Додситонии низомии шаҳри Кӯлоб сардори собиқи дидбонгоҳи сарҳадии “Шоҳон” дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон Юсуф Мирзоевро, дар марги сарбоз Шоҳдил Ҷӯразодаи 20-сола гунаҳкор донистааст.
Парвандаи Мирзоев дар додгоҳ бар асоси моддаи 391, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “сӯистифода аз мансаб” ё “баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ”, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст, дар ҳоли баррасист ва додситонӣ аз додгоҳ барои ӯ 11 соли зиндонро талаб кардааст. Эҳтимол дорад ҳукм рӯзҳои наздик содир шавад.
Гуфта мешавад, Шоҳдил Ҷӯразода моҳи апрели соли 2025 аз шаҳри Панҷакент барои адои хидмати ҳарбӣ даъват шуда буд, аммо моҳи декабри соли 2025 аз маҳалли хидматаш дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нопадид шуд ва пас аз тақрибан якуним моҳ ҷасади ӯро аз дарёи Панҷ пайдо карданд.
Наздикони марҳум мегӯянд, ки муносибати бад ва тамаъҷӯии сардори дидбонгоҳи сарҳадии “Шоҳин” Юсуф Мирзоев сабаби марги Шоҳдил гаштааст.
Хоҳари сарбоз, Меҳрафрӯз Ҷӯразода ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки бародараш барои гирифтани рухсатӣ ба сардори дидбонгоҳ 1000 сомонӣ додааст, аммо вақте сардор ҷавоб надодааст, Шоҳдил чанд бор пурсидааст, ки пулро баргардонад. Ба гуфтаи ӯ, баъзе сарбозон низ шаҳодат додаанд, ки пас аз талаби бозпас гирифтани пул, Шоҳдил Ҷӯразода зери фишор қарор гирифта, ба корҳои вазнин ҷалб мешуд.
Мақомоти расмӣ то ҳол дар бораи ҷузъиёти марги сарбоз шарҳи муфассал надодаанд. Ҳамчунин мавқеи худи айбдоршаванда ё вакили дифои ӯ маълум нест.
Бояд гуфт, марги сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ дар Тоҷикистон падидаи нав набуда, тибқи иттилои Ваколатдори ҳуқуқи инсон, танҳо дар соли 2023 дар кишвар 40 ҳолати марги сарбозон ба қайд гирифта шудааст.
Ба назари коршиносон, бадрафторӣ бо сарбозон ва ҳатто кушта шудани ҷавонон бар асари латтукӯб дар қимсҳои низомии кишвар боис гаштааст, ки ҷавонон аз хидмати низомӣ сарпечӣ кунанд. Ва мақомот барои иҷро кардани нақшаи даъват аз усули “облава” истифода бурда, кормандони комиссариятҳои ҳарбӣ ҳамроҳи мақомоти амният ва интизомӣ ба хонаҳои мардум зада медароянд ва ё дар кӯчаҳо ба зӯр аз дасту бозуи ҷавонон дошта, онҳоро кашон-кашон ба мошинҳои худ савор мекунанд.
Солҳои охир мақомот дар баробари “сарбозшикор” аз роҳҳои дигар низ истифода мебаранд, аз ҷумла барқро дар баъзе деҳаҳо пурра қатъ мекунанд ва бар ивази додани барқ, сарбоз ва ё пул талаб мекунанд. Ва инчунин барои сарбозон дар ивази хидмати ҳарбӣ додани ҳуҷҷати ронандагиро ваъда мекунанд. Ва ҳатто латтукӯб ва асир гирифта шудани хонаводаҳои наваскарон аз ҷониби мақомоти ҳарбӣ низ расонаӣ шуда буд.
Чунин рафтори ғайриқонунии мақомоти дахлдор ҳамасола мавриди интиқоди шадиди ҷомеа қарор мегирад, вале давоми беш аз 30 сол аст ҳеч ниҳоде наметавонад пеши роҳи чунин рафтори авбошонаи масъулини низомӣ ва амниятиро дар Тоҷикистон бигирад.
