Навҷавон аз дохили мошин беш аз 2 ҳазор долларро дуздид

Пулиси шаҳри Душанбе як навҷавони 17-солаи сокини ноҳияи Аштро бо гумони дуздии беш аз 2 ҳазор доллар дар ҳудуди ноҳияи Варзоб боздошт кард.

Мақомоти пулиси Душанбе мегӯяд, боздошти ин навҷавон бар асоси шикояти як сокини 60-солаи шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, марди 60-солаи сокини шаҳри Душанбе ба пулис хабар додааст, ки рӯзи 10 августи соли 2025 аз дохили мошини шахсиаш, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чорбоғ гузошта шуда буд, 2 ҳазору 350 доллари амрикоӣ дуздида шудааст.

Гуфта мешавад, пас аз анҷоми чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ин ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Ашт ҳамчун гумонбар дастги шудааст. Ҳоло тафтишот оид ба ин қазия идома дорад.

Аз хабарҳое, ки сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ нашр мекунад, маълум аст, ки ҷиноятҳои дузди миёни ҷавонон зиёд шудааст. Коршиносон мегӯянд, ки дур мондан аз тарбия ва назорати оилавӣ яке аз омилҳои аслии чунин амалҳост. Ба гуфтаи онҳо, қисми муайяне аз ҷавонон зери таъсири муҳити носолим ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, роҳи осон ба даст овардани пулро дар дуздиву қаллобӣ мебинанд.

Аммо гурӯҳи дигаре аз таҳлилгарон бар онанд, ки вазъи бади иқтисодӣ ва норасоии ҷойҳои кор, бахусус барои ҷавонон сабаби афзоиши чунин ҷиноятҳо дар ҷомеа гаштааст. Афзоиши нархи маҳсулоти рӯзгор, мушкили дастрасӣ ба маоши муносиб ва набудани имкониятҳои рушди шахсӣ бисёре аз ҷавононро ба роҳи ҷиноят мебарад.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки барои пешгирии чунин ҳолатҳо зарур аст, ки ҳам дар сатҳи оила ва ҳам дар сатҳи давлатӣ чораҳои ҷиддӣ андешида шавад, аз ташкили барномаҳои таълимиву маърифатӣ то фароҳам овардани ҷойҳои кори доимӣ ва муҳити солим барои наврасону ҷавонон роҳандозӣ шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.