29.9 C
Dushanbe

Дар муқобили ҷазои ҷамъӣ чӣ бояд кард?

Акс аз dw.com

Ҳафиз Бобоёров, пажӯҳишгари тоҷики муқими Олмон бо нашри матлабе дар саҳифаи фейсбукияш аз равшанфикрон ва фаолони сиёсие, ки дар берун аз кишвар қарор доранд ва ҳукумат ба сабаби фаолияти сиёсияшон наздикони онҳоро таъқибу бозпурсӣ мекунад, даъват намудааст, ки як созмоне ташкил дода шавад то аз ҳуқуқи хешовандони ин фаолон ҳимоят кунад.

Дар муқобили ҷазои ҷамъӣ чӣ бояд кард?Пас аз омӯзишҳо ва таҳқиқоти зиёд ба натиҷа расидам, ки яке аз мушкилоти…

Gepostet von Hafiz Boboyorov am Samstag, 11. Juli 2020

Дар муқобили ҷазои ҷамъӣ чӣ бояд кард?

Пас аз омӯзишҳо ва таҳқиқоти зиёд ба натиҷа расидам, ки яке аз мушкилоти марказӣ, ки дигар мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва ғайраро дар пай хоҳад дошт, ҷазои ҷамъӣ ё худ ҷазои хонавода ва пайвандон ба ҷои худи шахси дигарандеш ва мухолиф ба шумор меравад. Чунин шакли ҷазо аз ҳама бештар дар таърих ва фарҳанги кишварҳо ва мардумони Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла тоҷикон корбурд шуда, таъсиргузор будааст. Он боиси на фақат рукуди сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа, балки фасоду расвоии ахлоқию маънавӣ ва фарҳангӣ низ мегардад. Гузашта аз ин, ҷазои ҷамъӣ хилофи ҳама гуна қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқии мавҷуда мебошад, ки охирӣ ҷавобгариро ба шахси содиркунандаи амал маҳдуд мекунанд. Ҳеч каси дигар набояд ба хотири амалу рафтори дигар кас муҷозот шавад. Ҳеч шахси дигар наметавонад масъули мавқеъ, нуқтаи назар, ақида ва боварии як нафари дигар бошад. Пайванди хешовандӣ, маҳаллӣ, қавмӣ, нажодӣ, динию мазҳабӣ ва монанди инҳо наметавонад далел барои чунин шакли ҷазо бошад.

Бадбахтона, дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон хилофи ин гуна муқаррароти қонунӣ ва ҳуқуқӣ ба мушоҳида мерасад. Гурӯҳҳои гуногун, бахусус ҳукумати мавҷуда аз ҷазои ҷамъӣ ба хотири фишор ва тарс додани дигарандешон ва мухолифони сиёсию идеологии худ истифода мебаранд. Чунин чораҳои саркӯбгарона метавонанд дар кӯтоҳмуддат муассир бошанд, вале дар дарозмуддат боиси афзоиши нобоварӣ, ихтилоф ва эътирози гурӯҳҳои ҷабрдида гардида, ба зарари худи гурӯҳҳои саркӯбгар тамом мешавад.

Шахсони фаъоли ҷомеа, бахусус рӯшанфикрон набояд дар муқобили чунин амалҳои саркӯбгарона хомӯш бимонанд. Маҳкум кардани ин амалҳо зарур, вале кофӣ нест. Балки бархурди ниҳодӣ бояд ба ин падида сурат гирад.

Бо назардошти чунин вазъият, шахсони фаъоли ҷомеаро ба таъсиси созмоне даъват мекунам, ки аз ҳуқуқи шахсони бо роҳи ҷазои ҷамъӣ саркӯбгардида, пеш аз ҳама, падарону модарон, хоҳарону бародарон ва дигар пайвандони мо ҳимоят ва пуштибонӣ кунад.

Бо арзи сипос ва эҳтиром,

Ҳафиз Бобоёров
11 июли соли 2020
Олмон

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аз гуфтушунидҳои сатҳи баланди Амрикову Чин чӣ ҳосил мешавад?

Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп рӯзи 13-уми май бо як ҳайати бузурги сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Чин сафар кард.

Думаи давлатӣ маҳдудиятҳои нав барои муҳоҷирон тасвиб кард

Думаи давлатии Русия рӯзи 13-уми май ду лоиҳаи қонунро дар қироати аввал қабул кард, ки қоидаҳои муҳоҷиратиро дар ин кишвар сахттар мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон пардохтҳо миёни ҳамёнҳои электрониро таҳти назорат мегирад

Мақомоти Тоҷикистон тибқи як лоиҳаи озмоишӣ барои ошкор кардани соҳибкорони инфиродие, ки худро сабти ном накардаанд, назорати интиқолҳои маблағ байни ҳамёнҳои электрониро оғоз мекунад.

Шикояти муҳоҷирони афғон: “Моро аз Тоҷикистон мисли як ҳайвон ронданд”

Маъмурони КДАМ-и Тоҷикистон чанде аз муҳоҷирони афғонистониро, ки дар шаҳри Хуҷанд кору зиндагӣ мекарданд, ихроҷ карданд.