Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.
Созишномаи қарзӣ ба маблағи 30 миллион доллар зимни сафари президенти Хазинаи ОПЕК барои рушди байналмилалӣ Абдулҳамид ал-Халифа ба Тоҷикистон ба имзо расид. Ҳамзамон ҷонибҳо нахустин Стратегияи ҳамкориро барои солҳои 2026–2028 имзо карданд, ки идомаи ҳамкориро дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва амнияти озуқаворӣ пешбинӣ мекунад.
Дар марҳилаи аввал бозсозии 82,2 километр аз роҳи 235-километраи Рӯшон — Варзеш, ки ҳамзамон ба долони байналмилалии Душанбе — Кулма — марзи Чин ва шоҳроҳи осиёии AH66 дохил мешавад, пешбинӣ шудааст.
Аммо ин маблағ танҳо як қисми сармоягузории хориҷӣ ба ин тарҳ буда, Бонки исломии рушд қаблан барои марҳилаи аввали ҳамин лоиҳа боз 93,8 миллион доллар ҷудо карда буд. Дар асноди лоиҳа ҳамчунин гуфта мешуд, ки он бо иштироки Хазинаи ОПЕК ва ҳукумати Тоҷикистон муштаракан маблағгузорӣ хоҳад шуд.
Ба ин тартиб, танҳо маблағгузории эълоншудаи ду ниҳоди байналмилалӣ барои марҳилаи аввали бозсозии роҳ ҳадди ақал ба 123,8 миллион доллар мерасад. Дар тарҳ ҳамчунин саҳми молии ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, аммо ҳаҷми дақиқи маблағе, ки аз ҷониби давлат ҷудо мешавад, дар асноди нашршудаи харидорӣ нишон дода нашудааст.
Корҳо ба ду қитъаи асосӣ тақсим шуда, дар қитъаи аввал — Даштишипад — Шидз, ба дарозии тақрибан 40 километр — сохтмони роҳи дуқатора ва се пул пешбинӣ шудааст. Дар қитъаи дуюм — Шидз — Пастхуф, ба дарозии тақрибан 42 километр — сохтмони боз шаш пул ва тақрибан 10 километр роҳи пайвасткунанда дар назар аст. Ҳамчунин насби низоми назорати вазни воситаҳои нақлиёт ва бунёди як маҷмааи бисёрфунксионалии логистикӣ ба тарҳ ворид шудааст.
Ин роҳ барои ВМКБ аҳамияти махсус дошта, тақрибан 217 ҳазор сокини беш аз 370 маҳалли аҳолинишин барои дастрасӣ ба маводи ғизоӣ ва дигар молҳои зарурӣ, муассисаҳои тиббӣ, маориф ва бозорҳо аз ин масири нақлиётӣ вобастаанд ва тақрибан 25 ҳазор нафар аз марҳилаи аввали бозсозии ин қитъаи роҳ баҳраманд мешаванд.
Чаро роҳи стратегӣ боз бо маблағи хориҷӣ сохта мешавад?
Мақомот то ҳол шарҳ надодаанд, ки чаро бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш асосан аз ҳисоби буҷети давлатии Тоҷикистон маблағгузорӣ намешавад.
Аммо таҳлили Хазинаи байналмилалии асъор нишон медиҳад, ки тақрибан 60–70 дарсади сармоягузориҳои давлатӣ дар Тоҷикистон тавассути Барномаи сармоягузории давлатӣ амалӣ мешаванд. Ин барнома пеш аз ҳама барои ҷалби қарзҳо ва грантҳои хориҷӣ пешбинӣ шудааст ва танҳо тақрибан 30–40 дарсади сармоягузории давлатӣ мустақим тавассути буҷет анҷом мешавад.
Ин нишон медиҳад, ки вобастагии тарҳҳои бузурги зербиноӣ аз бонкҳо ва донорҳои байналмилалӣ як ҳолати истисноӣ нест, балки ба яке аз моделҳои асосии маблағгузории рушди кишвар табдил ёфтааст.
Гузашта аз ин, чунин равиш дар сиёсати расмӣ низ дида мешавад. Ҳатто Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ барои соли 2026 аз оғози сохтмон ва бозсозии тақрибан 300 километр роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба маблағи 3 миллиард сомонӣ хабар дода, ба Вазорати нақлиёт дастур дод, ки ҳамкориро бо “шарикони рушд” барои сохтмони роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ густариш диҳад.
Дар миёни тарҳҳое, ки барои соли 2026 эълон шудаанд, роҳҳои Ваҳдат — Обигарм, Гулистон — Кӯлоб, Хоруғ — Роштқалъа, Мурғоб — Кулма, Балҷувон — Сари Хосор, Хистеварз — Конибодом, роҳи давргузари Кӯлоб ва пулҳо дар масири Лаби Ҷар — Сангвор низ ҳастанд.
Обигарм — Нуробод: як роҳ ва чандин сармоягузори байналмилалӣ
Яке аз намунаҳои равшани чунин тарзи маблағгузорӣ сохтмони роҳи Обигарм — Нуробод буда, Бонки осиёии рушд барои қитъаи аввали ин тарҳ 110 миллион доллар грант ва Хазинаи ОПЕК бошад, ба Тоҷикистон барои ҳамин тарҳ боз 40 миллион доллар қарз додааст ва дар тарҳи ибтидоӣ саҳми ҳукумати Тоҷикистон барои ин қисмати роҳ 28,1 миллион доллар арзёбӣ мешуд.
