Трамп музокирот бо Эронро аз амалиёти низомӣ беҳтар медонад?

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп рӯзи 2-юми август дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, ки Вашингтон тасмим гирифтааст ҳамлаи банақшагирифташуда алайҳи Эронро ба таъхир андозад ва ба музокирот имконият диҳад.

Ба гуфтаи Трамп, ҳамлае мавриди баррасӣ қарор дошт, ки дар сурати иҷро шуданаш метавонист ба яке аз бузургтарин амалиётҳои низомии ИМА аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон табдил ёбад. Ӯ афзуд, ки чанд кишвари минтақа аз Вашингтон дархост карданд, то аз истифодаи нерӯи низомӣ худдорӣ карда, роҳи дипломатияро пеш гирад.

Трамп ҳамчунин хабар дод, ки музокироти нав байни намояндагони Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз ин изҳорот оғоз хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи асосии гуфтушунидҳо коҳиши танишҳо ва пайдо кардани роҳи ҳалли масъалаҳои мавҷуда, аз ҷумла барномаи ҳастаии Эрон мебошад.

То ҳанӯз мақомоти Эрон ин иддаои Трампро дар бораи омодагии чунин ҳамла тасдиқ накардаанд. Бо вуҷуди ин, Теҳрон ҳам мегӯяд, барои ҳалли низоъҳо аз роҳи дипломатӣ истиқбол мекунад, аммо дар сурати ҳар гуна ҳамла ба кишвараш посух хоҳад дод.

Изҳороти Трамп дар шароите садо дод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо нигаронӣ таҳаввулоти муносибатҳои ИМА ва Эронро пайгирӣ мекунад ва бисёре аз кишварҳо ба идомаи музокирот ҳамчун роҳи пешгирӣ аз шиддат гирифтани вазъ умед мебанданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.