21.9 C
Dushanbe

Вокуниши Толибон пас аз сафари Гадоев: Мо бо Тоҷикистон мушкиле надорем

Толибон иддао доранд, ки байни Афғонистон ва Тоҷикистон дар самти амниятӣ ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар суҳбат бо “TOLOnews гуфта, ки Толибон бо сарҳадбонони тоҷик равобити хубе дошта, ҳамкориҳо дар бахши таъмини амният идома доранд ва ҳамаи масъалаҳои вобаста ба муҳофизати марз ва пешгирии қочоқ тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байналмилалӣ ҳаллу фасл мешаванд.

Муҷоҳид дар ин гуфтугӯ таъкид намуд, ки аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ё дигар кишварҳои ҳамсоя ҳеҷ гуна таҳдиде нахоҳад буд.

Вай ҳамчунин муносибатҳоро бо Тоҷикистон “мусбат” арзёбӣ намуда, гуфтааст, ки Кобул кӯшиш дорад бо кишварҳои ҳамсоя эътимоди мутақобиларо таҳким бахшад. Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон мисли ҳамеша ба чунин изҳороти Толибон посухе надода, дар минбарҳои ҷаҳонӣ Афғонистонро манбаи эҳтимолии таҳдидҳои минтақавӣ медонанд.

Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки ҳанӯз бо ҳукумати Толибон пас аз расидани онҳо дар соли 2021 ба қудрат робитаҳои расмӣ надорад, вале фурӯши барқ ба ин кишвар идома дорад. Ва то як соли қабл мухолифони Толибонро дар дохили Тоҷикистон ҷой дода буд.

Ин дар ҳолест, ки кишварҳои дигари минтақа, ба мисли Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон бо Толибон ҳамкориҳои иқтисодӣ ва лоиҳаҳои логистикиро рушд дода истодаанд. Ҳатто ин кишварҳо ба ҷуз Туркманистон Толибонро аз рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ берун кардаанд.

Дар ҳоле намояндаи расмии Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид аз муносибатҳои мусбати амниятӣ бо Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳафтаи гузашта мухолифи тоҷик ва раҳбари Ҷунбиши ислоҳ ва рушди Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев бо сафари корӣ ба Кобул рафта буд. Ба гуфтаи ӯ, ин сафари корӣ бо даъвати маркази таҳлилии Sahar Discourse Center анҷом шуд ва ҳадафи он рушди ҳамкории ҷомеаҳои шаҳрвандии Тоҷикистону Афғонистон аст.

Гадоев мегӯяд, дар ин сафар чандин мулоқотҳоро бо намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии афғонӣ баргузор карда ва масъалаҳои таҳкими субот ва ҳамкориро баррасӣ намудааст.

Маълум нест, ки ин мухолифи тоҷик бо намояндагони ҳукумати Толибон вохӯрии расмӣ анҷом додааст ё на. Худи Толибон низ то ҳол сафари ӯро шарҳ надодаанд. Аммо ба гуфтаи коршиносон, ин сафар наметавонист бе иҷозати Толибон, ки зимоми қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, сурат бигирад.

Ҳукумати расмии Тоҷикистон низ дар ин бора ҳеҷ изҳороте надодааст. Вале Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси масоили сиёсӣ ва ҳомии сиёсатҳои раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафари Гадоев ба Кобулро “манфӣ”, “шубҳаовар”, “хатарбор” ва “як хиҷолати миллӣ” гуфта буд.

“Чун дар ин шароит бе ҳамкории наздик бо гурӯҳи “Толибон” ва бе ҳамоҳангии хадамоти махсуси кишварҳои таъсиргузор сафари шахси фаъоли сиёсии хориҷӣ ба Афғонистон ҳаргиз имконпазир нест, бе шубҳа анҷом шудани ин гуна сафар ва хоса бар зидди Тоҷикистон ва низоми сиёсии кишвар равона шудани он, барои ҳамаи тоҷикон дар ҳамаи ҷаҳон паёми шум ва манфист” – иддао кардааст Абдуллоҳи Раҳнамо.

Аммо худи Шарофиддин Гадоев дар суҳбатҳояш гуфта буд, ки ҳадаф аз ин сафар таҳияи механизмҳои муштарак барои таъмини субот, муқовимат ба ифротгароӣ дар минтақа, тавсеаи муколамаи мустақим байни ҷомеаҳои шаҳрвандии Тоҷикистону Афғонистон ва тақвияти равобити бародарона байни сокинони ду кишвар гуфта мешавад.

Инчунин роҳбари ҶИРТ изҳори умедворӣ карда буд, ки бо оғози ин гуфтушуниду ҳамкориҳо битавонанд дар Афғонистон фаъолиятҳои сиёсӣ ва фарҳангиро ба роҳ монад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Даргирӣ ва қатли нозирони роҳ дар Доғистон

Дар як даргирии мусаллаҳона дар Доғистон чанд сокини маҳаллӣ 3 пулиси роҳро куштанд.

Аҳолии Ғазза дар се рӯз як ваъда хӯрок мехӯранд

Дар натиҷаи бастани гузаргоҳҳои марзӣ аз сӯи артиши Исроил ва пешгирӣ аз вуруди кумакҳои инсонӣ ба Ғазза, қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар ин борика ба сатҳи бисёр хатарнок расидааст.

Ҷавони тоҷик аз Австрия истирдод ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шуд

Тоҷикистон як сокини ноҳияи Шаҳритӯсро, ки аз Австрия истирдод шуда буд, ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Раиси фурӯдгоҳи Душанбе бо иттиҳоми дуздии пули калон боздошт шуд

Мақомот собиқ раиси Фурӯдгоҳи байнулмилалии Душанбе Исматулло Абдуллозодаро ҳамроҳи муовинонаш боздошт кардаанд.