Абдулманап Нурмагомедов Падар ва мураббии қаҳрамони бозиҳои ЮФС дар вазни сабук, Ҳабиб Нурмагамедов 3 июл дар як бемористони низомии шаҳри Маскав дар синни 57-солагӣ даргузашт. Тибқи навиштаи расонаҳо дар ин бора Рамазон Қодиров роҳбари Чеченистон дар телеграм-канали худ хабар додааст. Дар идома бо изҳори таслият аз номи мардуми Чеченистон менависад, ки “ӯ аз худ номи неке боқӣ гузошт ва як насли шоистаро ба воя расонд. Аммо ҳамаи мо аз Аллоҳем в бозгашти мо ба сӯи Ӯст!”
Аз 15 апрели имсол расонаҳо оиди бемории падари Нурмагамедов хабар дода буданд, ки ӯро дар беморхонае дар шаҳри Махачқалъа, пойтахти Доғистон бистарӣ кардаанд. Дертар дар ӯ бемории илтиҳоби шушро кашф карданд. Ва рӯзи 3 май ӯро бо ҳавопаймо ба Маскав оварданд. Аммо 13 май маълум шуд, ки ӯ бо ҳолати сангин дар як беморхонаи Маскав аз коронавирус табобат мегирад ва як муддат дар ҳолати кома ё беҳушӣ низ қарор доштааст.
Абдулманап Нурмагомедов соли 1962 дар деҳаи Силдии ноҳияи Тсумадии Ҷумҳурии Доғистон ба дунё омадааст. Худи Абдулманап дар вақташ чемпиони Украина оид ба гуштии дзюдо ва самбо будааст. Аммо номи ӯ замоне бештар машҳур шуд, ки писараш Чемпион дар бозиҳои ЮФС дар вазни сабук шуд. Абдулманап дар охир вақтҳо мураббии Ҳабиб низ буд. Ҳабиб Нурмагамедов дар ҳоли ҳозир яке аз қавитарин варзишгарони муҳорибаҳои омехта дар бозиҳои ЮФС дониста мешавад.
Сардори деҳаи Кироавули Доғистон Илёс Ҳазиев ба хабаргузории ТАСС гуфтааст: «Бачаҳо ба фурудгоҳ рафтанд имрӯз бояд ҷасадро биоранд. Агар фурсат даст диҳад ҳамин рӯз ӯро дар зодгоҳаш деҳаи Кироавул дафн хоҳем кард. Ҳоло хешовандон ва бисёриҳо дар деҳа ҷамъ омадаан ва бояд боз мардуми зиёде биёяд.”