4.9 C
Dushanbe

Нооромӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон боз ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифтаву чанд нафар кушта шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 27-уми ноябр бо нашри баёнияе гуфта, ки шаби 26-уми ноябри соли ҷорӣ аз хоки Афғонистон ба қароргоҳи кормандони як ширкати истихроҷи тило бо номи “Шоҳин СМ” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон “бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо норинҷак” ҳамла сурат гирифтааст.

Дар натиҷа се корманди ширкати “Шоҳин СМ”, ки шаҳрвандони Чин будаанд, кушта шудаанд, вале дар бораи захмиён чизе гуфта нашудааст.

ВКХ-и кишвар, ин ҳамларо қотеона маҳкум намуда, аз “Толибон”-и ҳоким дар Афғонистон хостааст, барои таъмини суботу амният дар сарҳад “тадбирҳои муассир биандешад”.

Маълум нест, ин ҳамла аз ҷониби кадом гурӯҳ сурат гирифтааст, аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки “бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гуруҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд”.

Бояд гуфт, моҳи ноябри соли 2024 маҳз дар ҳамин минтақа гурӯҳҳои мусаллаҳ дар сарҳад ба шаҳрвандони Чин ва як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамла карда, як шаҳрванди Чинро куштаву панҷ тани дигарро захмӣ карда буданд.

То ҳол Толибон, ки зимоми қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, дар бораи ҳамлаи ахир чизе нагуфтаанд, аммо Вазорати умури дохилии “Толибон” дар як баёнияи расмӣ имрӯз, 27-уми ноябр хабар додааст, ки ҳайате аз Толибон бо раҳбарии волии вилояти Бадахшони Афғонистон ва Мавлавӣ Абдулманнон Ҳасан, яке аз фармондеҳони нерӯҳои марзбонии ин кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон сафар карда, бо мақомдорони Тоҷикистон, аз ҷумла Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ масоили ҳамкорӣ дар посбонии марзро баррасӣ кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора мисли ҳамеша чизе нагуфтаанд.

Гуфта мешавад, задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар як соли охир афзуда, пештар расонаҳо аз чанд ҳолати задухӯрд миёни марзбонон бар сари тағйири маҷрои рӯди Ому ба иллати заршӯйӣ ва кушта шудани чанд нафар хабар дода буданд. Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон дар ин муддат аз беш аз 10 ҳолати убури ғайриқонунии марзи Афғонистону Тоҷикистон аз ҷониби қочоқбарон ва кушта шудани онҳо хабар дода буд.

Зиёд шудани задухӯрдҳо ҳам миёни марзбонон ва ҳам қочоқбарон дар марзи Тоҷикистон Афғонистон дар ҳолест, ки рафту омад ва мулоқоти мақомдорони Тоҷикистон ва Афғонистон ба кишварҳои ҳамдигар зиёд шуда, онҳо бештар аз ҳама масоили марзӣ ва мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кардаанд.

Аз ҷумла 17-уми ноябри соли ҷорӣ ҳайати 14 нафараи Тоҷикистон дар Кобул бо Нуруллоҳ Нурӣ, вазири умури сарҳадот, ақвом ва қабоили ҳукумати Толибон мулоқот намуда, Абдулвоҳид Мирзозода, муовини аввали Кумитаи нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ин мулоқот гуфта буд, ки мардуми ду тараф хоҳони амният ҳастанд ва бояд мушкилоти мавҷуда дар хатти марз аз тариқи ҳамдигарфаҳмӣ ҳал шавад.

Мақомдори Толибон Нуруллоҳ Нурӣ дар посух ба ин суханҳо гуфта буд, ки онҳо бо қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи инсон мубориза бурда истодаанд ва субот дар марзи муштарак нақши муҳиме дар амнияти ду кишвар дорад. Аммо дида мешавад, то ҳол ин мулоқотҳо натиҷаи назаррасе надодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аҳолӣ аз барқ қарздор аст ё кормандони барқ изофанависӣ мекунанд?

Мақомоти Тоҷикистон дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ беш аз 3 ҳазор шаҳрвнадро барои "дуздӣ"-и барқ ҷарима карданд.

Гумонбари ҳамлаи мусаллаҳона дар Вашингтон як муҳоҷир будааст

Шоми 26-уми ноябр дар назди Кохи Сафеди Амрико ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки ду узви Гвардияи миллии ИМА захмӣ шуданд.

Ҳукумат то соли 2030 нақшаи энергетикӣ мекашад, вале мардум то ҳол барқ надоранд

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатияш рушди соҳаи энергетикаро баррасӣ кард, дар ҳоле, ки камбуди нерӯи барқ барои аҳолӣ ҳамоно ҳалнашуда боқӣ мемонад.

Русия 60 ҳазор патенти муҳоҷиронро бекор кард

Вазорати корҳои дохилии Русия эълом кард, ки танҳо дар давраи гузашта тақрибан 60 ҳазор иҷозатномаи кор (патент)–и муҳоҷирони кориро беэътибор донистааст. Ба гуфтаи масъулони амниятии Русия, сабаби асосии ин иқдом риоя нашудани қоидаи нави сабти кор аз ҷониби муҳоҷирон мебошад.