Эътирозҳои хонандагони мактабҳои миёна дар Фаронса, ки аз нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз шуданд, то ҳол идома доранд.
Ба иттилои расонаҳои байналмилалӣ, нахустин ҳаракатҳо аз минтақаи Кретей (Créteil), дар канори Париж оғоз шуда, баъдан ба садҳо муассисаи таълимӣ дар саросари кишвар паҳн гардид.
Хонандагон мегӯянд, ки норасоии омӯзгорон, серодамии синфҳо, фарсуда будани биноҳои таълимӣ, камбуди маблағгузорӣ ва мушкилоти низоми таҳсил аз сабабҳои асосии эътирозҳо мебошанд. Дар бисёр мактабҳо даромадгоҳҳо баста шуда, дарсҳо қисман ё пурра қатъ гардиданд.
Дар ҷараёни бархе аз эътирозҳо миёни тазоҳургарон ва пулис низ даргириҳо рух додааст. Ба гуфтаи мақомоти Фаронса, аз оғози эътирозҳо беш аз 6 ҳазор нафар, ки аксари онҳо ноболиғанд, боздошт шудаанд. Ҳамчунин садҳо хонанда, корманди мактаб ва пулис ҷароҳат бардоштаанд.
Масъалаи нақши нерӯҳои сиёсӣ низ ба мавзуи баҳс табдил ёфтааст. Мақомоти Фаронса баъзе намояндагони ҳизби чапгарои La France Insoumise (LFI)-ро ба ташвиқ ё ҳимоят аз эътирозҳо муттаҳам кардаанд. Дар навбати худ, намояндагони ин ҳизб ин иддаоҳоро рад намуда, мегӯянд, ки танҳо аз талаботи хонандагон барои беҳтар шудани вазъи соҳаи маориф пуштибонӣ мекунанд. Ҳамзамон худи хонандагон низ дар суҳбат бо расонаҳо гуфтаанд, ки ҳаракати онҳо мустақилона ва асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил шудааст. (Le Monde.fr)
Эътирозҳо ба яке аз бузургтарин ҳаракатҳои хонандагон дар Фаронса дар солҳои охир табдил ёфта, ҳукумати ин кишварро водор кардааст, ки барои баррасии мушкилоти соҳаи маориф ва идомаи муколама бо намояндагони хонандагон чораҳо андешад.
