Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.

Ба навиштаи маҷаллаи амрикоии The Atlantic, Кохи Сафед аз Пентагон хостааст барои зарбаҳои эҳтимолӣ ба ҳадафҳое дар Эрон чанд варианти амалиётӣ таҳия кунад. Мақомҳои амрикоӣ гуфтаанд, ки ҳаҷм, ҳадафҳо ва ҳатто вақти эҳтимолии ҳамла ҳанӯз мавриди баҳс қарор доранд.

Тибқи гузориши The Atlantic, яке аз масъалаҳои мавриди баррасӣ анҷоми амалиёти маҳдуд пеш аз интихоботи миёндавраӣ ва эҳтимоли амалиёти густардатар пас аз интихобот аст. Аммо бархе аз мушовирони Трамп бар ин назаранд, ки оғози амалиёти нав пеш аз интихобот метавонад барои ҷумҳурихоҳон аз ҷиҳати сиёсӣ таъсири манфӣ дошта бошад.

Дар ҳамин ҳол, Axios хабар медиҳад, ки Пентагон ба Фармондеҳии марказии ИМА дастур додааст омодагиро барои эҳтимоли аз сар гирифтани амалиёти густурдаи низомӣ алайҳи Эрон ба анҷом расонад. Бо вуҷуди ин, ҳоло дақиқ нест, ки ин тасмими Трамп то ҷӣ ҳад ҷиддӣ аст ва оё анҷомаш медиҳад ё на.

Маълумоти NBC News низ нишон медиҳад, ки масъалаи аз сар гирифтани амалиёти бузурги низомӣ дар мулоқоти гурӯҳи амнияти миллии Трамп дар Кэмп-Дэвид баррасӣ шудааст. Яке аз вариантҳои мавриди муҳокима анҷоми зарбаҳо пеш аз интихоботи моҳи ноябр будааст.

Ин хабарҳо дар пасманзари афзоиши ҳузури низомии ИМА дар минтақа нашр мешаванд. Ҳафтаи гузашта Associated Press хабар дода буд, ки тақрибан 9 ҳазор сарбозу пиёдагарди баҳрии амрикоӣ ва гурӯҳи сеюми киштиҳои ҳавопаймобар ба самти Ховари Миёна фиристода мешаванд. Дар сурати идомаи ҷойгиркунии нерӯҳо, шумораи низомиёни ИМА дар минтақа метавонад то охири моҳи октябр аз 20 ҳазор нафар бештар шавад.

Трамп пештар гуфта буд, ки эҳтимоли афзоиши ҳамлаҳо ба Эрон пас аз интихоботи 3-юми ноябр низ вуҷуд дорад. Дар айни замон, мақомоти амрикоӣ иддао доранд, ки ҳадафи онҳо пешгирӣ аз дастрасии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ва расидан ба ҳадафҳои амниятии Вашингтон аст.

Ин дар ҳолест, ки амалиёти нави низомӣ аллакай ба бозорҳои ҷаҳонӣ таъсир гузоштааст. Нархи нафти Brent рӯзи 8-уми октябр беш аз 4 дарсад боло рафта, аз 102 доллар барои як бушка гузашт. Reuters ин афзоишро, аз ҷумла, ба нигаронӣ аз густариши низоъ ва эҳтимоли аз сар гирифтани амалиёти низомии ИМА алайҳи Эрон рабт додааст.

Ин бори аввал нест, ки масъалаи вақти идомаи ҷанг бо назардошти интихоботи миёндавраии ИМА матраҳ мешавад. Reuters моҳи сентябр бо истинод ба манбаъҳои огоҳ хабар дода буд, ки бархе аз мушовирони баландпояи Трамп мехостанд дар остонаи интихобот аз густариши ҷанг пешгирӣ кунанд, зеро болоравии нархи сӯзишворӣ ва таъсири иқтисодии ин даргириҳо метавонад барои ҳизби ҷумҳурихоҳ мушкил эҷод кунад. Ҳамзамон, тибқи ҳамон гузориш, имкони афзоиши амалиёти низомӣ пас аз интихоботи 3-юми ноябр баррасӣ мешуд.

Ҳоло, бо гузоришҳои нави The Atlantic, Axios ва NBC News, масъала ба марҳилаи дигар ворид шудааст: Пентагон барои сенарияҳои эҳтимолӣ нақшаҳои низомӣ омода мекунад, аммо то ҳол маълумоти тасдиқшудае дар бораи қарори ниҳоии Трамп барои оғози ҳамла пеш аз интихобот вуҷуд надорад.

Дар Эрон то ҳол вокуниши мустақими расмӣ ба гузориши нав дар бораи нақшаи эҳтимолии ҳамлаи ИМА нашр нашудааст. Аммо мақомоти эронӣ гуфтаанд, ки посухи Теҳрон ба пешниҳодҳои Вашингтон тавассути миёнаравҳо расонида мешавад ва ҳамзамон омодагии низомӣ барои ҳимояти манфиатҳои кишвар идома дорад.

Аммо дар кишварҳои Халиҷ нигаронӣ аз эҳтимоли густариши ҷанг зиёд шудааст. Қаблан Арабистони Саудӣ ва Қатар аз Вашингтон хоста буданд, ки ба зерсохторҳои энергетикии Эрон ҳамла накунад, зеро аз зарбаҳои ҷавобии Теҳрон ба иншооти нафту гази худ нигаронанд; ИМА низ барои ҳифзи зерсохторҳои стратегии кишварҳои Халиҷ системаҳои зиддимушакии Patriot-ро тақвият додааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия иттиҳомҳо дар бораи афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷикро рад кард

Дар пасманзари сахттар шудани қоидаҳои муҳоҷират дар Русия, сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон иттиҳомҳо дар бораи афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷикро рад кардааст.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми октябр бо ҳадафи иштирок дар нишасте бо сарони кишварҳои ОМ ба Туркманистон сафар кард.

Ҳушдори марзбони тоҷик ба Толибон: “Аз сарҳади Тоҷикистон хориҷ шавед!”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки дар он гуфтугӯи пуртаниши миёни марзбонони Тоҷикистон ва намояндагони Толибон дида мешавад.

Чаро хонандагони мактабҳои Фаронса ба кӯчаҳо баромаданд?

Эътирозҳои хонандагони мактабҳои миёна дар Фаронса, ки аз нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз шуданд, то ҳол идома доранд.