Раҳмон дар паради низомӣ аз афсарону сарбозон чӣ хост?

Дар майдони “Истиқлол”-и пойтахт рӯзи 7-уми сентябр ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон паради низомӣ баргузор гардид.

Бар асоси маълумоти расонаҳои давлатӣ, дар ин чорабинӣ Президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, роҳбарони мақомоти давлатӣ, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва беш аз 27 ҳазор афсарону сарбоз иштирок карданд.

Гуфта мешавад, зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон аз сарбозон ва низомиён хост, ки ойинномаҳои низомиро қатъиян риоя намуда, сатҳи масъулиятшиносӣ, интизом ва касбияти худро баланд бардоранд.

Ӯ гуфт: “Талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбият, масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон вазифаи муҳимтарину муқаддаси ҳар як афсар ва сарбоз мебошад.

Ин таъкиди президент дар ҳолест, ки масъалаи муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва марги сарбозон дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон солҳои охир борҳо мавриди баҳс қарор гирифтааст. Ба гуфтаи расонаҳо ва ҳомиёни ҳуқуқ, дар як соли охир ҳадди ақал ҳафт сарбоз дар шароити гуногун ҷон бохтаанд.

Танҳо чанд рӯз пеш аз паради имсола ҷасади Солеҳ Файзиев, сарбози 19-сола, ба пайвандонаш дар ноҳияи Деваштич супурда шуд. Наздиконаш мегӯянд, мақомот сабаби марги ӯро шарҳ надоданд. Ба гуфтаи онҳо, қарор буд Файзиев низ дар паради Рӯзи истиқлол ширкат кунад.

Пештар, моҳи майи соли ҷорӣ низ Эмомалӣ Раҳмон пас аз марги чанд сарбоз аз фармондеҳони Қувваҳои мусаллаҳ талаб карда буд, ки барои таъмини “интизом, риояи ойинномаҳои ҳарбӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо дар қисмҳои низомӣ” тадбирҳои ҷиддӣ андешанд. Вале, дида мешавад, ки ин “таъкиду супоришҳо” танҳо дар ҳадди сухан ва рӯи коғаз боқӣ мемонанд ва ҳеч тағйироти ҷиддиеро ба вуҷуд намеоранд.

Ҳомиёни ҳуқуқ бар ин назаранд, ки муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва бадрафторӣ дар баъзе қисмҳои ҳарбӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки метавонанд ба марги сарбозон ё қасди ҷони худ кардани онҳо оварда расонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аврупо мехоҳад муҳоҷирони ғайриқонуниро ба кишварҳои сеюм ихроҷ кунад

Баъзе кишварҳои аврупоӣ талош доранд, то охири соли ҷорӣ бо кишварҳои берун аз Иттиҳоди Аврупо барои таъсиси марказҳои бозгардонии муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба созиш бирасанд.

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.