Иқтисод рушд мекунад, вале қарзҳо ҳам зиёд мешаванд. Чаро?

Президент мегӯяд, сол ба сол иқтисоди кишвар рушд мекунад, вале аз сӯи дигар намояндагони ҳукумат аз кишварҳои хориҷ қарз талаб мекунанд.

Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки вазири ин ниҳод Файзиддин Қаҳҳорзода дар шаҳри Лондон бо роҳбарони бонкҳои сармоягузории “Citigroup Inc.”, “Oppenheimer & Co. Inc.” ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) мулоқот намуда, Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории молиявӣ ба имзо расонидааст.

Ин музокироти молиявӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари расмии худ ба Сеул дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратӣ суханронӣ карда, таъкид намуд, ки дар бист соли охир суръати солонаи рушди иқтисоди кишвар ба ҳисоби миёна 7,8 дарсадро ташкил додааст. Дар доираи ин сафар миёни ду кишвар 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Аммо, аз назари коршиносони мустақил, ҳамзамон сурат гирифтани ин ду рӯйдод чанд нуктаи муҳимро ба миён меорад:

  • Ниёз ба қарзгирии нав: Музокироти мустақим бо бонкҳои сармоягузорӣ дар Лондон баёнгари он аст, ки ҳукумат бо изҳороташ дар бораи рушд, ҳанӯз ҳам ба ҷалби маблағҳои хориҷӣ ва судури вомбаргҳои нав (Eurobonds) барои лоиҳаҳои бузурги худ (ба монанди НБО “Роғун”) сахт ниёз дорад.
  • Сарбории молиявӣ бар дӯши мардум: Ношаффоф будани шартҳои ин созишномаҳо ва фоизҳои баъдии онҳо метавонад сарбории қарзи хориҷии кишварро сангинтар кунад.
  • Тазод бо воқеияти иҷтимоӣ: Эълони рушди 7,8-дарсадӣ дар ҳолест, ки бахши аъзами оилаҳо дар Тоҷикистон ба пули муҳоҷирони корӣ вобаста буда, сатҳи зиндагии мардум тағйири чашмрасе накардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Камарбанди сиёҳ, доктори фахрӣ ва “дастхати муқаддас”-и Раҳмон дар Корея

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ соҳиби дани фахрии 9-уми таэквондо ва унвони доктори фахрии Донишгоҳи Корея шуд.

Бо дахолати Амрико Лукашенко 25 маҳбуси сиёсиро озод кард

Пас аз муокирот бо намояндаи вежаи Амрико, мақомоти Беларус 17-уми сентябр 25 маҳбуси сиёсиро аз зиндон озод карданд.

Баъди гузориши Azda.tv директори мактаб аз мақомаш барканор шуд

Волидоне, ки қаблан аз пулситонӣ дар мактаби №6-и шаҳри Ваҳдат шикоят доштанд, мегӯянд, пас аз нашри гузориши Azda.tv директори мактаб аз вазифааш барканор шуд.

Дар роҳ ба сӯи Эрон 17 нафар аз ташнагӣ ҷон бохтанд

Дастикам 17 муҳоҷири афғон, аз ҷумла занону кӯдакон, ҳангоми талоши расидан ба Эрон дар роҳ бар асари ташнагӣ ҷон бохтанд.