15.9 C
Dushanbe

Задухӯрди навбатӣ миёни марзбонони Тоҷикистон ва Толибон

Миёни нерӯҳои Толибон ва марзбонони Тоҷикистон даргирии мусаллаҳони навбатӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои расонаҳои афғонӣ, муноқиша 25-уми октябри соли ҷорӣ, дар ноҳияи Шаҳрибузурги вилояти Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон бар сари тағйири маҷрои рӯди Ому ба иллати заршӯйӣ рух дода, дар он чанд нафар кушта шудаанд, аммо шумори дақиқи кушташудаҳо ва захмиён маълум нест.

Бо гузашти ду рӯз аз ин ҳодиса Тоҷикистон ва Толибон дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24-уми августи соли ҷорӣ низ байни марзбонони Тоҷикистон ва Толибон дар нуқтаи марзии Дованги вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон ҳаммарз аст, задухӯрд сурат гирифта, 1 нерӯи марзбонии Толибон кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шуда буд.

Он даргирӣ низ бар асари тахриби маҷрои дарёи Панҷ аз тарафи ширкатҳои истихроҷи маъдани Афғонистон сурат гирифта буд.

Пас аз ин даргирӣ дар расонаҳо наворе нашр гардид, ки дар он марзбонони тоҷик бо марзбонони Афғонистон барои анҷоми музокира гирди мизе нишастаанд ва гуфтугӯяшон тунду доғ буд.

Бояд гуфт, задухӯрди ахир миёни марзбонони Тоҷикистон ва Толибон дар ҳоле сурат мегирад, ки 23-юми октябри соли ҷорӣ Юсуф Вафо волии Толибон дар вилояти Балх бо даъвати расмӣ ба Душанбе сафар карда, бо мақомоти амниятӣ ва марзбонии кишвар, аз ҷумла бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ дошт.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи густариши равобити дипломатӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва илмӣ миёни Душанбе ва Кобул таъкид карда, мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ, муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ ва шабакаҳои қочоқи маводи мухаддирро авлаияти кори худ донистанд. 

Дар ин дидор Саймумин Ятимов, раҳбари КДАМ-и Тоҷикистон ваъда дод, ки аз хоки кишвар ҳеч фаъолияте бар зидди Толибон анҷом нахоҳад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тасвиби созишномае, ки кори муҳоҷирони тоҷикро осон мекунад

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро пеш аз сафар ба Русия дарёфт кунанд.

Пизишкиён: Баъзе давлатҳо аллакай барои миёнҷигарӣ иқдом карданд

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мегӯяд, ки бархе кишварҳо барои оғози гуфтугӯҳо дар мавриди оташбас иқдом кардаанд.

Дар Исроил коргари тоҷик пас аз паҳн шудани навораш боздошт шуд

Пулиси Исроил як тоҷики зодаи Узбекистонро, ки дар ин кишвар ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият мекард, пас аз паҳн шудани як навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кардааст.

Баррасии дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон

Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таҳкими равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию технологӣ дар Душанӣе баргузор шуд.