанду ӯ ва ҳукуматашро ба нақзи ҳуқуқи инсон ва фасодкорӣ дар пешбурди лоиҳаҳои иқтисодӣ муттаҳам мекунанд.

Ҳамзамон, бо нақл аз сомонаи Президен, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамон рӯз бо мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Тсю Донгюй дар Қасри миллат вохӯрӣ дошт.

Дар ин вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва FAO баррасӣ гардид. Бахусус таваҷҷуҳи вежа ба мавзуи ташкили гӯшаи Тоҷикистон дар қароргоҳи ин Созмон карда шуд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони созмонҳои аврупоиву байналмилалӣ ва суҳбат аз ҳимояи ҳуқуқи инсон, бахусус занон дар ҳолест, ки як рӯз пеш созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) Тоҷикистонро ба хотири маҳдуд сохтани озодии баён, таъқибу боздошти фаъолон, мунтақидон, рӯзноманигорони мустақилу дигарандешон интиқод кард. Ин созмон ҳамчунин Тоҷикистонро барои боздоштҳои худсарона, додгоҳии пинҳонӣ ва муҳокимаҳои ноодилонаи паси дарҳои баста кишвари диктотурӣ хондааст.

Солона даҳҳо созмони ҳуқуқӣ Тоҷикистонро барои поймол кардани ҳуқуқи инсонӣ интиқод мекунанд ва Эмомалиро худкома дониста, низоми давлатдорияшро диктотурӣ муаррифӣ мекунанд. Бо вуҷуди он ки ин созмонҳо Тоҷикистонро аз нигоҳи риояи ҳуқуқи инсон дар шохисҳои ҷаҳонӣ дар зинаҳои поинтарин ҷоӣ медиҳанд, вале Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳояш бо ин созмонҳо аз вуҷуди озодии баёну риоя шудани ҳуқуқи шаҳрвандон мегӯяд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Куштори даҳшатнок: дӯсташро кушт ва ҷасадашро пора кард

Дар ноҳияи Файзобод аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як ҳодисаи мудҳиши ҷинояти куштор ошкор гардид, ки ҷомеаро такон дод.

Президент музди командони IT-ро бештар мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон бо имзои фармоне маоши кормандони соҳаи технологияи IT-ро бештар карданист.

Ҷабборов “дӯсташ” Тошиевро ба зиндон меандозад?

Дар Қирғизистон нисбат ба як қатор мансабдорони собиқи баландмақом бо иттиҳоми кӯшиши табаддулоти давлатӣ парванда боз шудааст.

Пулис дар Амрико панҷ ҷавонро барои ғоратгарӣ ва таҷовуз меҷӯяд

Дар шаҳри Филаделфияи Иёлоти Муттаҳидаи Армико пулис аз ҷустуҷӯи панҷ ҷавон хабар медиҳад, ки ба ҳамлаи мусаллаҳона, ғоратгарӣ ва таҷовузи ҷинсӣ гумонбар мешаванд.