Кабирӣ рафт, кӣ омад?

Интихоби раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд.

Имрӯз, 19-уми сентябри соли 2026 дар шаҳри Вилнюси Литва интихоботи раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон (НИТ) баргузор гардид.

Дар ин интихобот ду нафар номзадии худро пешниҳод карданд: Абдуқодир Шехов ва Исломиддин Саидов. Раиси феълии ин ҳаракат Муҳиддин Кабирӣ номзадии худро пешниҳод накард.

Ба иттилои манбаъ, дар интихобот беш аз 25 нафар аз аъзои Раёсати олии НИТ (20 ҳузурӣ ва 1 нафар бо мактуб ва 4 нафар онлайнӣ) ширкат ва овоз доданд. Дар натиҷаи овоздиҳӣ аз миёни се номзад раиси нави ҳизб интихоб гардид.

Пас аз ҷаласа ҳамоиши махсусе доир гардид. Тибқи эълони расмии натиҷаи интихобот Исломиддин Саидов бо касби 64% овозҳо ҳамчун раиси нави НИТ эълон шуд.

Ҳамин тавр, пас аз тақрибан 20 соли раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, Наҳзати исломии Тоҷикистон раҳбари нави худро интихоб кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Давоми силсилаи боздоштҳо: панҷ сокини Язгулом дар масҷид дастгир шуданд

Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе панҷ нафарро бо гумони алоқамандӣ ба ҳаракатҳои ифротгароӣ боздошт карданд.

ИМА дар ҳамдастӣ ба ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” як шаҳрванди Афғонистонро маҳкум кард

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамала ба толори "Крокус Сити Ҳолл" ба зиндон маҳкум шуд.

Камарбанди сиёҳ, доктори фахрӣ ва “дастхати муқаддас”-и Раҳмон дар Корея

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ соҳиби дани фахрии 9-уми таэквондо ва унвони доктори фахрии Донишгоҳи Корея шуд.

Иқтисод рушд мекунад, вале қарзҳо ҳам зиёд мешаванд. Чаро?

Президент мегӯяд, иқтисод 7,8% рушд кардааст, вале намояндагони ҳукумат дар Лондон барои ҷалби сармоя бо бонкҳо ва муассисаҳои молӣ гуфтушунид доранд.