Ду нафар дар Душанбе бо гумони истеҳсол ва паҳн кардани доруҳои қалбакӣ боздошт шуданд

Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ду нафар бо гумони истеҳсол ва ба муомилот баровардани доруҳои қалбакӣ дар Душанбе хабар доданд.

Тибқи гузориши телевизиони “Тоҷикистон”, боздоштшудагон Олимхон Абдурашидзода ва Абдураҳим Ҷабборов, сокинони Душанбе мебошанд. Мақомот мегӯянд, онҳо дар давоми ду соли охир доруҳои қалбакиро тавассути дорухонаҳои пойтахт ба фурӯш мебароварданд.

Ба гуфтаи мақомот, Ҷабборов дар нашриёти худ 100 ҳазор тамғақоғаз ва 10 ҳазор дастурамали қалбакии доруи “Милдронат”-ро чоп карда, ба Абдурашидзода додааст. Абдурашидзода низ тамғаи доруи “Пирацетам”-ро бо маҳлули кимиёвӣ пок карда, ба ҷойи он тамғаи “Милдронат”-ро часпондааст. Доруҳо дар қуттиҳои қалбакӣ ҷойгир шуда, ҳамчун истеҳсоли аслии кишвари Латвия фурӯхта шудаанд.

Мақомот мегӯянд, танҳо дар моҳҳои апрел ва майи соли ҷорӣ тақрибан 3 ҳазор қуттии ин доруи қалбакӣ бо нархи доруи аслӣ ба муомилот баромадааст. Ҳангоми амалиёт аз манзили гумонбарон ва чанд дорухонаи пойтахт доруҳои қалбакӣ мусодира шудаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон 25-уми сентябри соли 2026 нисбат ба ин ду нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Тибқи моддаи 210 (иловаи 1), қисми 3, банди “б”-и Кодекси ҷиноятӣ, ин ҷиноят аз 8 то 12 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, тафтиш барои муайян кардани ҳамдастони эҳтимолӣ идома дорад.

Телевизиони “Тоҷикистон” навореро пахш кардааст, ки дар он ҳарду гумонбар аз кирдори худ изҳори пушаймонӣ мекунанд. Аммо маълум нест, ки навор дар кадом шароит сабт шудааст ва вакили дифоъ доранд ё на. Назари мустақили гумонбарон, вакилони дифоъ ва наздикони онҳо то ҳол дастраси расонаҳо нест.

Мақомот номи дорухонаҳоеро, ки аз онҳо доруҳои қалбакӣ мусодира шудаанд, ошкор накардааст. Ҳамчунин гуфта нашудааст, ки оё касе аз истеъмоли ин доруҳо зарар дидааст.

Ин бори аввал нест, ки дар Душанбе истеҳсоли доруҳои қалбакӣ ошкор мешавад. Чанд моҳ пеш низ мақомот аз боздошти гурӯҳи дигар ва мусодираи садҳо ҳазор баста доруворӣ хабар дода буданд. Ҳамасола дар кишвар даҳҳо номгӯйи доруҳои қалбакӣ ва бесифат пайдо ва мусодира мешавад.

Аммо аксари корбарон мепурсанд, ки чӣ тавр тақрибан 3 ҳазор қуттии доруи қалбакӣ танҳо дар ду моҳ тавассути дорухонаҳои расмии пойтахт ба фурӯш баромад, вале мақомот ва масъулони Вазорати тандурустӣ аз ин кор пай набурданд ва пеши роҳи онро нагирифтанд? Ин ҳам дар ҳолест, ки тиқби қонун дорухонаҳо бояд аз ҷониби ниҳодҳои назоратӣ ҳар чанд вақте назорат шаванд ва инчунин доруҳое, ки дар дорухонаҳо паҳн мешавад, бояд пурра аз санҷиш гузаранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД фолбинҳо, фоҳишаҳо ва мизоҷони онҳоро низ ба қайд мегирад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки фолбинҳо, мизоҷон ва наздикони онҳоро ба махзани махсус ворид карда, зери назорати доимӣ қарор медиҳад.

Ҳафт кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия ва Ватан баргардонданд

Ҳафт кӯдаки тоҷик, ки дар Русия бепарастор монда буданд, 18-уми октябри соли 2026 ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

Роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор таъмир шуд, аммо аз ҳисоби кӣ?

Мақомоти Ҳисор аз анҷоми мумфаршкунии роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор хабар доданд. Дар таъмири ин роҳи ҷумҳуриявӣ соҳибкорон ва сокинон низ саҳм гузоштаанд, аммо чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шуд, маълум нест.

Ихроҷи чанд донишҷӯ барои иштирок накардан дар “маршировка”

Чанд донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба хотири иштирок накардан дар "маршировка" аз донишгоҳ ихроҷ шуданд.