“Дулан”-ҳои “соҳибдор” ва сокинони рӯ ба раҳми Худо

Марги чанд нафар дар асари як садама бинобар нуқси фаннӣ (техникӣ) фоҷеъаи табиӣ нест ва дар дилхоҳ кишвари мардумсолор зилзила бармеангезад. Чунин садамае боис мешавад фаъолияти чандин ширкату корхонаҳо, идораву вазоратхонаҳо, масъулин ва ғайра тафтиш гардида, на танҳо тағйироти кадрӣ, балки сохториву қонунӣ низ сурат бигирад. Яъне, гоҳе чунин садамаҳо боис мешаванд дар қонуни як кишвар оҷилан тағйирот ворид карда шавад. Марги беш аз ду нафар дар чунин садамае аллакай марги дастаҷамъист ва бояд ҳама сабабу омилҳои он билофосила омӯхта шуда аз такрори он пешгирӣ шавад. 

Садамаи рӯзи 2-уми июли соли ҷорӣ, ки дар деҳаи Элоки ноҳияи Ваҳдат рух дод, ҷони  11 нафарро гирифт. Сабаби ин садамаи мудҳиш нуқси фаннӣ, дақиқтараш аз кор мондани тормози мошини бузурги боркашони “Дулан” гузориш мешавад. Дар натиҷа ин мошини гаронвазн аз баландӣ бо суръат сарозер шуда ва бо ду мошини сабукрави дар ҳоли ҳаракат бархӯрдааст. Бар асари ин бархӯрд 11 нафар сарнишинони ин ду мошин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. 

Бархӯрди мақомот бо ин фоҷеъа бинобар собиқаи зиёд доштанаш, боястӣ бо суръату шиддат ва хеле сахтгирона мешуд, аммо ба марги 11 шаҳрванд ба андозаи марги ҳамин адад, ба гуфти худи мақомот “чорвои калони шохдор”, таваҷҷӯҳ нашуд. Барои мисол ду моҳ қабл марги 9 гов дар Олмон бар асари як ҳодисаи ниматабиӣ, яъне фурӯ рехтани як баландӣ, он қадар ғуоғулае барангехт, ки назираш дар Тоҷикистон ҳатто барои марги дастаҷамъии одамон ҳаргиз дида нашудааст. 

Агар ин аввалин ҳодисаи марги дастаҷамъӣ бинобар нуқси техникии мошинҳо мебуд, мешуд онро ба бетаҷрибагии мақомот рабт дод ва танҳо бо ироаи пешниҳод иктифо кард. Аммо чунин нест ва ин гуна садамаҳо ба ҳодисаи маъмулӣ дар роҳҳои кишвар табдил шудаанд. Ба ҳамин хеле монанд ҳодиса се сол қабл, аниқтараш моҳи марти соли 2023 дар Кӯлоб рух дода буд. Айни ҳамин тамғаи мошини борбар, яъне “Дулан”, бо айни ҳамин сабаб – яъне канда шудани тормозаш аз баландӣ сарозер шуд ва чанд хонаву мошинро сари роҳи худ аз байн бурду боиси кушта шудани 15 нафар гардид.   

Он замон ҳам касе ҷазо нагирифт, сабабу омилҳои ин фоҷеъа омӯхта нашуд ва истифодаи мошинҳои бузургҳаҷмт “Дулон” манъ нагардид, ҳарчанд бояд чунин мешуд. Зеро ин мошинҳо бо чанд сабаб аслан ба шароити роҳҳои Тоҷикистон мутобиқ нестанд:

