Ҳукумат маҳдудияти барқро расман тасдиқ кард. Мардум аз 24 соат танҳо 2 соат барқ доранд

Дар пасманзари шикоятҳои зиёди сокинон аз бебарқӣ, ниҳоят мақомоти кишвар маҳдудиятҳои шадиди барқро расман эътироф карданд.

ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” 27-уми ноябри соли 2025 тариқи паёмак ба телефонҳои сокинон нома ирсол кард, ки дар он ҳукумат аз мардум хостааст, дар истифодаи нерӯи барқ сарфа кунанд, то ба захираҳои обии кишвар фишори изофӣ ворид нашавад.

Ба тамоми истифодабарандагони барқи якфаза (220 В) паёмак фиристода шудааст, ки дар он сабаби асосии маҳдудият “камшавии резиши об дар дарёҳо” ва таъсири он ба истеҳсоли энергия гуфта шудааст. Дар паём таъкид мешавад, ки агар истеъмол аз 4 кВт зиёд шавад, интиқоли барқ ба таври худкор барои 30 дақиқа қатъ мегардад. Илова шудааст, ки ин маҳдудиятҳо муваққатӣ буда, барои сарфаи об дар обанборҳо амалӣ мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки сокинон аз қатъи бардавоми нерӯи барқ норозӣ ҳастанд ва мегӯянд, дар як шабонарӯз ҳамагӣ 2 соат барқ доранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин навор нашр шудааст, ки дар онҳо мардум бо шиддат изҳори хашм ва нигаронӣ мекунанд.

Дар пасманзари маҳдудиятҳои сахти барқ, ки ба эътирози оммавии мардум дар фазои маҷозӣ сабаб гаштааст, манобеи огоҳ мегӯянд, ҳукумат аз эҳтимоли авҷи норизоият ва эҳсосоти ҷамъиятӣ нигарон шудааст. Тарафдорони давлат талош доранд, ки мардумро ба оромӣ даъват карда, сабабро ба “тағйироти иқлим” ва “таъсири табиат” рабт диҳанд.

Дар як навори садоие, ки дар шабакаҳо паҳн шудааст, корманди як ниҳоди давлатӣ аз раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони маҳаллаҳо хоҳиш мекунад, ки мардумро фаҳмонанд, то “безобита нашаванд”. Ӯ таъкид мекунад, ки бар асари коҳиши сатҳи об дар обанбори “Норак” танҳо 2 то 4 соат барқ дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигор Хуриннисо Ализода дар саҳифаи фейсбукии худ мардумро ба дарки вазъ даъват кардааст. Ӯ навиштааст: “Воқеан вазъи баамаломад хеле хатарнок аст. Онро касе ё идорае не, табиат ба миён оварда. Пас мо бо шуурнокиву ақламон бояд бо ваҳдату оромӣ онро қабул фармоем.

Хонум Ализода ҳамзамон аз мардум даъват кардааст, ки ба “провокаторҳо” гӯш надиҳанд ва бо иттиҳод ин давраи душворро паси сар кунанд. Ӯ дар идома мегӯяд: “Сахт аст, мушкил аст, вале муваққатист мардуме, ки аз ҷанг бо сулҳ берун шуд, пеши ин хатарҳои табии низ бо хости Худо дасӣболо хоҳад буд.

Ин талошҳо барои ором кардани мардум дар ҳоле сурат мегиранд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо навору изҳорот нашр мешаванд, ки дар онҳо мардум аз вазъи ногувори қатъи нерӯи барқ шадидан норозиянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.