Путин сиёсати нави муҳоҷиратии Русияро тасдиқ кард

Мақомоти Русия бо қабули қарорҳои нав талош доранд дар баробари муҳоҷирон сиёсатҳои наверо ҷорӣ кунанд.

15-уми октябри соли ҷорӣ, раисҷумҳури Русия Владимир Путин “Консепсияи сиёсати муҳоҷиратии Русия барои солҳои 2026–2030”-ро, ки дар панҷ соли оянда қоидаҳои нав ва рафтор бо муҳоҷиронро муайян мекунад, имзо кард.

Мақомоти Русия иддао доранд, ки мақсади асосии ин консепсия кам кардани шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва паст кардани сатҳи ҷиноят миёни онҳо аст. Тибқи ин санад, агар аъзои оилаи муҳоҷирон дар Русия кор накунанд ё таҳсил накунанд, вақти будубоши онҳо маҳдуд мешавад.

Инчунин мақомоти рус мехоҳанд шумораи кӯдакони шаҳрвандони хориҷиро, ки ба мактаб намераванд кам кунанд ва барои назорат аз болои муҳоҷирон бештар аз технологияҳои рақамӣ ва биометрия истифода баранд.

Тибқи сиёсати нав дар Русия намегузоранд, ки дар шаҳрҳо маҳаллаҳои ҷудо барои муҳоҷирон пайдо шаванд ва корфармоён дар ин кишвар барои қонунӣ кардани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ҷавобгар мебошанд.

Вале дар Русия ба он шаҳрвандони хориҷие, ки “арзишҳои анъанавӣ ва фарҳанги русиро эҳтиром мекунанд”, имкониятҳои беҳтаре дода мешавад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки бо қабули сиёсати нави муҳоҷиратии Русия назорат болои муҳоҷирон ва ҳатто корфармоён бештар гашта, талабот саххтар мешавад ва барои хешу табори муҳоҷирон ба даст овардан ё дароз кардани ҳуқуқи иқоматашон душвортар мегардад. Онҳое, ки натавонанд мақоми таҳсил ё шуғлро исбот кунанд, бо ихроҷ ва ё маҳдудияти вуруд рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар вокуниш ба ин консепсия дар фейсбук навишта, ки Конститутсияи Русия ҳуқуқи озодии ҳаракат ва интихоби ҷойи зистро медиҳад ва аз маҳдудиятҳои ҷорӣ барои муҳоҷирон ҳайрон аст. Ӯ таъкид намуд, ки наметавон оилаҳоро ҷудо кард ва онҳоро манъ намуд, ки дар ҷойе зиндагӣ кунанд, ки харидаанд, ҳатто агар ҳамсояҳо мехоҳанд онҳоро кӯчонанд.

Ёров инчунин ба мушкилоти дастрасӣ ба мактабҳо ва боғчаҳо, инчунин мушкил будани имтиҳонҳо ишора карда гуфтааст, ки ҳатто русҳо аз кишварҳои ИДМ бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, зеро имтиҳонҳо мураккабанд ва ҷой дар боғчаҳо ва мактабҳо дар шаҳрҳои калон кам аст. Ин ба волидон имкон намедиҳад, ки кор кунанд ва ба кӯдакон ҳам таълим гирифтан душвор мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, бояд барои кӯдакони муҳоҷирон имкони омӯзиши забон ва таҳсил фароҳам оварда шавад, то онҳо дар оянда осонтар мутобиқ шаванд ва мушкилот пеш наояд.

Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда, ки муҳоҷирон бо заҳмат пул кор мекунанд, андоз месупоранд ва қисми зиёди даромадашонро дар Русия сарф мекунанд, ки ба буҷет ва рушди иқтисоди Русия манфиат меорад.

Қаримҷон Ёров таъкид намуда, ки маҳдудиятҳои ҷорӣ на танҳо ҳуқуқҳои инсонро маҳдуд мекунанд, балки ба ҳамроҳшавӣ ва мутобиқшавии муҳоҷирон ба фарҳанг ва анъанаҳои кишвари қабули онҳо халал мерасонанд, зеро монеаҳои сунъӣ барои онҳо эҷод карда мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.