  • Роҳҳои Тоҷикистон тақрибан саросар кӯҳиянд ва бинобар баландиву хамҳои бисёр тунд ва амиқ, имкони канда шудани тормози ҳар мошине вуҷуд дорад. Аммо вақте мошин беш аз 40 тон бор мегирад ва бар иловаи вазни худаш аз 50 тон убур мекунад, имкони сарозер шуданаш бамаротиб бештар мешавад;
  • Бинобар кӯҳӣ будани роҳҳо гардишҳояш ҳам зиёд ва тунданд ва мошинҳои бузург на танҳо барои худ, балки барои мошинҳои дигар низ хатар эҷод мекунанд;
  • Бинобар тақрибан истифода нашудани роҳи оҳан барои боркашонӣ, ҷодаҳо пур аз мошинҳои боркашанд ва вуҷуди чунин мошинҳои бузург имкони тамбашавӣ, садамаҳо ва хатарҳои дигарро афзоиш медиҳад;
  • Дар Тоҷикистон таъмиргоҳҳои литсинзионӣ (дорои иҷозаи ширкати истеҳсолкунанда) вуҷуд надоранд ва такя танҳо ба устоҳои худомӯз аст;
    5. Бештари мошинҳои воридшаванда ба Тоҷикистон, чи сабукрав ва чи боркашон кӯҳна ва фарсудаанд;
  • Бинобар набудани тафтиш ё вуҷуди имкони “ҳал кардани ҳар мушкил” бо пардохти ришва, бештари ронандагон барои сарфа кардан ё гифифтани даромади иловагӣ, ҳаҷми борашонро аз он чи иҷозат бештар мекунанд. 
  • Бештари ҷодаҳои бузурги кишвар аз дохили шаҳру деҳаҳо мегузаранд ва хатари марги мардуми мулкӣ дар садамаи ҷодаиро ба маротиб афзоиш медиҳанд. Яке аз сабабҳои аслии марги дастаҷамъонаи сокинон дар ҳаводиси Кӯлобу Вақдат низ ҳамин аз манотиқи маскунӣ ҳаракат кардани мошинҳои борбар аст.

Албатта куллан чунин нест, ки мақомоти Тоҷикистон хатаротро нодида бигиранд. Барои мисол кофист як нафар сабти қонуншикании ронандаеро дар роҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунад ва мақомот дар чанд соат он нафарро пайдо карда ҷазо медиҳанд. Гузашта аз он, хабару навори ҷазо гирифтани ронандаи қонуншикан билофосила дар расонаҳо нашр мешавад. Яъне мақомот пеши мардум гузориш медиҳанд, ки ба шикояташон расидагӣ шуд. Дар ҳамин ҳол ба мусибате ба ин бузургӣ бетаваҷҷӯҳии комил дида мешавад. Ин суол ҳам дар зеҳну забонҳои ҷомеъа матраҳ мешавад, ки чаро ба қонунвайрониҳои кӯчак ингуна ба суръат ва шиддат бархӯрд мешавад, аммо садамаҳое, ки ҷони садҳо наварро мегирад, нодида гирифта мешаванд?

Дао Тоҷикистон гурӯҳе вуҷуд дорад, ки фаро аз қонунанд – қонун, аниқтараш намояндагиҳои он дар чеҳраи додситонӣ, додгоҳ ва ниҳодҳои интизомиву амниятӣ дастрасие ба онҳо надорад ва ҳеҷ гоҳ барои ҳеҷ қонуншикание, ҳатто ба ҳайси шоҳид ҳақи пурсиҷӯяшонро надорад.  Мутаассифона, ин дастнорасии қонун ба онҳо танҳо ба шахси худашон тамом намешавад – кулли тиҷорату фаъолиятҳои онҳо низ фаро аз қонунанд ва ниҳоде ҷур\ати тафтиши онро ба ҳеҷ ваҷҳ надорад.

Бизнеси ҳамлу нақл бо мошинҳои бузурги “Дулан” низ ба яке аз ин афроди фаротар аз қонун – Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон таъаллуқ дорад. Абарширкати ӯ, ки қаблан  “Фароз” ном дошту ҳоло ба чанд ширкати бузург тақсим шудааст бизнесҳои зиёде дар кишварро монополия кардааст, ки якеаш ҳамин ҳамлу нақли ҷодаист. “Дулан”-е, ки дар Кӯлоб садама ба бор оварду 15 нафарро кушт ва чанд хонаводаро бехона кард, ба ширкати “Кафолат Содироту Воридот” таъаллуқ дошт. Гуфта мешавад ин ширкат қаблан ҷузъе аз “Фароз” буд, ки баъди тақсим шудани он ба чанд ширкат, мустақил шуд. Аниқтараш бахши ҳамлу нақли ҷодаии тиҷортаи бузурги Соҳибов дар ширкати алоҳида бо номи “Кафолат Содироту Воридот” ба фаъолият шурӯъ кард. Яъне “Дулан”-ҳо ба қавле соҳибдоранд.

