Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Марат Хуснуллин муовини раиси ҳукумати Русия масоили ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд.
Бино ба иттилои Дафтари матбуоти раисҷумҳур, мулоқоти Ҳуснуллин бо Раҳмон рӯзи 1-уми октябр дар Душанбе баргузор гардида, ҷонибҳо масъалаҳои сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, нақлиёту логистика, энергетика, инфрасохтор ва воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русияро баррасӣ кардаанд.
Хуснуллин, ки муовини Раиси Ҳукумати Русия ва ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ аст, аз ҷумла масъалаи татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохториро баррасӣ кардааст.
Аммо дар иттилои расмӣ на ҳаҷми сармоягузориҳои нави Русия, на арзиши лоиҳаҳои зикршуда ва на муҳлати иҷрои онҳо гуфта шудааст.
Ин дар ҳолест, ки вобастагии Тоҷикистон аз бозори Русия, хусусан дар бахши воридоти нафту сӯзишворӣ хеле зиёд аст. Тибқи омори Агентии омори Тоҷикистон, Русия дар соли 2024 бо 26,9 дарсади ҳаҷми умумии воридоти кишвар дар ҷойи аввал қарор дошт.
Ҳамзамон, сохтори савдо нишон медиҳад, ки ин муносибатҳо барои Тоҷикистон бештар ба воридот такя доранд. Дар нимсолаи аввали соли 2025 Русия 26,9 дарсади воридоти Тоҷикистонро ташкил дода, ҳиссааш дар содироти Тоҷикистон 5,6 дарсад будааст.
Масъалаи дигаре, ки дар иттилои расмӣ ҷузъиёташ маълум нест, таъсири лоиҳаҳои муштараки эълоншуда ба иқтисоди дохилии Тоҷикистон аст: чанд корхона таъсис дода мешавад, чӣ қадар ҷойи корӣ фароҳам меояд ва саҳми воқеии сармояи Русия дар ин тарҳҳо чӣ қадар хоҳад буд.
Дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон ба “шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии” худ бо Русия арҷ мегузорад.
Коршиносон мегӯянд, масъалаи асосӣ на танҳо эълони лоиҳаҳои нав, балки натиҷаи воқеии онҳо барои иқтисоди Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи таҳлилгарон Темур Умаров ва Руслан Норов, муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия ҳамоно бо вобастагии назарраси Тоҷикистон аз бозори Русия ва воридоти он тавсиф мешаванд.
Аз ин рӯ, татбиқи корхонаҳои муштарак, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар тарҳҳое, ки дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Марат Хуснуллин баррасӣ шуданд, метавонад нишон диҳад, ки ин ҳамкорӣ то куҷо аз доираи созишу эъломияҳо берун рафта, ба иқтисоди воқеии Тоҷикистон таъсир мегузорад.
