Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни хонандагони мактабҳо изҳори нигаронӣ намуда, пешниҳод кард, ки ин масъала мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Ба гуфтаи ӯ, истифодаи беназорати шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои ҳушманд метавонад ба таҳсил, солимии равонӣ, ҳофиза, хоб ва рушди ҷисмонии кӯдакону наврасон таъсири манфӣ расонад. Президент барои таъйиди суханонаш гуфт, ки бархе гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ низ ба чунин паёмадҳо ишора кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор супориш дод, ки дар муҳлати се моҳ масъалаи истифодаи телефонҳои ҳушманд, шабакаҳои иҷтимоӣ ва зеҳни сунъиро аз ҷониби хонандагон омӯхта, барои танзими он ба ҳукумат пешниҳодҳои мушаххас ироа намоянд.

Ин пешниҳод дар ҳоле матраҳ мешавад, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ аз ҷониби хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи Тоҷикистон аллакай тибқи қонун манъ аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” истифодаи телефонҳои мобилиро аз ҷониби хонандагон ҳангоми таҳсил маҳдуд мекунад ва дар мактабҳо риояи ин талабот ҳатмӣ мебошад.

Дар солҳои охир масъалаи маҳдуд кардани дастрасии ноболиғон ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар баъзе кишварҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Австралия қонунеро қабул кардааст, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои шахсони то 16-сола маҳдуд мекунад. Дар чанд кишвари дигар, аз ҷумла Олмон, Фаронса ва Норвегия низ пешниҳодҳо барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои синнӣ ё тақвияти назорати волидайн баррасӣ мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.