Тоҷикистон – майдони рақобати Эрон ва Исроил

Гузориши “Эрон Интернешнл” аз ъумқи нуфузи ҷосуси Исроил дар сохтори молӣ ва низомии Эрон хабар медиҳад.

Расонаи “Эрон Интернешнл” аз ҷосусе бо номи мустаъори “Киё” – хатмкардаи Донишгоҳи Имом Содиқи Теҳрон –, ки солҳо дар дохили Эрон барои “Мусод”-и Исроил ҷосусӣ кардааст гузориш дод. Ба гуфтаи худаш, ӯ тавассути ширкатҳои тоҷир Маҳдии Нодирии Ҷаҳромӣ ба бонкҳо ва шабакаҳои мухобиротии Эрон роҳ ёфтааст. Ба ҳамин тариқ хароҷоти “Мусод”-ро аз ҳисоби бонкҳои эронӣ таъмин карда, маълумоти Постбонки Эронро дар бораи давр задани таҳримҳо дар ихтиёри Исроил қарор дод; дар ноябри соли 2011 бо дастури “Мусод” файлеро дар системаи маркази мухобироти мушакии Бедгана нест кард, ки чанд дақиқа пас дар он ҷо инфиҷор рух дод ва сардори барномаи мушакии Эрон Ҳасан Теҳронимуқаддам кушта шуд; ва ба расондани серверҳои олудаи IBM ба маркази ҳастаии Натанз кумак кард. Яке аз амалиётҳое, ки ӯ иддао дорад вайрон кардааст, дар Тоҷикистон буд. Шахсияти Киё ва иддаоҳои ӯ аз ҷониби манбаи мустақил тасдиқ нашудаанд вале ин харобкориҳо дар Эрон иттифоқ уфтодаанд.

Azda TV бахши марбут ба Тоҷикситони  ин ривоятро бо сабтҳои расмӣ, бойгонии хабарҳо ва ҳуҷҷатҳои таҳримҳо санҷид.

Бозёфтҳои асосӣ

  • . Номҳо, мансабҳо ва санаҳое, ки “Эрон Интернешнл” дар бораи Тоҷикистон овардааст, дурустанд.
  • . Ду мактуби нашршуда пружаи телефонро тасдиқ мекунанд, вале аз Эрон ва Постбонк ёд намекунанд.
  • . Иддао дар бораи Постбонк, Қувваи Қудс ва дипломати тоҷик ба як манбаи беном такя дорад.
  • . Дар матбуоти соли 2012 дар бораи ин созишнома хабаре ёфт нашуд.
  • . Бобак Занҷонӣ дар Душанбе бонк, ширкати ҳавопаймоӣ ва автовокзал дошт, вале ҳукумат инро рад мекунад.

Чаро Тоҷикистон ва чаро Постбонк?

Тирамоҳи соли 2011 таҳримҳои байналмилалӣ интиқоли пулро аз Эрон мушкил карда буданд. Ба гуфтаи Киё, Муҳиббиён аз Постбонки Эрон ба ӯ гуфта, ки Сипоҳи Қудс барои барои даврзадани таҳримҳо ва фаолиятиҳои худ роҳи нав меҷӯяд. Киё суханони ӯро чунин нақл мекунад: “Ҳоҷӣ Қосим бовар дорад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сабаби нуфузи Русия камтар зери заррабини кишварҳои ғарбӣ қарор доранд ва ба сабаби фасоди идорӣ дар баъзе аз онҳо қонунҳоро осонтар давр задан мумкин аст”.

Нақша аз ду бахш иборат буд. Як ширкати хусусии эронӣ бо сармояи 2 миллион долларӣ дар деҳоти Тоҷикистон 5 000 телефони бесими GSM насб мекард. Дар иваз Тоҷикистон ба он имтиёзи 25-солаи таъсиси “Постбонки Тоҷикистон”-ро бо сармояи 5 миллион доллар медод. Ба гуфтаи Киё, бонк бояд “масири боэътимоди интиқоли пул аз Эрон ба Осиёи Марказӣ” мешуд. Лоиҳаи телефон пӯшиши он буд.

Тибқи ривоят, вазири алоқаи Эрон Ризо Тақипур гуфтааст, ки Аҳмадинажод мехост ҳангоми сафари Наврӯзии соли 2012 дар Душанбе лоиҳаи эрониро ифтитоҳ кунад ва Тоҷикистон аллакай барои тасиси Постбонк розӣ шуда буд. 23-юми апрели 2012, ба гуфтаи Киё, ӯ ва Муҳиббиён дар Душанбе бо Матлубхон Давлатов муовини вақти Сарвазири Тоҷикистон ва Бег Зуҳуров созишнома имзо карданд.

