Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.

Тавре Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ин масъала дар музокироти вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё дар Бангкоки Таиланд баррасӣ шудааст.

Дар мулоқот Антонелла Бассанӣ, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ ва Вемпи Сапутра, ноиби президенти Бонки рушди Осиё ширкат доштаанд.

Ҷонибҳо ҳамоҳангсозии маблағгузории “Роғун” ва истифодаи расмиёти муштаракро баррасӣ кардаанд. Ин равиш бояд такрори санҷишу ҳуҷҷатгузориро кам карда, татбиқи лоиҳаро суръат бахшад.

Бо вуҷуди эълони ин нақша, дар иттилоияи бознашршуда аз тасдиқи ниҳоӣ ва замони пардохти маблағ хабар дода нашудааст. Ҳамчунин, муҳлати бозпардохт ва меъёри дарсади қарзи пешбинишуда зикр нашудааст.

Ин бори аввал нест, ки чунин маблағгузорӣ эълон мешавад. “Ховар” ҳанӯз 8-уми майи соли 2025 бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ хабар дода буд, ки Бонки рушди Осиё омодагиашро барои ҷудо кардани 500 миллион доллар ба “Роғун” тасдиқ кардааст. Эълони онвақта низ дар бораи омодагии бонк буд.

Дар ҳамин ҳол, Бонки ҷаҳонӣ 30-юми июни соли 2026 тасдиқи гранти ҷудогонаи 300-миллиондоллариро барои марҳилаи дувуми маблағгузории “Роғун” эълон кардааст. Ин маблағ барои корҳои сохтмонӣ, таҷҳизоти нерӯгоҳ ва чораҳои иҷтимоию экологӣ, аз ҷумла кӯчондан ва барқарорсозии манбаъҳои даромади хонаводаҳои осебдида пешбинӣ шудааст.

Тибқи маълумоти “Азия-Плюс”, барои сохтмони нерӯгоҳ дар соли 2026 маблағи 11,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Расона бо истинод ба арзёбии моҳи августи Ожонси байналмилалии радабандии “S&P Global Ratings” менависад, ки барои анҷоми сохтмон ҳанӯз тақрибан 5,8 миллиард доллар зарур аст.

Бояд гуфт, НБО “Роғун” бо иқтидори пешбинишудаи 3780 мегаватт нерӯи барқ, яке аз бузургтарин нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ дар минтақа ба ҳисоб рафта, сохтмони он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ наздик ба 20 сол аст идома дорад. Бонки ҷаҳонӣ интизор дорад, ки нерӯгоҳ ба коҳиши камбуди барқи зимистона ва афзоиши содироти неру мусоидат мекунад. Аммо иҷрои ин ҳадафҳо ба анҷоми сохтмон ва таъмини маблағгузории боқимонда вобаста аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Асадулло Бобоев баъди ихроҷ аз Олмон дар Тоҷикистон ба 17 соли зиндон маҳкум шуд

Асадулло Бобоев, ки моҳи июни соли ҷорӣ аз Олмон ихроҷ ва пас аз расидан ба Душанбе боздошт шуда буд, ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст.

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.