Пас аз эълони тавофуқи оташбас байни Эрон ва Амрико Исроил ҳамлаҳои худро ба чандин минтақаи Лубнон шиддат бахшидааст.
Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил зимни изҳороте гуфт, ки Лубнон дар оташбаси эълоншуда шомил намешавад ва артиши Исроил ҳамлаҳои худро алайҳи “Ҳизбуллоҳ” ба шиддат идома медиҳад.
Исроил рӯзи гузашта ба Лубнон ҳамлаҳои сангине анҷом дод, ки дар натиҷа садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Баъдтар расонаҳои ин кишвар эълон карданд, ки Исроил дар 10 дақиқа ба 100 нуқтаи “Ҳизбуллоҳ” ҳамла кардаст.
Бино ба иттилои расонаҳо, ҳамчунин дар тӯли шаби гузашта Исроил ба ду гузаргоҳи дигари Лубнон ҳамла кард. Ба иддаои артиши Исроил, онҳо гузаргоҳҳои калидии “Ҳизбуллоҳ” дониста мешуданд ва роҳи васлсозанда аз шимол ба ҷануби рӯдхонаи Литонӣ буданд, ки ин ҳизб барои интиқоли силоҳ, мушак ва партобгарҳо истифода мекард.
Инчунин Исроил иддао карда, ки ба даҳ нуқтаи дигар ба гумони маконҳои захираи аслиҳа ва мушакҳои “Ҳизбуллоҳ” ҳуҷум кардааст. Ҳамзамон иддао карда, ки дар ҳамлаҳои дирӯзааш раҳабир “Ҳизбуллоҳ” Наим Қосимро куштааст. Аммо ин хабар то ҳанӯз тасдиқ нашудааст. Танҳо кушта шудани Алӣ Юсуф Ҳарашӣ, бародарзодаи Наим Қосим тасдиқ шудааст.
Вазорати беҳдошти Лубнон эълон кард, ки дар ҳамалҳои шадиди дирӯзаи Исроил ба Бейрут ва манотиқи Лубнон дасти кам 254 нафар кушта ва беш аз 1165 нафар захмӣ шудаанд. То ҳанӯз гурӯҳҳои наҷот зери овораҳора меҷӯянд ва эҳтимоли афзоиши шумори қурбониён бештар аст.
Нахуствазири Лубнон Ҷозеф Аун имрӯзро дар Лубнон рӯзи мотами умумӣ эълон кардаст.
Дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон, “Ҳизбуллоҳ” низ аз шаби гузашта ба мушакандозӣ ба сӯи Исроил оғоз кардааст. Субҳи имрӯз низ расонаҳои исроилӣ аз партоби мушак аз Лубнон ба сӯи шимоли Исроил ва ба садо даромадани ожирҳои хатар хабар доданд.
Тавре расонаҳои исроилӣ менависанд, артиши ин кишвар эълон карда, ки дигар рӯдхонаи Литонӣ хоки Лубнон ҳисоб намешавад. То ҳол ин иддао таъйид нашудааст, аммо ин рӯдхона ҳудуди 4 километр аз марзи Исроилу Лубнон дарунтар ва дар хоки Лубнон ҷойгир аст.
Дар ҳамин ҳол Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон бо нашри паёме дар шабакаи Х изҳор дошт, ки ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон нақзи тавофуқи аввалияи оташбас ва “нишонаи хатарноке аз фиреб ва адами пойбандӣ ба тавофуқоти эҳтимолӣ аст.” Пизишкиён ҳамчунин афзуда, ки “идомаи ин иқдомот музокираро бемаъно хоҳад кард.” Ӯ таъкид мекунад, ки “дастҳои мо бар моша боқӣ аст. Ва Эрон ҳаргиз хоҳарони ва бародарони лубнониро танҳо нахоҳад гузошт.”
Ҳамзамон Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон имрӯз низ дар шабакаи Х навишт, ки “нақзи оташбас ҳазинаҳои мушаххас ва вокунишҳои қавӣ ба ҳамроҳ дорад.” Ӯ дар хитоб ба Исроил гуфт: “Фавран оташро хомӯш кунед.” Ба гуфтаи Қолибоф, Лубнон ва кулли меҳвари муқовимат ба унвони муттаҳидони Эрон маҳсуб мешаванд ва “бахши ҷудонопазири” оташбас ҳастанд.
Аммо ба назари таҳлилгарон, ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон ва паёмҳои таҳдидомези масъулони эронӣ баёнгари “номушаххас ва ноустувор” будани оташбасро нишон медиҳанд. Ба назари онҳо, вокунишҳои масъулини эронӣ метавонанд ҳамчун фишори дипломатӣ натиҷа бидиҳад, аммо ҳамзамон хатари навбатии аз нав шуруъ шудани ҳамлаҳо ба худи Эронро низ зиёд мекунад.
