18.7 C
Dushanbe

Ҷанги Русия ва Украина ба поён мерасад?

Москва пешниҳод кард, ки музокирот бидуни ягон шартҳои муқаддамотӣ оғоз шавад, аммо Киев аввал мулоқоти рӯбарӯ бо Путинро талаб кард.

Шаби 11-юми май Владимир Путин, расиҷумҳури Русия дар изҳороте гуфт, ки бо пешниҳоди Амрико барои оташбас бо Украина розӣ аст, аммо “бидуни шартҳои муқаддамотӣ.”

Путин ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар ду моҳи охир Русия се бор – аз 18 март барои 30 рӯз, аз 19 то 21 апрел ва аз 8 то 11-уми май ба муносибати 80-солагии Ҷашни Ғалаба пешниҳоди оташбаси муваққат додааст, аммо Украина ба ин пешниҳодот пойбанд набуд.

Раисҷумҳури Русия афзуд, ки дар музокироти қарибулвуқуе, ки қарор аст дар Истамбули Туркия доир гардад, мумкин аст дар бораи оташбаси воқеӣ, ки ҳам аз тарафи Русия ва ҳам аз тарафи Украина риоят шавад, мувофиқат кунанд. Ӯ таъкид намуд, ки ин музокирот метавонад қадаме “ба сӯи сулҳи дарозмуддат ва устувор” бошад.

Дар навбати худ Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина эълом кард, ки омодааст 15-уми май барои дидори рӯбарӯ бо Путин ба Истанбул сафар кунад. Ӯ гуфт: “Дигар далиле барои идомаи куштор вуҷуд надорад. Ман шахсан рӯзи панҷшанбе дар Туркия мунтазири Путин хоҳам буд.”

Ризоияти Путин дар бораи сари мизи музокирот нишастан бо ҷониби Украина дар Истамбул чанд соат пас аз он садо дод, ки гурӯҳе аз раҳбарони кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла нахустзирони Британия Кир Стармер, Олмон Фридрих Мертс, Лаҳистон Доналд Туск ва раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ба Киев сафар карда, онҷо тарҳи музокиротии худро пешниҳод карданд.

ٌКишварҳои ғарбӣ барои сулҳ ва эълони оташбас байни Русия ва Украина чунин пешниҳод кардаанд:

. Аз 12-уми май “оташбас пурра ва бе ягон шарт барои ҳадди ақал 30 рӯз” ҷорӣ шавад. Дар ин муддат фурсат дода шавад, то байни ҷонибҳо гуфтугӯҳои дипломатӣ сурат бигирад ва ба сулҳ розӣ шаванд.

. Назорат бар раванди оташбас ва халал ворид нашудан ба он аз тариқи ҳаво, баҳр ва замин бояд дар ҳамоҳангӣ бо ИМА сурат гирад;

. Кафолатҳои амнияти Украина бояд дар шакли гурӯҳи сулҳбон бошад;

. Агар Русия ин тарҳро рад кунад, зидди системаҳои бонкию энергетикии он “тадбирҳои сахти манъкунанда” ҷорӣ мешавад.

Ба гуфтаи Макрон, Амрико омодагии пурраи худро барои пуштибонӣ аз ташаббус баён дошта ва Доналд Трамп ҳам пешниҳод дода, ки назорати оташбас “асосан аз ҷониби ИМА таъмин шавад ва дар ин раванд тамоми кишварҳои аврупоӣ иштирок хоҳанд кард”.

Шабакаи амрикоии NBC бо такя ба манобеи ғарбӣ хабар дод, ки Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Украина тарҳи оташбасро, ки 22 бандро дар бар мегирад, барои ҳалли низоъ байни Украина ва Русия таҳия кардаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сурати рад кардани оташбас аз ҷониби Русия, кишварҳои аврупоӣ омодаанд ҳам кумакҳои молиявӣ ва ҳам низомии худро ба Украина идома диҳанд ва ҳамзамон ҷорӣ кардани таҳримҳоро болои низомиёни Русия шиддат бахшанд.

Ёдовар мешавем, ки Русия аз 22-юми феврали соли 2022 ҳамлаи худро ба Украина оғоз кард. То кунун шаҳрҳои Донетск ва Луганск ва қисмате аз шаҳрҳои Запарожеро таҳти тасарруфи худ даровардааст. Ва яке аз шартҳои асосии Русия барои поён додани ҷанг, ин бознагардондани заминҳои тасарруфкардааш мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши “рейд”-и муҳоҷирон дар Челябинск

Дар вилояти Челябински Русия тафтиш ва амалиётҳои махсуси мақомоти қудратӣ болои муҳоҷирони корӣ афзоиш ёфтааст.

Кушта шудани чанд коргари афғон дар Тоҷикистон

Ба иттилои расонаҳо, 8 шаҳрвнади Афғонистон дар пайи як таркише дар кони истихроҷи ангишт воқеъ дар вилояти Суғди Тоҷикистон ҷон бохтаанд. 

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.