Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 24-уми июли ҷорӣ, ҳукми панҷ корманди Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синоро, ки дар марги сокини 36-солаи шаҳри Кӯлоб Мақсудҷон Саидов муттаҳам буданд, содир кардааст.
Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш навиштааст, ки аз миёни панҷ муттаҳам, се нафар ба муҳлатҳои аз 5 то 13 соли зиндон маҳкум шуда, ду нафари дигар бар асоси Қонуни афв аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, корманди милиса Сино Обидзода, бо ҷурми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст. Пеш аз ин додситонӣ барои ӯ 17 соли зиндонро талаб карда буд.
Ҳамчунин, нисбати Рустам Ёдгорзода, корманди дигари ҳамин шуъба, додситонӣ панҷ соли зиндон талаб карда буд, аммо додгоҳ ӯро дар асоси Қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод кардааст.
Ду корманди дигари милиса ба панҷ соли зиндон маҳкум шуда, як нафари дигар бо татбиқи Қонуни афв ва пардохти ҷарима озод гардидааст. То ҳол номи ин се нафар ва ҷузъиёти пурраи ҳукми онҳо расман эълон нашудааст.
Гуфта мешавад, ин кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пас аз марги Мақсудҷон Саидов, сокини шаҳри Кӯлоб, боздошт ва муҳокима шуданд. Ба иттилои манбаъҳо, дар ин парванда як гумонбари шашум низ вуҷуд дорад, аммо то ҳол маълум нест, ки ӯ кист ва дар куҷо қарор дорад.
Мақсудҷон Саидов рӯзи 8-уми январи соли 2026 бо гумони паҳн ва фурӯши маводи мухаддири навъи «кристалл» боздошт шуда буд. Аммо баъд аз чанде ӯ дар шароити номаълум даргузашт. Ва ӯ дар ҳоле боздошт гардида буд, ки Раёсати корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки хилофи муқаррарот, кормандони милисаи ноҳияи Сино бе огоҳии онҳо дар шаҳр амалиёт анҷом додаанд ва онҳо ҳеч чизе дар ин бора намедонанд.
Ба гуфтаи наздиконаш, мақомот аз онҳо хоста буданд, ки ҷасади Мақсудҷонро, ки дар он нишонаҳои эҳтимолии шиканҷа, аз ҷумла осори сӯхтагӣ дар ангуштони дасту пой дида мешуд, ҳарчи зудтар ба хок супоранд, ки ин амал шубҳаҳоро дар бораи сабаби марги ӯ бештар карда буд.
Наздикони Саидов то имрӯз аз шарҳи парванда худдорӣ кардаанд ва мавқеи онҳо нисбат ба ҳукми додгоҳ низ маълум нест.
Мавзӯи истифода аз шиканҷа барои гирифтани эътирофи гумонбарон солҳои охир аз масъалаҳои нигаронкунанда дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид моҳи майи соли 2026 аз идомаи гузоришҳо дар бораи шиканҷа ва бадрафторӣ, бахусус аз ҷониби кормандони милиса ва мақомоти амниятӣ ҳангоми боздошт ва бозпурсӣ изҳори нигаронӣ карда буд.
Ҳамчунин, Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзи 22-уми июли соли ҷорӣ хабар дод, ки дар соли 2025 21 шикоят вобаста ба шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон ба қайд гирифта шуда, ки 20 мавриди онҳо ба сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ марбут будааст.
