Мақомоти Тоҷикистон ва мухолифонаш ба ҳамлаи террористии як рус ба мактабе, ки бо қатли бераҳмонаи навраси 10-солаи тоҷик анҷомид, вокуниш карданд.
17-уми декабри соли ҷорӣ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳорот ин ҳамларо “ҳамлаи дорои хусумати миллӣ” ба шаҳрванди Тоҷикистон Алиев Қобилҷон номида, онро қатъиян маҳкум кардааст.
Ҳамчунин ВКХ-и кишвар сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон С. Григоревро эҳзор карда, ба ӯ “нота” бо талаби фавран, воқеъбинона ва беғаразона гузаронидани тафтишоти ин ҳодисаи фоҷеабор ва ба ҷавобгарии қатъӣ кашидани гунаҳкорон, супорида шудааст.
Ба сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия низ барои мунтазам дар тамос будан бо пайвандони марҳум, инчунин, зери назорат гирифтани масъалаи мазкур дастур дода шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохиллии Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев хостааст, ки сабабу омилҳои ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба санҷиш ва чораҷӯӣ карда шавад.
Раҳимзода ҳамчунин таъкид кардааст, ки “содир гардидани чунин ҷиноятҳои мудҳиш метавонад боиси вазъи ногувори ҷомеа гардида, боз барои дигар гурӯҳҳои радикалии миллатгаро талқин ва таҳрики содир намудани чунин ҷиноятҳо гардад”.
Колоколтсев ваъда дода, ки барои ҳаматарафа ва воқеъбинона гузаронидани тафтишот тамоми чораҳои қатъӣ андешида шуда, баррасӣ намудани ҳодисаи мазкур ва таҳти назоратбарӣ қарор додани он мусоидат менамояд.
Аммо корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки суҳбат бо мақомдорони рус ва супоридани нота нокифоя буда, мақомоти Тоҷикистон бояд амалҳои ҷиддитареро барои такрор нашудани чунин ҳодисаҳо, ба мисли бозхондани сафири Тоҷикистон аз Русия ва рондани сафири Русия аз кишвар ва бастани пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, анҷом диҳанд.
Мухолифон ҳам дар хориҷ аз кишвар кушта шудани хонандаи даҳсолаи тоҷикро дар Русия маҳкум карда, дар ин ҳодиса ҳукумати Тоҷикистон ва Русияро муқассир хондаанд. Аз ҷумла, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар баёнияе рӯзи 17-уми декабр ин ҳодисаро “натиҷаи миллатгароӣ, беҷазо мондани ҷиноятҳои нажодпарастона дар Русия ва чашмпӯшии мақомот” номидааст.
Ҳамчунин ин созмон ҳукумати Тоҷикистонро танқид карда, гуфтааст, ки шаҳрвандони худро ба муҳоҷират водор мекунад, “аммо ҳангоми кушта шудани кӯдаки тоҷик дар кишвари дигар танҳо ба изҳороти хушку бетаъсир қонеъ мешавад”.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон низ қатли навраси тоҷикро дар Русия бо лаҳни шадид маҳум карда, таъкид кардааст, ки “таблиғоти нафратангези ҳукумату мардуми Русия алайҳи ғайриславянҳо ба сатҳи хушунати воқеӣ расидааст. Ин аст, ки солҳост ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дар натиҷаи ин идеология зери хатар қарор дорад”.
Ин Ҷунбиш ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро танқид кардааст, ки “агар фоҷеае дар як кишвари дур рӯй диҳад фавран “изҳорӣ ҳамдардӣ” пахш мекунад, аммо боре ҳам барои марги тоҷике дар Русия, изҳори ҳамдардӣ аз ҷониби президент нашр нашудааст”.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 16-уми декабр, хонандаи синфи 9 бо номи Тимофей ба мактабаш дар шаҳраки Горки-2-и ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав дар тан ҷавшан (бронежилет) ва бо корд ҳамла карда, чанд нафарро теғ мезанад.
Дар натиҷаи ин ҳамла хонандаи синфи 4-и ин мактаб Қобилҷони Алиев дар ҷойи ҳодиса бар асари захмҳои амиқ ҷон медиҳад ва посбони ин мактаб захмӣ мешавад.