Исроил, Озарбойҷон ва баста шудани лоиҳа

Ба гуфтаи Киё, пружаи Душанбе танҳо масъалаи пул набуд. У нақл мекунад, ки Сулаймонӣ яке аз ҳадафҳои онро “дастгирии мухолифон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар баробари гароиши ҳукумати Алиев ба Исроил” номидааст.

Киё иддао мекунад, ки бо дастури “Мусод” иҷрои пружаро бо баҳонаи набуди маблағ ба таъхир андохт, то “Мусод” роҳи бастани онро ёбад. Сипас, ба гуфтаи ӯ, Озарбойҷон аз лоиҳа огоҳ шуд, ба ҳукумати Тоҷикистон фишор овард, ки Постбонкро бандад ва мавқеи Русияро, ки пештар ба ин пружа розӣ буд, низ тағйир дод ва дар наҳоят ин пуружаи калони бокии Эрон дар Тоҷикстон бо дахолати Исроил ноком монд.

Ин нақши Исроил, Озарбойҷон ва Русия танҳо ба ривояти Киё такя дорад. Дар гузориш ҳуҷҷате нест, ки онро тасдиқ кунад ва Боку, Душанбе ва Маскав дар ин бора шарҳе надодаанд.

Киҳо дар лоиҳа ном бурда шудаанд?

Иддаоҳо дар бораи нақши ин ашхос аз “Эрон Интернешнл” аст. Маълумот дар бораи карераи онҳо аз сарчашмаҳои боз гирифта шудааст.

. Матлубхон Давлатов, ки ба гуфтаи Киё созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон имзо кардааст, иқтисодчӣ аз Данғара аст. у солҳои 2010–2012 Дастгоҳи иҷроияи Президентро роҳбарӣ кард ва аз январи 2012 то ноябри 2013 муовини аввали сарвазир буд.

. Бег Сабур (Зуҳуров), ки мактуби 28-уми апрели 2012 бо имзои ӯст, солҳо Хадамоти алоқа ва шӯрои “Тоҷиктелеком”-ро роҳбарӣ кард. Ӯ барои бастани сомонаҳои хабарӣ ва Фейсбук машҳур аст ва соли 2014 номашро иваз кард. Ва ҳамчунин писари ӯ домоди Эмромалӣ Раҳмон мебошад.

Аз ҷониби эронӣ, ба гуфтаи Киё, лоиҳаро Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Қудс, ки январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоии ИМА дар Бағдод кушта шуд, тарҳрезӣ кардааст. Бахши техникиро Ризо Тақипур, вазири алоқаи ҳукумати Аҳмадинажод (2009–2012), ба ҷой оварданӣ буд. Маблағро Муҳиббиён аз Постбонки Эрон, ки декабри 2011 ба рӯйхати таҳримҳои ИА ворид шуд ва Бобак Занҷонӣ таъмин мекарданд. Занҷонӣ декабри 2013 дар Эрон ҳабс шуд ва соли 2016 ба қатл маҳкум гардид ва ахиран ҳукми эъдомаш лағв ва ба фаъолияти тиҷорӣ машғул гаштааст ва ахиран бо Ҳасан Саъдулозода бародар зани Эмомали Раҳмон ва мудири Ориёнбанк дар Теҳрон дидор дошт.

Комил Мирзоевро Киё дипломати тоҷик дар Теҳрон меномад. Azda TV дар интернет ва сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ин ном наёфт.

Мактубҳо

“Эрон Интернешнл” нусхаи ду мактубро нашр кардааст. Онҳо лоиҳаи телефонро тасдиқ мекунанд, аммо дар ҳеҷ яке аз онҳо аз Эрон, Постбонк ё маблағ ёд нашудааст. Аслияти онҳо мустақилона тасдиқ нашудааст.

28-уми апрели соли 2012, Хадамоти алоқа, имзои “Zuhurov B.S., Chairman”.

Хадамот аз ширкати номаш пӯшида барои “мулоқот дар сатҳи баланд” сипос мегӯяд ва онро ба бастани аҳднома бо ҶСК “Тоҷиктелеком” барои хариди “телефонҳои собити бесими GSM (800/1900 МГц)” даъват мекунад. Сана ва рақами мактуб ҷойҳои ҳамдигарро иваз кардаанд. Шабакаҳои GSM-и Тоҷикистон дар басомадҳои 900/1800 МГц кор мекунанд.

20-уми феврали соли 2012, ширкати “Мубин Тиҷорат” (минтақаи озоди Анзалӣ).

Директор “Маҳмуд Қоиммақомӣ” “Комил Мирзоев”-ро аз 20-уми феврал то 28-уми августи соли 2012 мушовири “лоиҳаҳои Тоҷикистон” таъин мекунад. Ба гуфтаи Киё, “Қоиммақомӣ” номи сахтаи худи ӯ буд.

