Дар Русия мехоҳанд шумори кӯдакони хориҷиро дар мактабу кӯдакистонҳо маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод шудааст, ки шумори кӯдакони хориҷӣ дар мактабҳо, кӯдакистонҳо ва коллеҷҳо аз 25 дарсади хонандагон зиёд набошад. Яъне, агар дар мактабе 400 хонанда таҳсил кунад, теъдоди хориҷиён бояд ҳамагӣ 100 нафарро ташкил диҳад.

Владимир Сисоев, муовини аввали роҳбари фраксияи Ҳизби либерал-демократии Русия (ЛДПР), ба нахуствазири ин кишвар Михаил Мишустин бо ин тарҳ муроҷиат намуда, пешниҳод кардааст, ки ин маҳдудият аз соли 2027 ҷорӣ шавад.

Ба назари ин вакил, ҳангоми қабули кӯдакон ба муассисаҳои таълимӣ бояд пеш аз ҳама ба фарзандони шаҳрвандони Русия ҷой дода шавад, чун ба иддаои ӯ, зиёд будани хонандагоне, ки забони русиро хуб намедонанд, кори омӯзгоронро душвор мекунад.

Сисоев мегӯяд, пешниҳодаш ба маънои манъи таҳсили хориҷиён нест, вале ӯ шарҳ надодааст, ки агар ҷойҳои барои хориҷиён ҷудошуда дар мактабҳои наздик пур шаванд, кӯдакон чӣ гуна ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Ин пешниҳод аз ҷониби Сисоев дар ҳолест, ки Русия қаблан низ қабули фарзандони муҳоҷиронро ба мактабҳо мушкилтар карда буд. Аз 1-уми апрели соли 2025 барои шомил шудан ба мактаб бояд қонунӣ будани ҳузури кӯдак дар кишвар тасдиқ шавад ва ӯ аз санҷиши ройгони забони русӣ гузарад. Кӯдаке, ки аз ин санҷиш намегузарад, ба мактаб қабул намешавад.

11-уми сентябри соли 2025, раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин натиҷаҳои аввалини ин маҳдудиятҳоро мусбат арзёбӣ карда, гуфта буд, ки дар панҷ моҳ барои қабули 23 ҳазору 616 фарзанди муҳоҷирон ба мактабҳо ариза пешниҳод шудааст, аммо танҳо 2 ҳазору 964 нафар (ҳудуди 12,6 дарсад)-и онҳо қабул шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, 87,4 дарсади боқимонда ё аз имтиҳони забони русӣ нагузаштаанд ё қонунӣ будани ҳузурашон дар Русияро тасдиқ накардаанд. Володин инро натиҷаи қонуни нав номид ва гуфт, ҳадафи он беҳтар кардани раванди таълим ва кумак ба кӯдакон барои мутобиқ шудан ба муҳити мактаб ва аз худ кардани дарсҳо мебошад.

Аммо коршиносони соҳаи таълим ва таҳлилгарон аз ин қонун интиқод карда, ҳушдор дода буданд, ки он боиси дур мондани наврасон аз таълиму тарбия ва наздик шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ мегардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон ва БАТР барои сармоягузорӣ то соли 2030 харитаи роҳ таҳия мекунанд

Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои ҳамкории сармоягузорӣ дар солҳои 2026–2030 ёддошти тафоҳум имзо карданд.

Раҳмон ба Сеул рафт: Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи Корея ба Осиёи Марказӣ чӣ ба даст меорад?

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15-уми сентябр барои иштирок дар нахустин ҳамоиши сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ ба Сеул сафар кард.

Сарзаниши хонанда аз ҷониби омӯзгор баҳси наверо дар ҷомеа барангехт

Нашри навори сарзаниши як омӯзгор аз хонандаи синфи сеюм барои надоштани дафтар, вокунишҳои зиёдеро миёни корбарон ба вуҷуд овардааст.

Умар Кремлёв кист? Аз робита бо оилаи Трамп то ҳамкорӣ бо Душанбе

Номи Умар Кремлёв, раиси Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA), баъди нашри таҳқиқоти нашрияи амрикоии ProPublica дубора дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт.