Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.
Дидбони ҳуқуқи башар рӯзи 22-уми октябри соли ҷорӣ, бо нашри баёнияе аз Берлин даъват карда, ки аз Душанбе дар бораи ҳукми додгоҳ ва шароити нигаҳдории ӯ маълумот талаб карда, барои таъмин шудани ҳуқуқи ӯ ба истифода аз хизматрасонии вакили мустақил талош кунанд.
Ёдовар мешавем, ки Асадулло Бобоеви 54-сола, ки аз соли 2017 ҳамроҳи оилааш дар Олмон зиндагӣ мекард ва узви ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” буд, 20-уми июни соли 2026 ҳамроҳи писараш Муҳаммад аз Олмон ба Душанбе ихроҷ шуд.
Пас аз расидан ба Тоҷикистон ӯ боздошт гардида, 21-уми сентябр додгоҳи Тоҷикистон Бобоевро ба 17 соли зиндон маҳкум кард. Ба иттилои “Human Rights Watch”, ӯ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла барои “ифротгароӣ тавассути интернет”, гунаҳкор дониста шудааст. Мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти парвандаи ӯро нашр накардаанд.
Пеш аз ихроҷ Бобоев ба расонаҳо гуфта буд, ки мақомоти Тоҷикистон ба зидди ӯ ба далели навиштаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар онҳо мақомоти кишварро танқид мекард, парвандаи марбут ба ифротгароӣ боз кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, додгоҳи Олмон ба ӯ то 1-уми июл муҳлат дода буд, то мавҷудияти чунин парвандаро тасдиқ кунад, аммо ӯ пеш аз анҷоми ин муҳлат аз кишвар ихроҷ шуд.
“Human Rights Watch” ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башар пеш аз ихроҷи Бобоев ба мақомоти Олмон ҳушдор дода буданд, ки пас аз бозгашт ба Тоҷикистон ӯ метавонад ба муносибати бераҳмона ва таъқиби ҷиноии дорои ангезаи сиёсӣ рӯбарӯ шавад.
Ин созмон мегӯяд, ки Бобоев аввалин фаъоли мухолифи тоҷик нест, ки аз Олмон ихроҷ шуда, баъдан дар Тоҷикистон зиндонӣ шудааст. Аз соли 2023 ба ин сӯ, се фаъоли дигари мухолиф, аз ҷумла Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев ва Дилмурод Эргашев низ пас аз ихроҷ аз Олмон ба Тоҷикистон боздошт ва ба 7, 10 ва 8 соли зиндон маҳкум шуданд. Ба гуфтаи HRW, айбҳои пешниҳодшуда алайҳи онҳо нишонаҳои парвандаҳои сохтаро доранд.
Ҳомиёни ҳуқуқ ёдовар мешаванд, ки тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ, баргардондани шахс ба кишваре, ки дар он ҷо хатари воқеии нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон ва расонидани зарари ҷуброннопазир ба ӯ вуҷуд дорад, манъ аст.
“Human Rights Watch” аз додгоҳҳо ва ниҳодҳои муҳоҷирати Олмон даъват кард, ки бидуни кафолатҳои кофии амнияти шаҳрвандон, мухолифони тоҷикро ба Тоҷикистон ихроҷ накунанд.
