23.9 C
Dushanbe

Нишасти вазирони хориҷии “Осиёи Марказӣ – Чин” баргузор шуд

Акс аз сомонаи ВКХ Тоҷикистон

Бо ибтикори Чин 16 июли 2020 якумин нишасти вазирони хориҷии “Осиёи Марказӣ – Чин” дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои мазкур дар ин нишаст дар бораи тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо вируси ҳамагири COVID-19, барқароркунии иқтидори иқтисодӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ қайд кардааст, ки ҳамкории муштарак дар чаҳорчӯби барномаи нави “Чин – Осиёи Марказӣ” ва абзори дигар муҳим арзёбӣ мегардад ва дар рушду тақвияти шарикони стратегии миёни кишварҳои минтақа нақши муҳим мебозад.

Бо ишора ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ бар асари интишори ҳамагирии COVID-19, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамтоёни худ даъват кард, ки барои пешгирии баъдии сирояти коронавирус ва барқарор кардани рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа чораҳои муассир андешида шаванд.

Ӯ аз кишварҳои иштироккунанда даъват ба амал овард, то дар мубориза бо паёмадҳои ҳамагирӣ бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда муттаҳид шаванд. Ӯ барои ёрӣ ва дастгирии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон дар мубориза бо шуюи коронавирус изҳори сипос кард.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин роҷеъ ба ҳамкории кишварҳои минтақа дар соҳаи амният барои сулҳи босубот ва устувор дар Афғонистон аҳаммияти изҳори назар ва таъкид кардааст, ки ин ҳамкориҳо омили калидӣ ҷиҳати таъмини амният дар минтақа маҳсуб ёфта, соири кишварҳо бояд барои барқарорсозии соҳаи иҷтимою иқтисодии ин кишвар таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд.

Лозим ба ёдоварист,ки кишварҳои Осиёи Марказӣ таййи 10 соли ахир бештарини кӯмак ва сармояро аз Чин дарёфт кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Аввалин сафари Аҳмад Шаръ ба Аврупо ва гуфтугӯҳои муҳим бо Макрон

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия пас аз суқути Башор Асад бори аввал аст, ки ба Аврупо даъват мешавад.