“Эрон Интернешнл” инчунин аз мактуби 26-уми апрели соли 2012 дар бораи “мухолифат надоштан” ба Постбонк ёд мекунад, аммо онро нашр накардааст.

Созишномае, ки ҳеҷ кас дар борааш нанавишт

Azda TV дар матбуоти соли 2012 дар бораи созишномаи 23-юми апрел хабаре наёфт. Мо тамоми бойгонии рӯзмарраи расонаҳои тоҷикӣ, русӣ ва форсиро аз 20-уми апрел то 10-уми майи 2012 (тақрибан 560 мавод)-ро баррасӣ кардем ва дар расонаҳои дигари тоҷикиву эронӣ ҷустуҷӯи маҳдуд ба сана бурдем.

Хабари наздиктарин аз 30-юми майи 2012 аст, ки гуфта мешавад: Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон панҷ созишнома, аз ҷумла дар соҳаи “алоқа”, имзо карданд. Тафсилот нашр нашудаанд ва маълум нест, ки он бо иддаои “Эрон Интернешнл” рабт дорад ё на.

Лоиҳаи пинҳонӣ, ки баъдан бекор шудааст, мумкин аст ҳеҷ гоҳ эълон нашуда бошад. Бинобар ин, хомӯшии матбуот далели набудани созишнома нест, вале онро тасдиқ ҳам намекунад.

Тоҷикистон: роҳи давр задани таҳримҳо?

Иддаои “Эрон Интернешнл” хабари наве нест. Зиёда аз даҳ сол аст, ки номи Тоҷикистон дар парвандаҳои давр задани таҳримҳои зидди Эрон ва баъдтар Русия меояд.

  • . Соли 2013 FATF Тоҷикистонро барои яке аз заифтарин қонунгузориҳо зидди пулшӯӣ танқид кард. Индекси “Базел” кишварро дар байни 149 кишвар дар ҷои 4-уми аз ҷиҳати осебпазирии молӣ гузошт. Як масъули ғарбӣ гуфт: “Мо бовар дорем, ки ӯ [Занҷонӣ] Тоҷикистонро барои пулшӯии пули нафти Эрон истифода мебарад”.
  • . Апрели соли 2013 ИМА “Kont Investment Bank”-и Душанберо ҳамчун қисми шабакаи Занҷонӣ таҳрим кард.
  • . Ноябри соли 2025 Иттиҳоди Аврупо “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонк”-ро барои кумак ба давр задани таҳримҳои зидди Русия таҳрим кард. Дар апрели 2026 пас аз гуфтугӯ бо Душанбе таҳрим бекор шуд.
  • . Аз августи соли 2026 Тоҷикистон бо Эрон масъалаи ворид кардани фаровардҳои нафтӣ, аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ, сӯзишвории авиатсионӣ ва нафти хомро баррасӣ кардаанд. Расонаи “Спутник Тоҷикистон” бо такя ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар аз 25-уми сентябри соли ҷорӣ хабар дод, ки аллакай маҳмулаи аввалини нафтии Эрон вориди Тоҷикистон гашт. Вале худи ин ниҳод дар ин бора чизе нагуфтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ИМА бо таҳримҳои дуюмдарҷа таҳдид мекунад.

Дар чунин ҳолатҳо одатан ҳамаи бонкҳо ё ширкатҳои хос таҳрим гаштаанд, аммо ИМА ва ИА ҳеҷ гоҳ давлати Тоҷикистон, Бонки миллӣ ё мансабдорони онро барои давразадани таҳримҳо ба нафъи Эрон ё Русия таҳрим накардаанд. Дар дигар кишварҳо бонкҳои давлатӣ ва масъулон барои даврзадани таҳримзо ва пулшӯӣ таҳрим шудаанд. Сабаби ин ҳама гузашти ИМА ва Аврупо ба Тоҷикистон маълум нест. Тафсирҳои эҳтимолӣ – аҳамияти амниятии марз бо Афғонистон, андозаи хурди иқтисод ва ё доштани лоббии қавӣ дар Вашингтон ва Брюссел – ҳеҷ яке исбот нашудааст. Соли 2013 ҳомиёни ҳуқуқ гуфта буданд, ки сафорати ИМА аз танқиди ҳукумати Тоҷикистон дурӣ меҷуст.

Империяи Занҷонӣ дар Душанбе

Бобак Занҷонӣ, ки пеш аз ҳабсаш дар Эрон дар декабри соли 2013 сарвати худро тақрибан 14 миллиард доллар арзёбӣ мекард, дар Душанбе тиҷораташро зери бренди “КОНТ ГРУП” роҳандоҳзӣ карда буд. ИА (декабри соли 2012) ва ИМА (апрели соли 2013) ӯро барои кумак ба интиқоли пули нафти Эрон таҳрим карданд.