Дасти кӯтоҳи қонун назди Соҳибову дигар аъзои хонаводаи раисҷумҳур дар сатҳест, ки баъди садамаи Кӯлоб касе ҷуръат накард аз ӯ товон талаб кунад. Баъди садамаи маргбор дар шаҳри Кӯлоб мавҷи сарусадоҳо бо талаби корбари шабакаҳои иҷтимоӣ, ки зарари сокинонро бояд ҳамон ширкате ҷуброн кунад, ки мошинаш садама кардааст баланд шуд. Тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон, соҳибони нақлиёт бояд мошини худро бима (суғурта)-и давлатӣ кунанд ва дар ҳолати сар задани ҳодисаҳои нохуш, ширкати суғурта бояд зарарро ҷуброн кунад. Дар ҳолати набуди суғурта, соҳиби мошин зарари расондаро ҷуброн мекунад. Аммо дар садамаи Кӯлоб зарарро на ширкати суғуртавӣ ва на молики мошини боркаш пардохт накарданд. Баръакс, мақомот масоҷидро муваззаф сохтнад, ки барои бозсозии хонаҳои вайроншудаи сокинон аз мардум пул ҷамъ кунанд. 

Садамаи Кӯлоб агар мавҷи сарусадоҳо ҳадди ақал дар шабакаҳои иҷтимоиро барангехт, садамаи Ваҳдат ҷуз изҳори ҳамдардӣ, он ҳам бо мавҷи бисёр заъиф, ҳеҷ сарусадое дар ҷомеъа надошт. Зоҳиран корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ низ ин ҳақиқатро пазируфтаанд, ки қонун пеши гурӯҳе кӯтоҳдаст аст ва талаби барқарории адолат ҳар ҷое, ки дасти ин афрод вуҷуд дорад, чизе ҷуз кӯбидани об дар ҳован нест. 

Баъди ин садама, тибқи иттилоъи расонаҳо, ба ҷои ҳодиса вазири дохила, сардори БДА ҷумҳурӣ ва афроди дигари баландпоя ҳозир шуда буданд. Мебоист садамае, ки бо марги 11 нафар тамом шуд, ҳади ақал маҳдудиятҳое дар ҳаракати мошинҳои бузургҳаҷм дар роҳҳои убуркунанда аз манотиқи маскунӣ ҷорӣ мешуд ва масъулиятҳое болои моликони ин мошинҳо таҳмил мешуд, то аз вазъи техникии онҳо, ҳаҷми бори он, тахассуси ронандагон ва ғайра назорати қатъӣ баранд. Аммо на танҳо ҳеҷ кадом аз ин маҳдудияту масъулиятҳо ҷорӣ нашуд, балки ҳеҷ гузорише ҳам аз тафтиши ин ҳодиса ва сабабу омилҳои ону роҳҳои пешгирӣ аз такрори он дар оянда нашр нашуд. 

Барои сокинони манотиқи сарироҳӣ ва ронандагони ҳаракаткунанда дар ҷодаҳо танҳо ҳамин боқӣ монл, ки рӯ ба раҳми Худо биёваранду дуъо кунанд тормози ҳеҷ “Дулан”-е дар наздикии онҳо канда нашавад. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазир: 18 нафари дархостшуда аз Утриш ҷузъи пайгардҳои Интерполанд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт 18 нафаре,...

Вазири адлия боз ба суолҳо дар бораи зиндониёни сиёсӣ посухи равшан надод

Вазири адлия дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш, ки имрӯз,...

Бидузд, мансабдор, ҳар қадар метавонӣ бидузд!

Мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳии Тоҷикистон бо судури ҳукми раиси...