Ҳавопаймои ширкати “Flydubai”, ки аз Дубай ба самти Тел-Авив парвоз мекард, рӯзи 30-уми сентябр ҳангоми парвоз масири худро тағйир дода, дар шаҳри Табук – шимолу ғарби Арабистони Саудӣ нишасти изтирорӣ анҷом дод.
Бар асоси маълумоти хадамоти пайгирии парвозҳо — “Flightradar24”, ҳавопаймои “Boeing 737” ҳангоми парвоз аввал рамзи 7700-ро фиристод, ки барои нишон додани ҳолати умумии изтирорӣ истифода мешавад. Пас аз чанд дақиқа рамзи 7500 фиристод, ки ин рамз ба маънои дахолати эҳтимолии ғайриқонунӣ ба идораи ҳавопаймо, аз ҷумла эҳтимоли рабуда шудани он, истифода мешавад. Баъдан ҳавопаймо масири худро тағйир дода, ба самти Арабистони Саудӣ ҳаракат кардааст.
Ширкати “Flydubai” тасдиқ кард, ки дар дохили ҳавопаймо як ҳодиса рух додааст ва ҳавопаймо дар фурудгоҳи Табук бомуваффақият нишаст, аммо ҷузъиёти ҳодисаро нагуфта, танҳо таъкид кардааст, ки барои муайян кардани ҷузъиёти ҳодиса бо мақомоти дахлдор ҳамкорӣ дорад.
Дар ҳамин ҳол “Reuters” дар истинод ба як мақоми исроилӣ хабар додааст, ки сигналҳои изтирорӣ эҳтимолан пас аз муноқишаи ҷисмонӣ миёни ду халабон фиристода шудаанд. Баъдан ду мақоми дигари исроилӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки мақомоти Исроил эҳтимоли ҳамлаи террористии қасдиро низ баррасӣ мекунанд.
Расонаҳои исроилӣ навиштаанд, ки яке аз халабонҳо шаҳрванди Уммон ва дигарӣ шаҳрванди Имороти Муттаҳидаи Араб будааст. Тибқи фарзияи пешакӣ, миёни онҳо муноқиша сар зада ва эҳтимол меравад, ки яке аз халабонҳо ба дигарӣ бо корд ҳамла кардааст. Пештар гуфта мешуд, ки халабонҳо шаҳрвандони Русия ва Украина мебошанд.
Манбаъҳои исроилӣ иддао доранд, ки баъди ин ҳамла барои назорат ва идораи ҳавопаймо ҷанҷол сар зада, мусофирон ва аъзои дигари ҳайати парвоз барои ба даст гирифтани вазъ ба экипаж кумак кардаанд.
Маълумоти “Flightradar24” нишон медиҳад, ки ҳавопаймо ҳангоми парвоз дар муддати камтар аз ним дақиқа тақрибан 14 ҳазор фут, ё беш аз 4 ҳазор метр, поён фаромадааст. Пас аз он Boeing 737 парвози худро идома дода, дар ниҳоят дар Табук ба замин нишастааст.
Фурудгоҳи байналмилалии Амри Султон бин Абдулазиз дар шаҳри Табуки Арабистони Саудӣ иттилоъ дод, субҳи рӯзи чоршанбе, соати 8:44 ба вақти маҳаллӣ аз парвози рақами FZ1073 паёми изтирорӣ дарёфт карда, дар фурудгоҳ ҳолати изтирорӣ эълон шуд. Ҳавопаймои мазкур соати 9:45 ба вақти маҳаллӣ ба замин нишаст. Баъдтар маълум гардид, ки капитани парвоз ҳамроҳи халабони кумакрасон захми шадид бардоштаанд ва дарҳол ба бемористон интиқол ёфтанд.
Бо вуҷуди ин, то ҳол тамоми ҷузъиёти ҳодиса, аз ҷумла сабабҳои дақиқи муноқиша миёни халабонҳо, ҳолатҳои маҷруҳ шудани онҳо ва амалҳои эҳтимолии яке аз аъзои экипаж ба таври расмӣ муайян нашудааст. Маълумот дар бораи воқеаҳои дохили ҳавопаймо, аз ҷумла муноқишаи халабонҳо бар асоси нақли мусофирон ва гузоришҳои расонаҳои исроилӣ нашр шудаанд. “Flydubai” то ҳол расман фарзияи кӯшиши яке аз халабонҳо барои сарнагун кардани ҳавопаймо ё ҳамлаи террористиро тасдиқ накардааст.
Мақомоти Исроил низ дар марҳилаи аввал гуфта буданд, ки ҳодисаи мазкурро набояд рабуда шудани ҳавопаймо арзёбӣ кард. Баъдан, пас аз пайдо шудани маълумоти нав дар бораи муноқишаи эҳтимолии миёни халабонҳо, фразияи ҳамлаи қасдӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
