Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон: чангу ғубор, шамолҳои сахт ва хатари сел дар чанд минтақаи кишвар

Оҷонси обуҳавошиносии Тоҷикистон аз бадшавии вазъи обуҳаво дар рӯзҳои 21–23 июл ҳушдор дода, эълон кард, ки дар чанд минтақаи кишвар тӯфони чангу ғубор, шамолҳои сахт ва хатари омадани сел пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, сабаби асосии бад шудани сифати ҳаво ворид гардидани ҳавои ғализи чангу ғубор аз самти ҷануб ва ҷанубу шарқ мебошад. Дар ин давра дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон аз 21 то 23 июл, инчунин дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 22 то 23 июл бадшавии сифати ҳаво дар назар аст.

Ҳамзамон, рӯзи 21 июл дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боронҳои шадид пешбинӣ шуда, аз 21 то 23 июл дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии тобеи марказ, вилояти Хатлон, қисмати ғарбии ВМКБ, инчунин ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хатари омадани сел вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи обуҳавошиносон, рӯзҳои 21 ва 22 июл шамол аз самти ғарб бо суръати 13–18 метр дар як сония ва дар баъзе минтақаҳо то 20–25 метр дар як сония мевазад. Ин шамолҳо ҳамроҳ бо чангу ғубор метавонанд сатҳи бинишро дар роҳҳои мошингард коҳиш дода, ҳаракати нақлиётро мушкил созанд.

Мақомот инчунин аз афзоиши миқдори зарраҳои зараровари PM10 ва PM2.5 дар ҳаво ҳушдор дода, ба сокинон тавсия медиҳанд, ки ҳузури худро дар фазои кушод маҳдуд намуда, махсусан кӯдакон, пиронсолон ва шахсони гирифтори бемориҳои роҳи нафас чораҳои эҳтиётиро риоя кунанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол Тоҷикистон чандин маротиба бо мавҷи гарми шадиди ҳаво рӯ ба рӯ шуд ва дар баъзе минтақаҳо ҳарорати ҳаво то +45 дараҷа расид. Дар баробари ин, боришҳои шадид ва обшавии босуръати барфу пиряхҳо дар чандин минтақа боиси омадани сел гардиданд.

Тибқи маълумоти расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ садҳо ҳодисаи табиӣ, аз ҷумла сел, тарма, ярч, сангрезӣ ва шамолҳои сахт ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо даҳҳо сокини кишвар ҷон бохтаанд. Ҳаҷми зарари иқтисодии офатҳои табиӣ дар ин давра аз 52 миллион сомонӣ бештар арзёбӣ шудааст.

Офатҳои табиӣ инчунин ба инфрасохтори кишвар хисороти ҷиддӣ расонидаанд. Дар натиҷаи онҳо садҳо манзили истиқоматӣ, роҳҳо, пулҳо, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, шабакаҳои обёрӣ, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳазорҳо гектар заминҳои кишоварзӣ осеб дидаанд

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.