Тарс аз таҳримҳо: Бонки “Ҳумо” суратҳисоби русҳоро мебандад

Бонки “Ҳумо”-и Тоҷикистон ба мизоҷони хориҷии худ, бахусус шаҳрвандони Русия паём фиристода, онҳоро аз маҳдуд ё баста шудани кортҳои бонкиашон аз 1-уми октябр огоҳ кардааст.

Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки низоми бонкии Тоҷикистон таҳти назорати шадиди молиявии байналмилалӣ қарор дошта, кӯшиш мекунад худро аз хатарҳои пайвастан ба таҳримҳо канор кашад.

Тавре Moscow Times хабар додааст, мувофиқи огоҳиномаҳои фиристодашуда, бонк аз мизоҷони хориҷӣ талаб кардааст, ки то 30-уми сентябр шахсан ба филиалҳои “Ҳумо” дар ҳудуди Тоҷикистон ҳозир шуда, раванди идентификатсияи биометриро гузаранд. Дар ғайри ин сурат, хидматрасонӣ ба онҳо мутаваққиф мегардад.

Чандин мизоҷи хориҷии ин бонк шикоят кардаанд, ки чанд рӯз инҷониб ҳангоми баровардани маблағҳо ва интиқоли пул ба суратҳисобҳои дигар ба мушкилоти техникӣ дучор шудаанд ва посухи дақиқ намегиранд. Бонк дар посух ба муроҷиатҳо изҳор доштааст, ки хидматрасониро ба гурӯҳҳои алоҳидаи шахсони ғайрирезидент маҳдуд мекунад.

Ҳарчанд ин маҳдудият расман нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ эълон шудааст, аммо коршиносон таъкид мекунанд, ки ҷорӣ кардани шароити сахтгиронаи бонкӣ ба муҳоҷирати корӣ ва гардиши молиявии миёни Тоҷикистону Русия низ таъсири худро мерасонад.

Дар шароите, ки ҳазорон муҳоҷири корӣ барои фиристодани маблағ ба оилаҳояшон аз замимаҳои бонкӣ ва кортҳои Тоҷикистон истифода мебаранд, ҳар гуна тағйирот ва сахтгирӣ дар низоми гузаронидани пул метавонад раванди интиқолро мушкилтар созад.

Фишорҳои сиёсӣ ва таҳримҳои байналмилалӣ

Бонки “Ҳумо”, ки дар заминаи ташкилоти микромолиявӣ таъсис ёфта, соли 2025 иҷозатномаи пурраи бонкиро ба даст оварда, ҳоло ба беш аз 300 ҳазор муштарӣ дар дахил ва хориҷи кишвар хидматрасонӣ мекунад.

Ба назари коршиносон, иқдоми охири бонк ба паёмадҳои таҳримҳои байналмилалӣ рабт дорад. Қаблан чандин бонки Тоҷикистон, аз ҷумла “Душанбе Сити”, “Спитаменбанк” ва “Коммерсбанки Тоҷикистон” таҳти таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор гирифта буданд ва маҷбур шуданд интиқоли пулро маҳдуд кунанд. Барои пешгирӣ аз таҳримҳои сояфкан ва нигоҳ доштани дастрасӣ ба бозори молиявии ҷаҳонӣ, бонкҳои кишвар маҷбуранд талаботи назорати молиявиро нисбат ба ғайрирезидентон ба таври бесобиқа сахттар кунанд.


Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ОМ пасттарин иқтисодро дорад

Тоҷикистон дар миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ яке аз хурдтарин иқтисодҳоро дорад.

Барқи офтобӣ барои 64 ҳазор аҳолии Бадахшон: “лимит” аз байн меравад?

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои офтобӣ, бодӣ ва обӣ, зеристгоҳ ва хатти нави интиқоли барқ ифтитоҳ шуд.

Кишварҳои ИА барои таҳияи механизми бозгардонии муҳоҷирон мувофиқат карданд

Вазирони корҳои дохилӣ ва муҳоҷирати 18 кишвари аврупоӣ ба таҳияи механизми нави вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар марзҳои берунии Иттиҳоди Аврупо мувофиқат карданд.

Тоҷикистон бори аввал номзадии худро ба Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод кард

Тоҷикистон дар таърихи худ бори аввал номзадияшро ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои Бехатарии СММ барои солҳои 2028–2029 пешниҳод кард.