Вазирони корҳои хориҷии ҳашт кишвари арабӣ ва мусулмонӣ аз Исроил хостанд, ки ба иҷрои нақшаи таҳияшудаи ИМА барои хотима додан ба ҷанг дар Ғазза монеъ нашавад.
Ин дар ҳолест, ки сарвазири Исроил Бинёмин Натанёҳу ҳанӯз аз қабули нақша худдорӣ мекунад ва хуруҷи нерӯҳои кишварашро ба халъи пурраи силоҳи ҲАМОС вобаста медонад.
Вазирони корҳои хориҷии Урдун, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Индонезия, Покистон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар ва Миср рӯзи 16-уми август дар як изҳороти муштарак радди нақшаи сулҳ аз ҷониби Исроилро маҳкум карданд. Дар баёнияи муштараки ин кишварҳо гуфта мешавад, ки чунин мавқеъ иҷрои нақшаи фарогири президенти Амрико Доналд Трамп барои хотима додан ба ҷанг дар Ғаззаро халалдор карда, талошҳои байналмилалӣ барои расидан ба сулҳи пойдорро заиф месозад.
Нақшаи роҳ як қисми нақшаи фарогири Трамп буда, татбиқи марҳилавии оташбас, халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Ғазза, хуруҷи нерӯҳои Исроил, ҷойгир кардани нерӯҳои байналмилалӣ барои таъмини суботу амният, ташкили сохтори нави идораи шаҳрвандӣ ва оғози бозсозии Ғаззаро пешбинӣ мекунад. Музокирот барои пешбурди ин нақша бо миёнаравии Миср, Қатар ва Туркия идома дорад.
Мавқеи муштараки ин кишварҳо дар ҳоле садо медиҳад, ки онҳо нақшаи пешниҳодшудаи Амрикоро яке аз имкониятҳои асосӣ барои хотима додан ба ҷанг медонанд. Миср, Қатар ва Туркия дар раванди музокирот нақши миёнарав доранд, дар ҳоле ки кишварҳои дигари имзокунандаи изҳорот аз иҷрои нақша ва таъсиси давлати Фаластин пуштибонӣ мекунанд.
Вазирони хориҷии ин ҳашт кишвар таъкид кардаанд, ки радди нақшаи сулҳ аз ҷониби Исроил ба раванди сулҳ таҳдид мекунад ва аз Вашингтон хостанд барои таъмини иҷрои уҳдадориҳои дар нақша пешбинишуда аз ҷониби Исроил нақши фаъол дошта бошад. Ба гуфтаи онҳо, Исроил барои оқибатҳои эҳтимолии идомаи рад ё ба таъхир андохтани татбиқи нақша масъулият хоҳад дошт.
Дар изҳорот ҳамчунин аз ҳуқуқи мардуми Фаластин барои худмуайянкунӣ ва таъсиси давлати мустақил ҳимоят шудааст. Ҳашт кишвар гуфтаанд, ки сулҳи одилона ва пойдор танҳо тавассути ташкили дудавлатӣ имконпазир аст ва давлати Фаластин бояд дар ҳудуди марзҳое, ки аз 4 июни соли 1967 эълон шуда буд, бо пойтахташ дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ таъсис ёбад.
Вокуниши ин кишварҳо дар ҳолест, ки Натанёҳу рӯзи 9-уми август эълон карда буд, Исроил санади 15-бандии пешниҳодшудаи ИМА-ро қабул намекунад. Мавқеи асосии ӯ ин аст, ки то замони халъи пурраи силоҳи ҲАМОС ва аз байн бурдани тавоноии низомии ин гурӯҳ, нерӯҳои Исроил аз Ғазза хориҷ нахоҳанд шуд.
Ин мавқеъ бо тартиби пешниҳодшудаи нақшаи сулҳи Трамп мухолиф аст. ҲАМОС ба таври шартӣ ба нақша розӣ шудааст, аммо татбиқи он бояд бо хуруҷи нерӯҳои Исроил ва дигар тадбирҳо ҳамзамон пеш равад. Аз ин рӯ, баҳси асосӣ миёни тарафҳо ҳоло на танҳо бар сари халъи силоҳ, балки бар сари пайдарҳамии иҷрои шартҳо мебошад: Исроил мехоҳад аввал ҲАМОС халъи силоҳ шавад, дар ҳоле ки ҷониби фаластинӣ хуруҷи нерӯҳои Исроил ва қатъи ҳамлаҳоро шарти пешрафти раванд медонад.
Бино ба иттилои расонаҳо, рӯзи 17-уми август фиристодаи махсуси Трамп Ҷаред Кушнер бо Натанёҳу мулоқоти тӯлонӣ анҷом дод, аммо музокирот ба пешрафти назаррас дар ҳалли ихтилофҳо нарасид. Бо вуҷуди ин, тарафҳо барои масъалаҳои халъи силоҳ ва бозсозии Ғазза гурӯҳҳои корӣ ташкил карданд. Натанёҳу баъд аз мулоқот ҳам мавқеи худро дар бораи зарурати халъи пурраи ҲАМОС пеш аз хуруҷи нерӯҳои Исроил тағйир надод.
Ҳамин тавр, бо вуҷуди афзоиши талошҳои дипломатӣ ва ҷонибдории кишварҳои минтақа аз нақшаи сулҳи Трамп барои Ғазза, ҳанӯз ҳам Натанёҳу бар хилофи нақша сари халъи силоҳи ҲАМОС пофишорӣ дорад ва ҲАМОС хуруҷи нерӯҳои Исроилро аз Ғазза шарти иҷрои ин раванд медонад.
