17.9 C
Dushanbe

Як тоҷикро дар Русия бо иттиҳоми терроризм ба қатл расонданд

Акс аз навори ҳодиса

Як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Одил Қаюмов, ки барои анҷоми амали террористӣ дар Маскав омодагӣ мегирифт, дар дар шаҳри Химки Русия аз ҷониби мақомоти амниятии ин кишвар кушта шудааст. Дар ин бора хабаргузории “ТАСС” аз қавли манобеаш хабар медиҳад.

Хабаргузории “ТАСС” менависад, “Тибқи маълумоти пешакӣ шаҳрванди Тоҷикистон Одил Қаюмов дар марзи Русия  ба таври қонунӣ ба сар мебурдааст ва ӯ патент – иҷозатнома барои фаъолити меҳнатӣ ҳам доштааст, гуфтааст манбаъ аз мақомоти интизомӣ ба “ТАСС”. Ин манбаъ гуфтааст, ки Қаюмов қаблан мавриди шубҳа ва таҳти назорати мақомоти интизомии Русия низ қарор надошт”.

Дар тафсили ин ҳодиса дар расонаҳо гуфта мешавад,ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар як маҳалле бо гаражҳои холишудаи шаҳри Химки “марди шубҳанокро шинохтанд, ки ҳангоми боздошт аз тири туфанге оташ кушод”. Аз ин мард гӯё автомати АК-74, се норинҷак ва тирдон мусодира шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти Русия баъд аз тафтиши макони зисти Одил Қаюмов маълум гашта, ки ӯ бо аъзоёни ДОИШ дар Сурия робита дошта ва дар фикри таркондани ҷои серодам будааст”. Гӯё ин мард мехостааст ба Сурия барои пайвастан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ биравад ва бародараш мехост пеши роҳи ӯро бигирад. “ТАСС” навиштааст, ки феълан мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда ва дар пайи ҷустуҷӯи шарикони эҳтимолии ин шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп 5 ҳазор сарбози иловагӣ ба Лаҳистон мефиристад

Доналд Трамп изҳор дошт, ки қасд дорад 5 ҳазор сарбози иловагиро ба Лаҳистон (Полша) эъзом кунад.

Вокуниши Шуъбаи маорифи Нуробод ба латтукӯби муаллим дар ин ноҳия

Пас аз тақрибан ду ҳафтаи латтукӯби Раҳмонов Муҳимҷон дар Нуробод, масъулини Шуъбаи маорифи ноҳия ба хабаргирии ин омӯзгор рафтанд.

Таваллуд дар Душанбе ва Бадахшон коҳиш ёфтааст

Ба иттилои мақомоти расмӣ, суръати рушди аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Оғози “рейд”-ҳои навбатӣ бар зидди муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, вилоятҳои Ленинград ва Оренбург барои ошкор кардани қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират "рейд"-ҳои нав оғоз карданд.