Ҳафт кӯдаки тоҷик, ки дар Русия бепарастор монда буданд, 18-уми октябри соли 2026 ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.
Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, бозгардонии ноболиғон бо кумаки Хадамоти консулии сафорат ва ҳамкории Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори Русия анҷом ёфтааст.
Сафорат мегӯяд, ин иқдом тибқи созишномаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба бозгардонии ноболиғон ба давлатҳои иқомати доимиашон сурат гирифтааст.
Дар иттилоияи сафорат синну соли кӯдакон, маҳалли будубоши онҳо дар Русия ва сабаби бепарастор монданашон шарҳ дода нашудааст. Ҳамчунин гуфта нашудааст, ки кӯдакон пас аз бозгашт ба Тоҷикистон ба пайвандонашон супурда шудаанд ё ба муассисаҳои нигоҳубин.
Ин бори аввал нест, ки кӯдакони бепарастори тоҷик аз Русия пайдо ва ба кишвар фиристода мешаванд. Қаблан ҳам чунин ҳолатҳо сурат гирифта буданд. Аз ҷумла, 23-юми декабри соли 2025 ҳафт ноболиғи дигар бо кумаки сафорат ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ватан оварда шуда буданд. Он замон сафорат хабар дода буд, ки дар соли 2025 то он вақт 52 кӯдаки тоҷик аз Русия баргардонда шудаанд.
Ҳамчунин, “Авеста” 1-уми майи соли 2026 бо истинод ба сафорат аз бозгардонии ду кӯдаки дигари тоҷик, ки дар Русия бе сарпарастии намояндагони қонунии худ монда буданд, хабар дода буд.
Аз баски матоқомоти Тоҷикистон тавзеҳ намедиҳанд, суоли асосии бепосух ҳам ин аст, ки ин кӯдакон чӣ гуна ба Русия рафтаанд ва дар чӣ шароите бесарпараст мондаанд ва чаро ҳукумат намехоҳад дар ин бора равшанӣ андозад?
