7.9 C
Dushanbe

Раиси бозори марказии Шаҳритусро зиндон интизор аст

Акс аз “Asia-Plus”

Сардори раёсати Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон, Садриддинхон Султонзода дар нишасти хабарӣ гуфт, ки нисбати раиси бозори марказии Шаҳритус Насим Каримов бо иттиҳоми “риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор” парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд исрол шудааст.

Харабгузории “Asia-Plus” аз қавли Султонзода менависад:

“Баъд аз сӯхтор мутахассисони мо санҷида, маълум карданд: сӯхтор аз хати барқи иловагии бозор сар задааст, ки барои равшанидиҳӣ ва таъмини яхдонҳо бо барқ кашида шудааст. Дар рафти санҷиш маълум шуд, ки тахминан 10 рӯз қабл сӯхтори хурде рух додааст, вале онро аз мо пинҳон кардаанд. Аз натиҷаи санҷиш нисбат ба сарвари бозор Насим Каримов ва барқчии он Маҳмадулло Давлатов бо моддаи 192 қисми 2 КҶ ҶТ (Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расида, ба суд фиристода шудааст”.

Лозим ба зикр аст, ки дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус 24 майи соли ҷорӣ сӯхтор ба вуқуъ пайваста дуконҳои зиёде аз он сӯхтор ба коми оташ рафт ва зарари он 4 миллон сомонӣ гуфта шуда буд.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Шаҳритус Ғаффор Ҷабборӣ, азнавсозии ин бозорро “Тоҷикматлубот” бар уҳда гирифта, нуқтаҳои савдоро барқарор хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парвози №1: Ҳавопаймои махсуси Эмомалӣ Раҳмон аз Чин баргашт

Cомонаи "flightradar" нишон медиҳад, ки ҳавопаймои махсуси Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми феврал ба Чин парвоз карда, рӯзи 13-уми феврал ба Тоҷикистон баргаштааст.

Додситони кул тирпарронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ аз ҷузъиёти ҳодисаи тирпаронӣ дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфт.

Муносибати Тоҷикистону Чинро кӣ вайрон кардан мехоҳад?

Додситони кулли кишвар иддао дорад, ки бо ҳамла аз хоки Афғонистон мехоҳанд муносибати Тоҷикистону Чинро вайрон кунанд.

Дар соли гузашта 21 мансабдор бо ҷурми тасарруфи амволи давлатӣ боздошт шуданд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти 21 мансабдоре хабар дод, ки дар соли 2025 даст ба дуздии амволи давлатӣ задаанд.