Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳукми боздошти раҳбарони Толибонро содир кард

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ДБҶ) барои боздошти чаҳор мақоми баландпояи Толибон ҳукм содир кардааст. Додгоҳ онҳоро ба таъқиби занон, духтарон ва дигар афроде, ки сиёсати ин гурӯҳро қабул надоранд, муттаҳам мекунад.

ДБҶ рӯзи 5-уми октябри соли ҷорӣ эълон кард, ки ҳукмҳои боздошт алайҳи Ҳайбатуллоҳ Охунзода, раҳбари Толибон, Абдулҳаким Ҳаққонӣ, раиси Додгоҳи олии ин гурӯҳ, Ҳабибуллоҳ Оғо, вазири маориф ва Нидо Муҳаммад Надим, вазири таҳсилоти олӣ содир шудаанд.

Ба иттилои Додгоҳ, ҳукмҳои боздошт дар солҳои 2025 содир шуда, то моҳи октябри соли 2026 махфӣ нигоҳ дошта мешуданд.

Доварони ДБҶ мегӯянд, барои иттиҳоми ин чаҳор мақоми баландпоя ба ин ки онҳо дар таъқиби занон ва духтарон бар асоси ҷинсият ва ҳамчунин таъқиби шахсони мухолифи сиёсати Толибон масъулияти ҷиноӣ доранд, асосҳои кофӣ мавҷуданд.

Тибқи иттилои Додгоҳ, далелҳои ҷиноӣ барои баррасӣ дар парвандаҳо аз замони ба қудрат расидани Толибон дар моҳи августи соли 2021 оғоз шуда, то моҳи июни соли 2025-ро дар бар мегирад. Парвандаҳо бештар маҳдуд кардани ҳуқуқи занон ва духтарон ба таҳсил, кор, озодии ҳаракат, баён ва ҳаёти хусусию оилавиро дар бар мегирад.

ДБҶ ҳамчунин гуфтааст, ки таъқиби афрод бар асоси ҷинсият ва ҳувияти ҷинсӣ низ ба доираи ин парвандаҳо дохил мешавад. Додгоҳ ин амалҳоро ҳамчун эҳтимоли содир шудани ҷиноятҳои зидди башарият арзёбӣ мекунад.

Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон қарори ДБҶ-ро маҳкум карда, мегӯяд, ки ҳукумати Толибон Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро эътироф намекунад.

Муҷоҳид дар саҳифаи худ дар шабакаи “Х” навишт, ки Толибон ба ҳукми Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар бораи боздошти раҳбарони ин гурӯҳ “ҳеҷ арзише намедиҳанд” ва раҳбарони Толибон ҳеҷ амале анҷом надодаанд, ки барои он аз ҷониби додгоҳҳои байналмилалӣ боздошт ё муҷозот шаванд.

Аз сӯи дигар, чанде аз фаъолон ва чеҳраҳои сиёсии Афғонистон аз ин қарори Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ истиқбол карда, онро қадами муҳим барои ба ҷавобгарӣ кашидани мақомоти Толибон донистанд.

ДБҶ барои иҷрои ҳукмҳои боздошт нерӯи мустақили пулисӣ надорад. Аз ин рӯ, боздошти муттаҳамон дар амал ба ҳамкории кишварҳое вобаста хоҳад буд, ки ин афрод ба қаламрави онҳо ворид мешаванд.

Парвандаи Афғонистон аз соли 2022 дар ДБҶ таҳқиқ мешавад. Қарори нави Додгоҳ дар ҳоле эълон мешавад, ки маҳдудиятҳои Толибон алайҳи ҳуқуқи занону духтарон дар Афғонистон идома доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро хонандагони мактабҳои Фаронса ба кӯчаҳо баромаданд?

Эътирозҳои хонандагони мактабҳои миёна дар Фаронса, ки аз нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз шуданд, то ҳол идома доранд.

Дастури нави Вазорати маориф барои ҷалби омӯзгорон ба корҳои ғайритаълимӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба сохторҳои зертобеи худ дастур дода, ки омӯзгорон ба корҳои берун аз фаъолияти таълиму тарбия ҷалб карда нашаванд.

Оё дар Душанбе об ҳам “лимит” шудааст?

Сокинони шаҳри Душанбе аз қатъшавии пайдарпайи оби нӯшокӣ шикоят доранд

Дар Лахш як ҷавон бо гумони қаллобӣ боздошт шуд

Кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Лахш як сокини 26-солаи ноҳияро бо гумони қаллобӣ боздошт карданд. Мақомот аз ӯ Маҳмадшарифзода Б. ном бурдааст.