Раҳбари ҳизби “Справедливая Россия” Сергей Миронов пешниҳод кардааст, ки ҳангоми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ то 3 дарсад маблағи иловагӣ ситонида шавад. Ӯ ин пешниҳодро рӯзи 2-уми октябр дар суҳбат бо NEWS.ru бори дигар матраҳ кардааст.
Ба иддаои Миронов, муҳоҷирон ва шаҳрвандони нави Русия ҳамасола то 9,5 миллиард доллар ё тақрибан 791 миллиард рубл ба хориҷи кишвар мефиристанд. Ба назари ӯ, агар аз ҳар интиқол 3 дарсад маблағи иловагӣ гирифта шавад, буҷаи Русия метавонад ҳар сол ҳадди ақал 45 миллиард рубл даромад ба даст орад.
Лоиҳаи чунин қонунро гурӯҳи вакилони фраксияи “Русияи одил — Барои ҳақиқат” таҳти роҳбарии Миронов ҳанӯз 22-уми июни соли 2026 ба Думаи давлатӣ пешниҳод карда буданд. Дар он пешниҳод шуда буд, ки ҳангоми интиқоли маблағ аз Русия ба хориҷ аз шахсони воқеӣ то 3 дарсади маблағи интиқол ситонида шавад ва ин қоида ба интиқолҳое дахл дошт, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ вобаста нестанд.
Аммо лоиҳа то марҳилаи баррасии он дар хониши аввал нарасида, рӯзи 6-уми июл Шӯрои Думаи давлатӣ онро бо сабаби риоя нашудани талаботи дастури Думаи давлатӣ дар марҳилаи омодасозии лоиҳа ба муаллифонаш баргардонд.
Бо вуҷуди ин, Миронов ҳоло ҳам аз зарурати ҷорӣ кардани чунин пардохт гуфта, изҳори умедворӣ кардааст, ки ин масъала дар иҷлосияи тирамоҳии Дума дубора баррасӣ шавад.
Миронов ҳангоми пешниҳоди ин ташаббус ҳаҷми маблағҳои аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ фиристодашавандаро яке аз далелҳои асосии худ номида буд.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2025 аз Русия ба Узбекистон тақрибан 15 миллиард доллар ва ба Қирғизистон 3,2 миллиард доллар интиқол дода шудааст. Дар мавриди Тоҷикистон Миронов ҳаҷми интиқоли маблағҳоро аз 7 то 9 миллиард доллар дар як сол арзёбӣ карда, гуфта буд, ки ин маблағ ба тақрибан 45 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар аст.
Агар пешниҳоди 3-дарсадии Мироновро танҳо барои ҳисоб ба ин рақам татбиқ кунем, аз 7–9 миллиард доллар интиқол тақрибан 210–270 миллион доллар маблағи иловагӣ аз муҳоҷирон ситонида мешавад.
Ҳаҷми интиқоли маблағ аз хориҷ барои иқтисоди Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Маблағҳое, ки муҳоҷирони корӣ ба кишвар мефиристанд, барои бисёре аз хонаводаҳо манбаи асосии даромад ба ҳисоб мераванд ва ҳамзамон ба хароҷоти дохилӣ ва фаъолияти иқтисодӣ таъсир мерасонанд.
Тибқи маълумоти Бонки рушди Авруосиё, дар семоҳаи аввали соли 2026 ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин тибқи охирин маълумоти дастрас аз Бонки Ҷаҳонӣ, маблағҳои интиқолии шаҳрвандон ба Тоҷикистон ба 57,7 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст.
Бояд гуфт, қисми зиёди муҳоҷирони кории тоҷик маҳз дар Русия кор мекунанд ва Русия яке аз манбаъҳои асосии интиқоли маблағ ба Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, тағйирот дар қоидаҳои интиқоли пул дар Русия метавонад на танҳо ба худи муҳоҷирон, балки ба хонаводаҳои онҳо дар Тоҷикистон низ таъсир расонад.
Агар пардохти 3-дарсадӣ қабул шавад, ҳангоми фиристодани пул ба Тоҷикистон муҳоҷирон бояд маблағи иловагӣ пардохт кунанд ё дар сурати нигоҳ доштани маблағи пардохт аз ҷониби оператор, хонаводаи муҳоҷир метавонад маблағи камтар дарёфт кунад.
