Ҳамлаи Ҳиндустон ба Покистон. Оғози ҷанг байни ду кишвари ҳастаӣ

Шоми сешанбе, 6-уми майи соли ҷорӣ артиши Ҳиндустон эълом кард, ки ба 9 мавзеъ дар Кашмири Покистон ҳамла кардааст.

Ба гуфтаи артиши ин кишвар, ҳамлаи низомӣ ба Покистон дар посух ба ҳамлаи маргбори охири моҳи апрел ба Кашмири Ҳиндустон буд, ки дар он 26 нафар кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шуда буд.

Бино ба иттилои мақомотҳои покистонӣ, Ҳиндустон се ҳамлаи мушакӣ ва 24 ҳамлаи ҳавоӣ ба шаш минтақа дар Кашмири Покистон анҷом додааст, ки дар натиҷа 26 ғайринизомӣ, аз ҷумла чанд кӯдак кушта ва ҳадди ақал 46 тани дигар захмӣ шудаанд. Ин кишвар мегӯяд, Ҳиндустон ба масҷидҳо ва мадрасаҳо ҳаҷум карда, танҳо 13 нафар дар як ҳамлаи он ба масҷиди Баҳавалпури Кашмири Покистон ҷони худро аз даст додаанд.

Ба гузориши “Ройтерз” ба нақл аз шоҳидон, субҳи чаҳоршанбе садои чандин инфиҷор дар нуқтаҳои гуногуни Кашмири зери назорати Покистон шунида шудааст.

Давлати Ҳиндустон дар баёнияе гуфт, ки артиши ин кишвар амалиёти “Сандур”-ро оғоз карда ва “зерсохторҳои террористӣ” дар Покистон ва Кашмирро ҳадаф қарор додааст.

Артиши Ҳинд иддао карда, ки “ҳамлаҳои террористӣ алайҳи кишварашон дар ин минтақаҳо тарҳрезӣ ва роҳбарӣ мешудаанд.”

Дар ҳамин ҳол Аҳмад Шариф Чаудрӣ, сухангӯи артиши Покистон ин ҳамлаҳоро “таҳрики нафратангез” номид ва гуфт: “Мо дар замон ва маконе, ки худамон муайян мекунем, ба ин ҳамлаҳо ҷавоб хоҳем дод.”

Кумитаи амнияти миллии Покистон имрӯз пас аз як ҷаласаи изтирорӣ бо нашри баёнияе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки Ҳиндустон ба хотири ҳамлаҳое, ки алайҳи ин кишвар анҷом додааст, ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Дар баёния омадааст: “Кумитаи амнияти миллии Покистон аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват мекунад, ки хатари аъмоли ғайриқонунӣ ва беасоси Ҳиндустонро дарк кунанд ва онро барои нақзи меъёрҳо ва қонунҳои байналмилалӣ ба посухгӯӣ кашанд.”

Ба гузориши CNN, манобеи амниятии Покистон иддао карданд, ки нерӯҳои ин кишвар панҷ ҳавопаймои ҷангӣ ва як ҳавопаймои бесарнишини артиши Ҳиндустонро дар ҷараёни ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Покистон сарнагун кардаанд.

Артиши Покистон дар баёнияе эълом кард, ки се ҳавопаймои ҷангии “Рафал” (сохти Фаронса), як ҳавопаймои МиГ-29 ва як ҳавопаймои Су-30 дар як “иқдоми дифоӣ” сарнагун кардаанд.

Субҳи рӯзи чоршанбе Покистон бо чанд мушак ба баъзе мавзеъҳо дар Ҳиндустон ҳамла кард. Артиши Ҳиндустон имрӯз эълом кард, ки 10 нафар дар Кашмири таҳти назорати ин кишвар дар ҷараёни ҳамлаи Покистон кушта ва 48 нафари дигар захмӣ шуданд.

Артиши Ҳиндустон бо нашри изҳороте гуфт: “Покистон бори дигар бо шилики тӯпбхона ба минтақаи Бимбер Гулӣ, воқеъ дар ноҳияи Пунч-Раҷурии тарафи Ҳинд созиши оташбасро нақз кард. Артиши Ҳиндустон посухи муносиб ва санҷидашуда медиҳад.”

Дар ҳамин ҳол ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳарду тарафи даргир талаб кардаанд, ки дар посух ба якдигар “хештандорӣ кунанд” ва ҳарчи зудтар масъалаҳоро бо роҳи дипломатӣ дар сари мизи музокирот ҳаллу фасл кунанд.

Танишҳо миёни ин ду ҳамсояи дорои силоҳи ҳастаӣ пас аз ҳамлаи мусаллаҳонаи маргбор дар рӯзи 22-юми апрели соли ҷорӣ дар Кашмири Ҳиндустон шиддат ёфт.

Ҳиндустон гурӯҳи ниманизомии “Лашкари Тайиба”-ро масъули ин ҳамла медонад ва Исломободро ба ҳимоят аз ин ҳамлаи маргбор муттаҳам мекунад. Покистон ин иттиҳомро шадидан рад мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти зани маъюб: Хонаамро гирфтанд ва худамро террорист эълон карданд

Холматова Гулчеҳра, зани маъюби 58-сола иддао дорад, ки мақомоти додситонии кишвар ба ноҳақ зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро дар ҷустҷӯ қарор додаанд.

Аврупо бар зидди муҳоҷирон сахтгиртар мешавад

Парлумони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 17-уми июн қонуни наверо тасвиб кард, ки тағйироти сахтгиронатаре дар сиёсати муҳоҷиратии ин иттиҳод дар солҳои охир ба ҳисоб меравад.

Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит аз шиканҷа шудани ӯ дар зиндон хабар медиҳанд

Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит, зиндонии сиёсӣ ва собиқ муовини раиси НИТ аз вазъ ва шароити нигаҳдории ӯ дар зиндон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Трамп ва Пизишкиён тафоҳумномаи миёни ИМА ва Эронро имзо карданд

Президенти Амрико Доналд Трамп ва президенти Эрон Масъуд Пизишкиён тафоҳумномаи миёни ду кишварро имзо кардаанд.