Маркази ин гурӯҳ “Kont Investment Bank” дар кӯчаи Бухоро 43-и Душанбе буд. Соли 2011 онро ширкати туркии Занҷонӣ “Kont Kozmetik” харид, вале соли 2013 ИМА бонкро таҳрим кард.

Бонк молики шир “Asian Express Airline” буд, ки иҷозатномаи фаъолият дарёфт кард, вале ҳаргиз иҷозати парвоз нагирифт. Ширкати ҳавопаймоӣ, дар навбати худ, соҳиби автовокзали “Asia Express Terminal” буд, ки 12-уми марти соли 2013 бо иштироки Президент Раҳмон ифтитоҳ шуд. Таксии “Asia Express” ҳам бахше аз моликияти гурӯҳ буд.

Ин корхонаҳо зери “Холдинг Конт Групп Тоҷикистон” буданд, ки аз рӯи хабарҳо Занҷонӣ таъсис дода буд. Дар холдинг инчунин “Kont Tourism” ва “Конт таъминот” дохил буданд. Илова бар ин, дар бораи гипермаркет ва тиҷорати сохтмонии ӯ дар Душанбе хабар дода шудааст, аммо номҳои онҳо зикр нашудаанд ва тасдиқ нашудаанд.

Соли 2014 вазири нафти Эрон Бежан Зангана гуфт, ки Занҷонӣ зиёда аз 2,7 миллиард долларро ба “бонки қалбакӣ” дар Тоҷикистон гузарондааст. Бонки миллии Тоҷикистон инро рад кард ва ҳуҷҷатеро, ки Занҷонӣ ба парлумони Эрон нишон дод, қалбакӣ хонд. Январи соли 2015 раиси Кумитаи сармоягузорӣ Қодир Қосим гуфт, ки Занҷонӣ “дар Тоҷикистон молу мулк надорад” ва дар кушодани автовокзал танҳо меҳмон буд.

Ҳукумати Эрон ва Тоҷикистон, Хадамоти алоқа, ҶСК “Тоҷиктелеком”, Вазорати корҳои хориҷӣ, Матлубхон Давлатов ва Бег Сабур шарҳ дархост кард, то лаҳзаи нашри ин матлаб мақомоти тоҷик ба ин дархости Эрон посух надоданд.

Дидори ҷосуси “Мусод” ва Муҳсин Муҳиббиён, мудири вақти “Постбонк”-и Эрон бо Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар Душанбе – 3-уми майи соли 2012

Azda TV ҳар ду нусхаи гузориши “Эрон Интернешнл”-ро хонд ва онро бо бойгонии хабарҳои солҳои 2012–2015, сабтҳои Вазорати молияи ИМА ва сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (ба шумули нусхаҳои бойгонишудаи солҳои 2010–2014) муқоиса кард. Мактубҳо аз гузориши “Эрон Интернешнл” гирифта шудаанд ва аслияти онҳо мустақилона тасдиқ нашудааст.

Пурсишҳои бе посух

Хонандаи гиромӣ! Оё 23-юми апрели соли 2012 дар Душанбе созишномае воқеан имзо шуда буд? Оё ҳукумати Тоҷикистон медонист, ки “Постбонк” метавонад ба роҳи интиқоли пулҳои Сипоҳи Қудс табдил ёбад? Комил Мирзоев кист? Ва чаро ҳамаи ин то имрӯз пинҳон мондааст?

Агар шумо дар бораи ин лоиҳа, “Постбонк” ё фаъолияти Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон маълумот ё ҳуҷҷате доред, ки ин иддаоҳоро тасдиқ ё рад мекунад, лутфан онро ба суроғаи Azda TV фиристед. Мо махфияти манбаъҳоро ҳифз мекунем.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 нисбат ба кишварҳои ҳамсоя сусттар хоҳад буд

Бино ба гузориши нави Конфронси савдо ва рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNCTAD), иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ метавонад 6,6 дарсад рушд кунад.

Қонуни нави муҳоҷират дар Тоҷикистон: оё мушкилоти муҳоҷирон ҳал мешаванд?

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд раванди муҳоҷиратро рақамӣ карда, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кориро тақвият ва сатҳи муҳоҷиратро коҳиш диҳанд.

Манъи ҳиҷоб дар мактабҳо Озабойҷон баҳсҳои навро ба миён овард

Дар Озарбойҷон пас аз ҷорӣ шудани қоидаҳои нави либоси мактабӣ, масъалаи пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ баҳсбарангез шудааст.

БОЗГАШТИ ҲАЗОРҲО ҶАНГҶӮ БА ТОҶИКИСТОН ЧӢ ПАЁМАДҲОЕ ХОҲАД ДОШТ?

Чанд созмони мофиёии Колумбиёву Мексик аъзои худро ба ҷанги Укроин алайҳи Русия фиристодаанд, то таҷрибаи ҷангӣ биомӯзанд.