Шумори қурбониёни ҷанги Ғазза баъд аз эълони оташбас аз 1300 кас гузашт

Вазорати тандурустии Ғазза рӯзи душанбе, 7-уми сентябр эълом кард, ки дар 24 соати гузашта дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба ин борика 7 кас кушта шуда ва 30 захмии дигар ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, бо вуҷуди эълони оташбас миёни Исроил ва ҲАМОС ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба минтақаҳои гуногуни Ғазза, бахусус маконҳо ва хаймаҳои оварагон идома дорад, ки дар пайҳи ҳар ҳамла даҳҳо нафар кушта ва захмӣ мешаванд.

Вазорати тандурустии Ғазза ҳамчунин дар омораш, таъкид мекунад, ки аз замони иҷрои оташбас дар моҳи октябри соли 2025 то имрӯз Исроил бо ҳамлаҳояш дар Ғазза 1352 нафарро кушта ва 4511 нафари дигарро захмӣ кардааст.

Аммо, бар асоси омори ин ниҳод, аз оғози ҷанги Исроил бо ҲАМОС дар моҳи октябри соли 2023 то имрӯз дастикам 73 ҳазору 658 нафар дар Навори Ғазза кушта ва беш аз 174 ҳазор нафар захмӣ шудаанд. Ҳазорон нафар низ эҳтимолан то ҳол зери харобаҳои биноҳои тахрибшуда қарор доранд.

Гузориши ахири Reuters низ тасдиқ мекунад, ки бо вуҷуди оташбасе, ки бо миёнҷигарии ИМА, ҳамлаҳои низомии Исроил дар Ғазза идома доранд. Аз ҷумла, рӯзи 6-уми сентябр дар чанд ҳамла дастикам чор нафар, аз ҷумла кӯдакон, кушта шудаанд. Reuters менависад, ки аз замони оташбас беш аз 1300 фаластинӣ кушта шудаанд. Чизе, ки Вазорати тандурустии Ғазза онро тасдиқ мекунад.

Ёдовра мешавем, ки ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза баъд аз ҳамлаи ҲАМОС ба Исроил дар 7-уми октябри соли 2023 оғоз шуд. Дар натиҷаи он, ба гуфтаи мақомоти Исроил, тақрибан 1200 нафар кушта ва садҳо нафар гаравгон гирифта шуданд. Исроил баъдан амалиёти густурдаи низомиро дар Навори Ғазза оғоз кард.

Аммо, баъд аз харобиҳои зиёд дар моҳи октябри соли 2025 ташбаси бо тарҳи пешниҳодии Амрико ва миёнҷигарии чанд кишвари минтақа ба ҷангҳои густурда хотима бахшид. Вале, ба гуфтаи расонаҳо, амалиёти низомии Исроил дар Ғазза ҳанӯз ҳам идома дорад. Исроил ин амалиётро бо зарурати пешгирии ҳамлаҳои ҲАМОС ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи фаластинӣ асоснок мекунад, дар ҳоле ки ҲАМОС Исроилро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунад.

Созмони Милали Муттаҳид низ дар гузоиршҳояш вазъи инсонӣ дар Ғаззаро “асафбор” гуфта, талафоти ғайринизомиёнро “нигаронкунанда” арзёбӣ карда буд. Ҳамзамон Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва дигар созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон вазъи Ғаззаро ҳамчун як буҳрони ҷиддии башардӯстона арзёбӣ карда, монеъ шудани вуруди кумакҳои башардӯстона аз ҷониби Исроил ба аҳолии Ғаззаро нақзи ҳуқуқҳои байналмилалӣ медонанд. Бархе аз кишварҳо ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон яке аз сабабҳои бад шудани вазъи инсонӣ дар ин борикаро бидуни ҷазо мондани ҷинояткорони ҷангӣ арзёбӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳмон дар паради низомӣ аз афсарону сарбозон чӣ хост?

Дар майдони "Истиқлол"-и пойтахт рӯзи 7-уми сентябр ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон паради низомӣ баргузор гардид.

Аврупо мехоҳад муҳоҷирони ғайриқонуниро ба кишварҳои сеюм ихроҷ кунад

Баъзе кишварҳои аврупоӣ талош доранд, то охири соли ҷорӣ бо кишварҳои берун аз Иттиҳоди Аврупо барои таъсиси марказҳои бозгардонии муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба созиш бирасанд.

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.