Дар видеое, ки ин террористи рус сабт кардааст, дида мешавад, ки ӯ ҳангоми рӯ ба рӯ омадан ба гурӯҳе аз хонандагон ва муаллимашон аз онҳо мепурсад, ки миллаташон чист ва муҳофиз кӯшиш мекунад, ки ӯро боздорад, аммо ҳамлавар ба рӯйи ӯ гази ашковар мепошад ва ӯро бо корд мезанад. Пас аз ин, наврас дубора ба кӯдакон ҳамла карда, гурӯҳе аз онҳо бо муаллимашон вориди синф мешаванд ва Қобилҷон Алиев берун аз дар мемонанд ва ба тарафи дигар медавад, аммо дар зиннапояҳо меафтаду ин ҳамлавар ӯро бераҳмона чанд корд мезанад. Суханҳои охирини Қобилҷон “дада” будааст.
Дар вокуниш ба ин ҳодиса ва навор корбаре бо номи Elshan Pirgasimov навишта, ки “як нафар тақрибан 15 дақиқа бо корд дар мактаб озодона мегашт ва бо омӯзгорон суҳбат мекарду мегуфт омодааст як умр зиндонӣ шавад, вале касе ба полис занг назад”. Муаллифи ин навишта омӯзгоронро ба беамалӣ ва ҳамдастӣ муттаҳам мекунад ва мегӯяд, ки фоҷиа маҳз аз сабаби хомӯшии онҳо рух додааст ва таъкид мекунад, ки ҷинояткор умед дорад бо рафтан ба ҷанги зидди Украина аз ҷазо халос шавад.
Гуфта мешавад, пас аз куштори бераҳмона, ҳамлавар дар яке аз синфхонаҳо худро маҳкам карда, дар ҳамон ҷо аз ҷониби нерӯҳои интизомӣ дастгир шудааст.
Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, ки баъди содир шудани ҷиноят дар мактаб маводи тарканда пайдо кардаанд ва Тимофей ҳам эътироф кардааст, ки чанд вақти ахир барои содир кардани ин ҷиноят омодагӣ медид.
Мақомоти Русия дар бораи сабабҳои ҷиноят ҳанӯз чизе нагуфтаанд, танҳо бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва тафтишот идома дорад.
Аммо расонаҳо дар истинод ба ҳамсинфони ҳамлавар навиштаанд, ки ӯ пайрави нажодпарастон буда, куштани мусулмонон, яҳудиён, зиддифашистон ва либералҳоро шиори худ медонист. Ғайр аз ин, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия дар телефони ҳамлавар акси ӯро бо ҷасади беҷони ин навраси тоҷик пайдо кардаанд.
Гурӯҳҳои миллатгарои рус аксу навори лаҳзаи қатли Қобилҷонро бо масхара дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда, аз ин кор ҳимоят ва хориҷиён, бахусус тоҷиконро таҳқир доранд.
Илова бар ин, дар телефонаш ҳамлавар худро бо ниқобе аксбардорӣ кардааст, ки дар он ба созмонҳои ростгарои радикалӣ ва иқтибосҳои ифротгароёна, мисла “Sygaown”, ки ба тирпарронии оммавӣ дар ИМА соли 2022 ишора мекунад, расм ёфтааст.
Ҳамчунин расонаҳои русӣ мегӯянд, ки дар як селфии дигар ӯ бо ҷавшан ва рамзи “коловрат” акс гирифтааст, ки ба террорист Брентон Таррант ишора мекунад. Шахсе, ки қатли оммавиро дар масҷидҳои мусалмонон дар Крайстчерчи Зеландияи Нав анҷом дода буд.
Бояд гуфт, модари ин навраси тоҷик дар ҳамин мактаб фаррош будааст ва мисли дигар волидон, пас аз анҷоми дарсҳо фарзандонро назди мактаб интизор будааст, ки дар ҳамин асно аз марги писараш огоҳ мешавад. Ва ин ҳодиса замоне рух медиҳад, ки Қобилҷон ҳамроҳи додару тағояш 17-уми декабри соли ҷорӣ бояд ба Тоҷикистон бармегаштааст.
