Бо дахолати Амрико Лукашенко 25 маҳбуси сиёсиро озод кард

Беларус 17-уми сентябр 25 маҳбуси сиёсиро аз зиндон озод кард. Озодии онҳо дар пайи музокироти фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида Ҷон Коул бо президенти Беларус Александр Лукашенко сурат гирифтааст. Дар иваз, Вашингтон эълон кард, ки бахше аз таҳримҳои зидди ду ширкати давлатии Беларусро сабук мекунад.

Ба гуфтаи Ҷон Коул, дар шабакаи Х музокирот миёни ду ҷониб беш аз як сол боз идома дорад ва ҳадафи асосӣ озод кардани маҳбусони сиёсӣ, рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар боздоштшудагон мебошад. Ӯ изҳори умед кардааст, ки дар давоми ҳафтаҳои наздик садҳо нафари дигар низ метавонанд озод шаванд.

Дар миёни озодшудагон рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва дигар шахсоне ҳастанд, ки созмонҳои байналмилалӣ онҳоро маҳбусони сиёсӣ медонанд. Аммо мақомоти Беларус ҳамоно мавҷудияти “маҳбусони сиёсӣ”-ро рад карда, мегӯянд ҳамаи боздоштшудагон барои нақзи қонун маҳкум шудаанд.

Ин нахустин чунин созиш миёни Минск ва Вашингтон нест. Аз соли 2025 ба ин сӯ, бо миёнҷигарии Иёлоти Муттаҳида садҳо маҳбуси сиёсӣ дар чанд марҳила озод шудаанд ва дар баробари он Амрико қисме аз таҳримҳои худро сабук кардааст. Бо вуҷуди ин, созмони ҳуқуқи башари Viasna мегӯяд, то ҳол садҳо маҳбуси сиёсӣ дар зиндонҳои Беларус боқӣ мондаанд.

Ҳуқуқшиносон ва намояндагони мухолифин бар ин назаранд, ки ин озодиҳо маънои тағйири сиёсати дохилии ҳукумати Беларусро надоранд. Ба гуфтаи онҳо, боздоштҳои нав идома доранд ва мақомоти кишвар аз масъалаи маҳбусон ҳамчун василаи музокирот бо Ғарб истифода мебаранд.

Мавҷи асосии боздоштҳои сиёсӣ дар Беларус пас аз интихоботи президентии моҳи августи соли 2020 оғоз шуд. Он интихобот бо эътирозҳои бесобиқа алайҳи Александр Лукашенко ҳамроҳ гардид. Эътирозҳо бо дахолати нерӯҳои амниятӣ саркӯб шуданд, ҳазорон нафар боздошт ва садҳо мухолиф, рӯзноманигор ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои гурехтан аз таъқиб кишварро тарк карданд. Созмонҳои байналмилалӣ он рӯйдодҳоро яке аз бузургтарин маъракаҳои саркӯби сиёсӣ дар таърихи муосири Беларус арзёбӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баъди гузориши Azda.tv директори мактаб аз мақомаш барканор шуд

Волидоне, ки қаблан аз пулситонӣ дар мактаби №6-и шаҳри Ваҳдат шикоят доштанд, мегӯянд, пас аз нашри гузориши Azda.tv директори мактаб аз вазифааш барканор шуд.

Дар роҳ ба сӯи Эрон 17 нафар аз ташнагӣ ҷон бохтанд

Дастикам 17 муҳоҷири афғон, аз ҷумла занону кӯдакон, ҳангоми талоши расидан ба Эрон дар роҳ бар асари ташнагӣ ҷон бохтанд.

Аз танишҳои лафзӣ байни Русия ва Лаҳистон то ҳушдори амниятӣ

Пас аз изҳори назари вазири корҳои хориҷии Лаҳистон Радослав Сикорский дар бораи ҷанги Русия ва Украина таҳдидҳои лафзӣ байни Маскав ва Варшава шиддат гирифтааст.

Дар Русия мехоҳанд шумори кӯдакони хориҷиро дар мактабу кӯдакистонҳо маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод шудааст, ки шумори кӯдакони хориҷӣ дар мактабҳо, кӯдакистонҳо ва коллеҷҳо аз 25 дарсади хонандагон зиёд набошад.