Ба гузориши Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Бонки осёии рушд (БОР) ба Тоҷикистон 105 млн доллар грант барои амалисозии Лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон” кумаки бебозгашт ҷудо кардааст.
Низоми насби суратҳисобҳои барқии пешрафата дар шаҳру навоҳии Душанбе, Панҷикат, Исфарар, Конибодом, Бӯстон ва Данғара ҷорӣ мешавад. Дар ин бора имрӯз дар нишасти хабарӣ муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода хабар дод.
Азия-Плюс бо истинод аз қавли муовини вазири энергетика менависад: “Бо мақсади амалисозии ин лоиҳа БОР ба Тоҷикистон 105 млн доллар маблағ ҷудо мекунад, ки 70 млн доллари он ба тадбирҳои коҳиши талафоти нерӯи барқ, 15 млн доллар – ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва 20 млн доллар – ба дастгирии буҷети давлатӣ сарф мешавад”, – хабар доданд дар нишасти матбуотӣ.
Ҳамзамон Бонки аврупоии таҷдиду рушд низ аз Лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика дар ТҶ” пуштибонӣ намуда, 25 млн доллар бо қарзи имтиёзнод кумак мекардааст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки қарори мазкур бештар ба рӯпӯш намудану мусоидати қарзҳои ҳангуфти “Барқи Тоҷик” нигаронида шудааст. Қарзи ин ширкат то аввали соли ҷорӣ 26 млрд сомонӣ ё беш аз 2,6 млрд доллар расида буд. Дар гузашта ширкати “Барқи Тоҷик” варшикастатарин идора ба ҳисоб мерафт.