Задухӯрди навбатӣ миёни марзбонони Тоҷикистон ва Толибон

Миёни нерӯҳои Толибон ва марзбонони Тоҷикистон даргирии мусаллаҳони навбатӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои расонаҳои афғонӣ, муноқиша 25-уми октябри соли ҷорӣ, дар ноҳияи Шаҳрибузурги вилояти Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон бар сари тағйири маҷрои рӯди Ому ба иллати заршӯйӣ рух дода, дар он чанд нафар кушта шудаанд, аммо шумори дақиқи кушташудаҳо ва захмиён маълум нест.

Бо гузашти ду рӯз аз ин ҳодиса Тоҷикистон ва Толибон дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24-уми августи соли ҷорӣ низ байни марзбонони Тоҷикистон ва Толибон дар нуқтаи марзии Дованги вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон ҳаммарз аст, задухӯрд сурат гирифта, 1 нерӯи марзбонии Толибон кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шуда буд.

Он даргирӣ низ бар асари тахриби маҷрои дарёи Панҷ аз тарафи ширкатҳои истихроҷи маъдани Афғонистон сурат гирифта буд.

Пас аз ин даргирӣ дар расонаҳо наворе нашр гардид, ки дар он марзбонони тоҷик бо марзбонони Афғонистон барои анҷоми музокира гирди мизе нишастаанд ва гуфтугӯяшон тунду доғ буд.

Бояд гуфт, задухӯрди ахир миёни марзбонони Тоҷикистон ва Толибон дар ҳоле сурат мегирад, ки 23-юми октябри соли ҷорӣ Юсуф Вафо волии Толибон дар вилояти Балх бо даъвати расмӣ ба Душанбе сафар карда, бо мақомоти амниятӣ ва марзбонии кишвар, аз ҷумла бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ дошт.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи густариши равобити дипломатӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва илмӣ миёни Душанбе ва Кобул таъкид карда, мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ, муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ ва шабакаҳои қочоқи маводи мухаддирро авлаияти кори худ донистанд. 

Дар ин дидор Саймумин Ятимов, раҳбари КДАМ-и Тоҷикистон ваъда дод, ки аз хоки кишвар ҳеч фаъолияте бар зидди Толибон анҷом нахоҳад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.