Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод. Ба иддаои мақомот, ин гурӯҳ дар як соли охир беш аз ним тонна маводи мухаддирро ба хориҷи кишвар интиқол додаанд.
Бар асоси навори нашр кардаи ВКД, аз махфигоҳе дар ноҳияи Мастчоҳ, ки ба ин афрод рабт дода мешавад, 24 кило ҳашиш пайдо ва мусодира шудааст. Мақомот иддао доранд, ки мавод аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шуда, барои интиқол ба кишвари дигар пешбинӣ шуда буд. Аммо номи он кишвар зикр нашудааст.
Дар навори нашркардаи ВКД Аъзамов Музаффар, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки мақомот ӯро роҳбари ин гурӯҳ муаррифӣ мекунанд, мегӯяд, ӯ қаблан зиндонӣ шуда буд ва пас аз озод шудан аз зиндон дар соли 2025 ин гурӯҳро ташкил кардааст. Ӯ иддао мекунад, ки аз он замон дар 20–25 навбат дар маҷмуъ 550–600 кило ҳашиш ба хоириҷи кишвар интиқол додаанд.
Яке аз боздоштшудагон низ дар навор мегӯяд, барои интиқоли бор ба онҳо 2,5 ҳазор доллар ваъда шуда буд. Маълум нест, ин баёнот дар чӣ шароит сабт шудаанд.
Вазорати корҳои дохилӣ боздоштшудагонро сокинони ноҳияҳои Мастчоҳу Варзоб ва шаҳри Душанбе муаррифӣ карда, мегӯяд, нисбат ба онҳо бар асоси қисми чоруми моддаи 200-и Кодекси ҷиноятӣ (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор) парванда боз карда, гумонбарон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Назари вакилони мудофеъ ва наздикони онҳо маълум нест.
Ин боздоштҳо дар ҳоле расонаӣ мешаванд, ки тибқи омори Ожонсии назорати маводи нашъаовар, дар шаш моҳи аввали соли 2026 мақомоти Тоҷикистон 2 тоннаву 963 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 143 кило камтар аст, аммо шумораи ҷиноятҳои сабтшудаи марбут ба маводи мухаддир аз 534 ба 592 расидааст.
