Боздошти милитсиа ба гумони қаллобӣ

Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти як корманди Вазорати корҳои дохилии ин кишвар бо иттиҳоми қаллобӣ хабар медиҳад.                                                      
Бар пояи маълумоти Дафтари матбуоти Оҷонси мубориза бо фасод милитсионери Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД Тоҷикистон Мирзоев Амрулло Хайруллоевич бо маслиҳати пешакӣ бо Юсупов Сино Юсупҷонович ва дигарон, моҳи апрели соли 2019 ба боварии шаҳрванд Муродова Дилноза Абдуҷалиловна даромада, аз ӯ барои ҳуҷҷатгузорӣ карда додани 0,07 га. қитъаи замин, аз ҳисоби замини наздиҳавлигии шаҳрванд Одинаев Ғ.Ҷ., маблағи 203000 сомонӣ талаб карда гирифта, онро тасарруф намудаанд. Пеш аз ин Мирзоев, Юсуповро низ бо ҳамин тарзу усул ба миқдори 44000 ва 366925 сомонӣ дастгир карда буданд. Оиди ҳолатҳои мазкур нисбати Мирзоев ва Юсупов С.Ю. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Ҳодисаи боздошти кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ва ришват дар Тоҷикистон нав нест ва тибқи назарсанҷӣ ва омӯзиши афкори ҷамъӣ, ки созмонҳои ғайридавлатӣ доир кардаанд ВКД яке аз ниҳодҳои фосиди ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё дар Душанбе об ҳам “лимит” шудааст?

Сокинони шаҳри Душанбе аз қатъшавии пайдарпайи оби нӯшокӣ шикоят доранд

Дар Лахш як ҷавон бо гумони қаллобӣ боздошт шуд

Кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Лахш як сокини 26-солаи ноҳияро бо гумони қаллобӣ боздошт карданд. Мақомот аз ӯ Маҳмадшарифзода Б. ном бурдааст.

Даргириҳо дар Яман: ҳар ду тараф аз пешрафт дар ҷабҳаҳо хабар медиҳанд

Даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукумати эътирофшудаи Яман ва ҷунбиши Ҳусиҳо дар чанд минтақаи ин кишвар идома дорад.

“Бедор мешавем!”: Рейди беш аз 500 муҳоҷир дар ҷойи хоб

Пулиси Русия субҳи барвақти 5-уми октябр дар чаҳор сохтмон дар ноҳияи Приморскийи шаҳри Санкт-Петербург рейд гузаронида, муҳоҷирони зиёдеро дастгир кардааст.