Тоҷикистон барои назорати марз бо Афғонистон аз Русия кумак хост?

Хабргузории “Ройтерз” навишта, ки дар пайи ҳамлаҳои маргбор аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон, мақомоти Тоҷикистон аз Русия барои назорати марз бо Афғонистон кумак хостааст.

Ин хабаргузорӣ 2-уми декабри соли ҷорӣ дар истинод ба се манбааш аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла Шӯрои амният ва Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар гуфта, ки Душанбе бо Маскав дар бораи ҷалби нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва ё имкони ҷойгир кардани нерӯҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон барои посбонии якҷоя аз марзи ноором бо Афғонистон гуфтугӯ дорад.

Ҳамчунин манобеъ гуфтаанд, ки айни замон музокироти Русияву Тоҷикистон идома дорад ва эҳтимол ин ҳафта қароре қабул карда мешавад ва дар сурати ба муваффиқа расидан, барои назорати марзи кӯҳистонии 1344 километр бо Афғонистон аз чархболҳо истифода мешавад.

Аммо имрӯз, 3-уми декабр, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ дар суҳбат бо расонаҳо хабари “Ройтерз”-ро “бофта” номида гуфтааст, ки “Ройтерз” бо пахши ин хабар ба хонандагони худ маълумоти носанҷидаро мерасонад. Ӯ ҳамчунин қайд кардааст, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар фурсатҳои наздик вокуниши расмӣ медиҳад.

Дар ҳоле хабари кумакхоҳии Тоҷикистон аз Русия барои назорати марз бо Афғонистон рад мешавад, ки хабаргузории “Ройтерз” онро дар истинод ба се манбаъ, аз ҷумла як манбаъ аз Шӯрои амният ва ду манбаъ аз Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар навиштааст.

Ёдовар мешавем, ки дар як ҳафтаи охир аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ду ҳамла бо истифода “аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо норинҷак” анҷом шуда, 10 шаҳрванди Чин, ки дар як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кор мекарданд, куштаву захмӣ шуданд.

То ҳол ҳадафи ин ҳамлаи маргбор маълум набуда, ҳеч гурӯҳе ҳам масъулияти онро ба дӯш нагирифтааст.

Толибон, ки ҳукуматро дар Афғонистон дар даст доранд, гуфтаанд, ки ҳамла кори дасти “душманонест”, ки қасд доранд, миёни Тоҷикистон ва Афғонистон “беэътимодӣ” эҷод кунанд. Ҷониби Тоҷикистон низ гуфта, ки ҳамла кори дасти “аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ” аст. Аммо ҳам Толибон ва ҳам Ҳукумати Тоҷикистон аз гурӯҳ ё созмоне ном набурдаанд.

Дар пайи ин ҳамлаҳо, сафорати Чин дар Душанбе аз шаҳрвандонаш хоста, ки аз минатқаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон берун шаванд ва аз Тоҷикистон талаб карда, ки барои таъмини амнияти ширкатҳо ва шаҳрвандонаш чораҳои зарурӣ андешад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.