Корхонаҳои белорусӣ муҳоҷирони тоҷикро ба маоши баланд ваъда карданд

Корхонаҳои вилояти Гроднои Беларус омодаанд муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро бо маоши моҳонаи аз 750 то 1200 доллар ва ҷойи зист ба кор қабул кунанд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон 23-юми октябр бо нашри матлабе хабар дод, ки директори муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” Ҷамолиддин Раҷабов бо чанд корхона дар вилояти Гроднои Беларус созишномаҳои ҳамкорӣ имзо кардааст.

Ба иттилои манбаъ, директори агентӣ ва сармутахассиси он дар ҷараёни сафар ба Гродно бо намояндагони мақомоти вилоят ва беш аз даҳ ширкат гуфтушунид кардаанд. Созишномаҳо ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор пешбинӣ мекунанд.

Дар гуфтушунидҳо “…масъалаҳои бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳо гуногун аз ҷумла: сохтмон, хоҷагии қишлоқ, насоҷӣ, истеҳсолот, саноати вазнин, хизматрасонӣ ва нақлиёт бо зиёда аз 10 ширкатҳо гуфтушунид ва шартномаҳои ҳамкорӣ баста шуд“.

Тибқи иттилои вазорат, маоши моҳонае, ки ин корхонаҳо ба коргарони тоҷик ваъда кардаанд, аз 750 то 1200 доллар хоҳад буд. Корфармоёни беларусӣ ҳамчунин ваъда додаанд, ки онҳоро бо ҷойи зист таъмин мекунанд.

Бо вуҷуди ин, дар хабар шумораи ҷойҳои корӣ, муҳлати оғози ҷалби коргарон ва ҷузъиёти шартномаҳо зикр нашудааст. Ҳамчунин маълум нест, ки маблағи эълоншудаи маош пеш аз тарҳи андозу дигар пардохтҳо ҳисоб шудааст ё баъд аз он ва ҷойи зист ройгон хоҳад буд ё пулакӣ.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли 2026 дар доираи барномаи ҷалби муташаккилонаи нерӯи корӣ ба Беларус 255 сокини вилояти Андиҷони Узбекистон бурда шуда буд. Пас аз чанд рӯз баъзе аз онҳо дар як муроҷиати видеоӣ аз шароити зист ва ҳаҷми маош шикоят карданд.

Ба гуфтаи коргарон, ба онҳо маоши тақрибан 500 доллар дар як моҳ пешниҳод шуда, хароҷоти ғизо ва ҷойи зистро бояд худашон пардохт мекарданд. Коргарон гуфта буданд, ки баъд аз пардохти ҳамаи хароҷот тақрибан 200 доллар барои онҳо боқӣ мемонад ва аз масъулон хоста буданд, ки ё шароити кору зиндагӣ бозбинӣ шавад ва ё онҳоро ба Узбекистон баргардонанд.

Пас аз паҳн шудани шикоятҳо мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки шароити кориии коргаронро санҷидаанд. Он коргароне, ки шароити кори онҳо ба мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда мутобиқат намекард, ба корфармоёни дигар гузаронида шуданд. Баъдан яке аз иштирокдорони ин барнома хабар дода буд, ки ба ӯ ва дигар коргарон маоши тақрибан 700 доллар, ҷойи зист ва ғизои ройгон пешниҳод шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Миша Мавашии муҳоҷирбадбин даргузашт

25-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Воронеж рэпсаро ва миллатгарои рус Миша Маваши (Михаил Ниц), дар синни 41-солагӣ даргузашт.

Тағйироту ҷойивазкуниҳои Раҳмон дар вазорату идораҳо

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазорату кумитаҳо ва дигар ниҳодҳои давлатии кишвар тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро гузаронд.

Аз Бразил то Сербистон: вақте овози мардум ҳокимиятро дигаргун мекунад

Дар охири ҳафтаи сипаригашта интихобкунандагони ду кишвар нишон доданд, ки сандуқи раъй ҳанӯз метавонад сарнавишт ва ояндаи сиёсии кишварро тағйир диҳад.

“Эронитарин шаҳри Эрон”: навишта дар бораи Самарқанд боиси эътирози расмии Узбекистон шуд

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи ҷумъа сафири Эрон дар Тошканд Муҳаммадалӣ Искандариро даъват карда, нотаи эътирозӣ супурд.