Ҷасади 9 шаҳрванди Тоҷикистон дар сардхонаҳои Ростов-на-Дону

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, ҷасади 9 шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз сардхонаҳои шаҳри Ростов-на-Дону-и Русия нигоҳдорӣ мешаванд.

Дар ин бора блогери тоҷик маъруф ба “ismoiltojik” дар саҳифаи фейсбукияш эълонеро нашр кардааст, ки дар он аз наздикон ва пайвандони ин афрод даъват мешавад ҳарчи зудтар барои шиносоӣ ва гирифтани ҷасадҳо ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд.

Дар рӯйхати нашршуда ном, насаб ва санаи таваллуди шаҳрвандон оварда шудааст. Умри шаҳрвандони дар рӯйхатбуда аз 20 то 53 солро ташкил медиҳад. Аммо дар бораи сабаб, вақт ва маҳалли марги онҳо ҳеҷ гуна маълумоти расмӣ пешниҳод нашудааст.

То кунун мақомоти Тоҷикистон ва Русия низ дар бораи ин қазия изҳороти расмӣ нашр накардаанд ва маълум нест, ки ин шаҳрвандон дар кадом шароит ҷон бохтаанд.

Дар моҳҳои охир дар минтақаҳои ҷанубии Русия, аз ҷумла вилояти Ростов, чандин ҳамлаҳои дронӣ ва мушакӣ сурат гирифтаанд. Бо вуҷуди ин, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки марги ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳамлаҳои Украина ба Русия рабт дошта бошад.

Қаблан бештар хабарҳо дар бораи фавти муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ аз кишвар бо сабабҳои беморӣ, садамаҳои нақлиётӣ ва риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ дар ҷойи кор нашр мешуданд. Аммо дар шароити идомаи ҷанги Русия ва Украина, хатари осеб дидани муҳоҷирон бар асари амалиётҳои низомӣ низ афзоиш ёфтааст.

Бо вуҷуди ин, дар мавриди ин 9 шаҳрванди Тоҷикистон то ҳол ягон маълумоти расмӣ дар бораи робитаи эҳтимолии марги онҳо бо ҷанг ё ҳамлаҳои ҳавоӣ вуҷуд надорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳашт кишвари арабӣ ва исломӣ Исроилро маҳкум карданд

Вазирони корҳои хориҷии ҳашт кишвари арабӣ ва мусулмонӣ аз Исроил хостанд, ки ба иҷрои нақшаи таҳияшудаи ИМА барои хотима додан ба ҷанг дар Ғазза монеъ нашавад.

Бузургтарин ҳамлаи паҳподии Украина ба Маскав аз оғози ҷанг

Украина шаби 17 ба 18-уми августи соли 2026 яке аз густардатарин ҳамлаҳои паҳподии худро аз оғози ҷанг ба самти Маскав анҷом дод.

Дар Русия мехоҳанд шумораи муҳоҷиронро маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод карданд, ки сиёсати муҳоҷиратӣ боз ҳам сахттар ва шумораи хориҷиён то 3 миллион кам карда шавад.

Бо дастури Эмомалӣ дар Турсунзода барои узбекзабонҳо мактабҳои нав бунёд шаванд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳаи маориф дастур додааст, ки бо дарназардошти шумораи узбекзтаборон дар кишвар, барои онҳо мактабҳои махсус бунёд намуда, маводи таълимӣ бо забони узбекӣ таҳия кунанд.