Афзоиши “рейд”-и муҳоҷирон дар Челябинск

Дар вилояти Челябински Русия тафтиш ва амалиётҳои махсуси мақомоти қудратӣ болои муҳоҷирони корӣ афзоиш ёфтааст.

“Рейд”-ҳо дар макони ҷамъшавии муҳоҷирон бо иштироки кормандони идораҳои минтақавии ФСБ, ВКД, ОМОН-и Росгвардия ва намояндагони комиссариати ҳарбии маҳаллӣ баргузор шудаанд.

Гуфта мешавад, дар рафти ин амалиётҳо зиёда аз 320 муҳоҷир ва нафароне, ки ба наздикӣ шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, тафтиш шуда, ба 13 нафар даъватномаи ҳарбӣ додаанд.

Ин рейдҳо асосан дар хобгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, бозорҳо ва анборҳо баргузор гардида, мақомот чандин муҳоҷирро низ бо иттиҳоми вайрон намудани қоидаҳои будубош аз Русия ихроҷ кардаанд. Шумораи дақиқи ихҷроҷшудаҳо аз Челябинск маълум нест, аммо мақомот мегӯянд, аз аввали соли 2025 дар ин минтақа беш аз 4,5 ҳазор қонуншикании маъмурӣ дар соҳаи муҳоҷират ба қайд гирифта шуда, барои 854 нафар вуруд ба Русия манъ карда шудааст.

Инчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми тафтиш як утоқи намозгузории – ба гуфтаашон ғайриқонуниро ошкор намуда, аз рӯи ин ҳолат бо гумони вайрон кардани қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, таҳқиқоти маъмуриро оғоз кардаанд.

Гуфта мешавад, дар рафти ин “рейд”-ҳо русҳо низ мавриди санҷиш қарор гирифта, нисбати як нафар бо иттиҳоми сабти ғайриқонунии 25 муҳоҷир дар хонааш парванда боз шуда, 4 нафари дигарро барои бардурӯғ ба кор қабул кардани муҳоҷирон 100 ҳазор рублӣ ҷарима ва барои аз 2 то 3 сол равонаи зиндон кардаанд.

Ҳамзамон дар вилояти Челябинск, Кумитаи тафтишот, ки раҳбарии ин ниҳодро Александр Бастрикин бар уҳда дорад, пас аз шикояти миллатгароҳои рус нуқтаҳои савдои кӯчагиро, ки бештар муҳоҷирон дар он фаъолият мекунанд, мавриди санҷиш қарор медиҳад.

Бо вуҷуди ин, дар вилоят Маркази мутобиқсозии иҷтимоӣ ва фарҳангии муҳоҷирон таъсис дода мешавад. Барои амалӣ кардани ин лоиҳа зиёда аз 54 миллион рубл ҷудо гардидааст, то муҳоҷирон бо қонунгузории маъмурӣ, ҷиноятӣ ва қоидаҳои муҳоҷират, инчунин дар бораи меъёрҳои рафтор ва иҷрои ойинҳои динӣ дар Русия шинос шаванд.

Бояд гуфт, чандест дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, мақомоти ин кишвар бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронида, нисбати муҳоҷирон бадрафторӣ карда, онҳоро латтукӯб мекунанд ва асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Тоҷикистонро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор карда истодаанд.

Инчунин дар ин муддат чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи чанд донишҷӯ барои иштирок накардан дар “маршировка”

Чанд донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба хотири иштирок накардан дар "маршировка" аз донишгоҳ ихроҷ шуданд.

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.