Қитъаи дигари 44-километра бо қарзи давлатии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи то 150 миллион доллар маблағгузорӣ шуда, соли 2024 Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ боз 75,5 миллион доллар қарзро барои сохтмони пули 920-метра аз болои обанбори НБО-и “Роғун” ва роҳҳои ба он пайвастшаванда тасдиқ кард.
Саҳми ҳукумат танҳо дар ҳамин тарҳи алоҳидаи пул тақрибан 5,08 миллион доллар арзёбӣ шудааст, дар ҳоле ки арзиши умумии он ҳудуди 80,58 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ба ин тартиб, маблағгузории як роҳи стратегӣ миёни чанд ниҳоди байналмилалӣ — Бонки осиёии рушд, Хазинаи ОПЕК, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ — тақсим шудааст.
Данғара — Гулистон: грант ва боз як қарзи давлатӣ
Модели монанд барои бозсозии роҳи 49-километраи Данғара — Гулистон низ, ки арзиши умумии тарҳ қариб 144 миллион евро арзёбӣ мешавад, истифода шуда, моҳи октябри соли 2024 Бонки осиёии рушд барои ин тарҳ 86,67 миллион доллар грант тасдиқ кард. Қарор аст роҳ аз ду хат ба чор хат васеъ карда шавад.
Соли 2025 Бонки аврупоии таҷдид ва рушд низ ба маблағгузорӣ пайваст шуда, ба Тоҷикистон то 38 миллион евро қарзи давлатӣ пешниҳод кард.
Тибқи асноди ин бонк, ҳукумат бояд тақрибан 22,5 миллион евро саҳм гузорад, ки қисми зиёди он барои пардохти андозҳо ва дигар хароҷоти вобаста пешбинӣ шудааст.
Беш аз $110 млн грант барои роҳҳои ҷануби кишвар
Бастаи дигари бузурги кумаки хориҷӣ ба роҳҳои вилояти Хатлон равона шуда, соли 2020 Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон барои тарҳи устувории шабакаи роҳҳо 67,49 миллион доллар грант ҷудо кард. Ин тарҳ бозсозии роҳҳои Данғара — Оқмазор ва Ҳулбук — Кангуртро низ дар бар мегирифт. Соли 2022 ба ин тарҳ боз 43,2 миллион доллар маблағгузории грантӣ илова шуд.
Дар маҷмуъ, танҳо дар доираи ҳамин барнома Бонки осиёии рушд барои зерсохтори роҳҳои ҷануби Тоҷикистон беш аз 110,6 миллион доллар кумаки бебозгашт ҷудо кардааст.
Тақрибан $740 млн дар камтар аз ҳафт сол
Танҳо аз рӯйи чанд тарҳи бузурги роҳсозӣ, ки маълумоти онҳо дар асноди ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дастрас аст, аз моҳи декабри соли 2019 то моҳи августи соли 2026 барои Тоҷикистон тақрибан $737 млн маблағгузории хориҷӣ тасдиқ ё ҷудо шудааст.
Тақрибан $307 млн аз ин маблағ ба грантҳо, яъне кумаки бебозгашт, рост омада, ҳудуди $429 млн-и дигар қарзҳо ва дигар шаклҳои маблағгузории бозгардондашаванда мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, сухан танҳо дар бораи чанд тарҳи бузург меравад, ки дар ин матлаб баррасӣ шудаанд. Дигар тарҳҳои роҳсозӣ, ки бо маблағгузории Чин, Бонки ҷаҳонӣ, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони дуҷониба амалӣ шудаанд, ба ин ҳисоб ворид нашудаанд. Аз ин рӯ, ҳаҷми воқеии маблағгузории хориҷӣ ба бахши роҳсозии Тоҷикистон дар ин давра метавонад ба маротиб бештар бошад.
Чаро давлат чунин модели маблағгузориро интихоб мекунад?
Маблағгузории хориҷӣ барои ҳукумат як бартарии муҳим дошта, бонкҳои байналмилалӣ метавонанд барои тарҳҳое, ки татбиқашон чанд сол тӯл мекашад, якбора даҳҳо ё садҳо миллион доллар пешниҳод кунанд ва дар чунин ҳолат зарурати пурра пардохт кардани арзиши сохтмон аз буҷети ҷории давлат ба миён намеояд.
Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, афзоиши хароҷоти сармоявие, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд, метавонад ба ҳукумат имкон диҳад, захираҳои дохилиро барои хароҷоти иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои буҷетӣ истифода кунад.
Аммо саволи асосӣ ин аст, ки чаро баъди даҳсолаҳо татбиқи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ, сохтмони роҳҳои дорои аҳамияти стратегӣ дар Тоҷикистон ҳамоно то ин ҳад ба дарёфти грант ё қарзи нав аз хориҷ вобастаад?
Ва агар шумораи тарҳҳои бузурги зерсохторӣ ва уҳдадориҳои молиявии хориҷӣ ҳамзамон афзоиш ёбанд, чунин модели рушд то куҷо метавонад устувор боқӣ монад?
